
Эҳёи Лаъзор
Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 11, оятҳои 1-45
"Лаъзор ном шахсе аз аҳли Байт-Ҳинӣ, деҳаи Марям ва хоҳараш Марто, бемор буд... Ва хоҳарон ба Ӯ кас фиристода, гуфтанд: "Эй Хоҷа! Инак, он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст". Чун Исо шунид, гуфт: "Ин беморӣ барои марг нест, балки барои ҷалоли Худост, то Писари Худо ба воситаи он ҷалол ёбад".
Лаъзор, бародари Марто ва Марям аз Байт-Ҳинӣ, сахт бемор шуд. Хоҳаронаш метарсиданд, ки ӯ мемурад, аз ҳамин сабаб кас фиристода ба Исо хабар доданд:
– Худовандо! Дӯстат сахт бемор аст.
Худованд медонист, ки сухан дар бораи кӣ меравад, аммо ташвиш намекашид. Ӯ ҷавоб дод:
– Ин беморӣ на барои марг, балки барои ҷалоли Худост!
Ӯ дар он ҷое ки хабари бемор шудани Лаъзорро шунида буд, боз ду рӯз бо шогирдонаш монд, ва баъд гуфт:
– Биёд меравем! Лаъзор хобидааст, аммо Ман меравам, то ӯро бедор кунам.
Шогирдон дудила буданд, аммо Исо гуфт:
– Лаъзор мурдааст! Аммо Ман барои шумо шод ҳастам, ки дар он ҷо набудам, – ҳамин тавр шумо зудтар имон меоваред. Биёд назди ӯ меравем!
Ҳангоме ки Худованд ба Байт-Ҳинӣ омад, Лаъзор аллакай чор рӯз инҷониб дар қабр буд. Дар деҳа одамони бисёре ҷамъ шуда буданд, чунки бисёр яҳудиён аз Ерусалим ва атрофи он омаданд, то ки Марто ва Марямро тасалло диҳанд.
Марто шунид, ки Исо аллакай ба деҳа наздик омадааст, ва ба пешвози Ӯ баромад. Марям бошад дар хона монд.
Бо Исо вохӯрда, Марто ба Ӯ гуфт:
– Худовандо! Агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд. Аммо медонам, ки ҳар чӣ аз Худо дархост намоӣ, Ӯ ба Ту медиҳад!
Исо ҷавоб дод:
– Бародарат эҳё мешавад!
– Медонам, ки дар охири замонҳо, дар рӯзи доварӣ эҳё мешавад,– гуфт Марто.
Исо ба ӯ гуфт:
– Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам. Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, то абад намемурад. Оё ба ин бовар мекунӣ?
– Ҳа, Худовандо! Бовар мекунам, ки Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ, Он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд, – ҷавоб дод зан ва ба сӯи хонааш давид, то ба хоҳараш хабар диҳад, ки Исо омадааст ва ӯро интизор аст.
Марям суханони хоҳарашро шунида, зуд бархест ва давида ба назди Исо рафт. Ӯ назди пойҳои Исо афтида зор-зор гиря кард. Ҳангоме Исо дид, ки ҳама ғамгин ҳастанд, бо изтироб пурсид, ки мурдаро ба куҷо гузоштаанд. Ба Ӯ нишон додаанд. Наздик омада, Исо гиря кард ва фармуд, ки сангро аз даромадгоҳи ғоре ки Лаъзорро дар он гузошта буданд, гиранд. Якчанд одам сангро як сӯ ғелонданд. Худованд бошад чашмонашро боло бардошт ва гуфт:
– Эй Падар! Туро шукр мегӯям, ки Маро шунидӣ. – Ва бо овози баланд гуфт:
– Лаъзор! Берун баро!
Мурда баромад. Дастону пойҳояш кафан печ ва рӯяш бо рӯймоле баста буд. Исо фармуд:
– Ӯро кушоед, бигузор равад!
Бисёр яҳудиён, ки ин муъҷизаи бузургро диданд, ба Худованд Исо имон оварданд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволКадоме аз хоҳарони Лаъзор аз деҳа баромад, то ки Исоро пешвоз гирад? Ӯ чӣ гуфт?
Худованд чиро дар назар дошт, ҳангоме гуфт: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам»?
Муъҷиза чӣ тавр рӯй дод?