
Исо кӯдаконро баракат медиҳад
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 18, оятҳои 15-17
"Кӯдакони ширмакро низ назди Ӯ меоварданд, то ба онҳо даст расонад. Шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ шуданд. Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт:
"Кӯдаконро гузоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Худо аз они чунин касон аст".
Ин дар яке аз рӯзҳое буд, ки Исоро мардуми зиёде иҳота карда буданд. Ӯ ба онҳо дар бораи Худо ва Подшоҳии Худо гап мезад, бо китобдонон, ки саволҳои ҳилагарона медоданд, баҳс мекард, миқдори зиёди беморонро шифо медод. Дар гирди ӯ издиҳоми калон ҷамъ шуда буд. Аммо ҳамин вақт ба назди Исо боз як гурӯҳи мардон ва занҳо бо кӯдакон равона шуданд.
– Каме сабр кунед, – гуфт ба онҳо касе аз издиҳом, – шумо ба куҷо гузаштанӣ ҳастед?
– Ба назди Исо, – ҷавоб дод як зан, – бигузор Ӯ кӯдакони моро баракат диҳад.
– Кӯдакон! –нидо кард яке аз истода- гон. – Магар Исо дигар корҳои муҳим надорад , кибо кӯдакон машғул шавад?! Магар шумо намебинед, ки дар он ҷо беморон интизори шифо мебошанд? Магар шумо намешунавед, ки Ӯ дар бораи Подшоҳии Худо чизҳои ҷиддӣ ва муҳим мегӯяд? Аммо шумо бо кӯдакон, ҳатто бо тифлони ширмак омадаед, ки оид ба ин масъалаҳо ҳеҷ чизро намефаҳманд!
– Ҳама чизро фаҳмидани кӯдакон зарур нест, аммо онҳо метавонанд фаҳманд, ки Худо онҳоро дӯст медорад. Ва аз ҳамин сабаб ман мехоҳам аз Исо хоҳиш кунам, ки Ӯ...
– Ӯ вақти Худро барои кӯдакон сарф намекунад-ку?!
– Илтимос, моро роҳ диҳед!
Баҳсу мунозира сар шуд. Исо ба баҳскунандагон диққат дода, гуфт:
– Кӯдаконро роҳ диҳед, ки назди Ман биёянд! Подшоҳии Худо ба онҳо тааллуқ дорад!
Шогирдон бо ҳайрат ба Исо нигоҳ карданд. Волидон бо кӯдакон хурсанд шуданд ва аз байни издиҳом гузашта, назди Исо омаданд. Шогирдон наздиктар омаданд, то бинанд, ки баъд чӣ мешавад.
Ба онҳо муроҷиат намуда, Исо гуфт:
– Ба Ман бовар кунед, ҳар касе ки Подшоҳии Худоро ҳамчун кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад! Касе ки муҳаббати Худоро бо боварии кӯдакона қабул намекунад, вориси он намешавад.
Баъд Исо бо навбат кӯдакони хурдсолро ба даст гирифта, баракат додан гирифт, ва ба кӯдакони калонсолтар даст гузошта, баракат дод.
Саволҳо барои муҳокима
2 саволЧаро шогирдон кӯдаконро назди Исо роҳ додан намехостанд?
Худованд чиро дар назар дошт, ҳангоме гуфт, ки Подшоҳии Осмон ба кӯдакон тааллуқ дорад?