
Масал дар бораи писари гумшуда
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 15, оятҳои 11-32
Боз гуфт: "Шахсе ду писар дошт; ва хурдии онҳо ба падар гуфт: "Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман деҳ". Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард. Пас аз чанд рӯз писари хурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии худро дар айшу нӯш исроф намуд. Ҳангоме ки ҳамаашро сарф кард, гуруснагии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд… Он гоҳ ӯ ба худ омада, гуфт…Бархеста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: "Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам..." Ва ӯ бархеста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид... падар гуфт: "Зеро ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд..."
Исо ба фарисиён боз як ҳикоятро нақл кард. Як шахс ду писар дошт. Онҳо аллакай ба воя расида буданд ваба падар дар корҳои рӯзғор ёрӣ додан метавонистанд.
Писари калонӣ ҳақиқатан мадад мерасонд, агарчи наҳамеша бо хоҳиши зиёд. Аммо бо писари хурдӣ чунин шуд: доимо гӯш кардани дастурҳо ва насиҳатҳои падар ба дили ӯ зад, ва ӯ ба хулосае омад, ки беҳтараш алоҳида зиндагӣ кунад ва худаш қарорҳо қабул намояд.
Ва инак боре ӯ назди падар омад ва гуфт:
– Падар, ҳангоме ки ту мемурӣ, ман, чун писари ту, бояд ҳиссаи худро аз мероси ту гирам. Аммо ман намехоҳам то марги ту интизор шавам, ман мехоҳам ҳозир ҳиссаи худро гирам, то ки барои ҳаловати худ зиндагӣ карда тавонам. Охир як қисми дороии ту ба ҳар ҳол ягон вақт аз они ман мешавад-ку.
Ин суханон падарро хеле ғамгин карданд. Ӯ медонист, ки писар пулро гирифта, эҳтимол,аз хонаи падар меравад. Аммо ӯ интихоби писарашро қабул намуд ва ӯро маҷбур накард, ки дар хона монад. Аз ҳамин сабаб ӯ ба писараш ҳиссаи меросашро дод. Писари хурдӣ ба кишвари дурдаст рафта, дар он ҷо хонаи гаронбаҳо ёфт, либоси зебо харид ва пули зиёдро ба хӯрданӣ ва дилхушиҳо сарф кардан гирифт.
Ба зудӣ атрофиён диданд, ки ӯ сарватманд аст ва бо ин фахр мекунад. Ҷавонписарон ва духтароне ёфт шуданд, ки доимо дар назди ин ҷавони сарватманд давр мезаданд, чунки ӯ пули хароҷотҳои онҳоро медод. Ҷавон гумон мекард, ки ӯ дӯстонро пайдо кардааст. Аммо онҳо дӯстони ҳақиқӣ набуданд, балки ӯро фақат ҳамчун сарчашмаи пул истифода мебурданд.
Чунин ҳаёт ба ҷавон ҳаловати зиёд меовард. Ӯ сайру саёҳат мекард, ба бисёр тарабхонаҳо мерафт, дилхушӣ мекард ва ҳама кори мехостаашро мекард.
Ӯ хонаи падарро ба ёд намеовард.
Ҳаёти пур аз дилхушиҳо ҷавонро чунон фаро гирифта буд, ки ӯ пай намебурд, ки ҳар рӯз пули ӯ торафт камтар мешавад.
Боре, ҳангоме ки боз ҳам лозим меомад, ки пули базми гаронбаҳоро диҳад, ки дар он бисёр меҳмонон буданд, ӯ фаҳмид, ки пул намерасад.
– Пули ман тамом шуаааст, – гуфт ӯ, – шумо бояд ба ман ёрӣ диҳед! Охир шумо дӯстони ман ҳастед!
– Дӯстон? – эътироз намуданд онҳо. – Мо дӯстони касоне нестем, ки меҳмононро даъват мекунад ва баъд пули зиёфатро дода наметавонад. Хайр, хуш бош! – Ва бо ин суханон онҳо ӯро тарк карданд.
Ӯ бояд чӣ кор мекард? Пули охиринро ба соҳиби тарабхона додан даркор шуд, ки баъд ӯро пеш кард.
Дар чунин ҳолат ҷавон оворагардӣ мекард ва ба зудӣ фаҳмид, ки мӯҳтоҷӣ чист. Дар он кишварон вақт қаҳтӣ ва гуруснагии сахт рӯй дод. Аз ҳамин сабаб ҳеҷ кас намехост ба ӯ ҳатто каме хӯрданӣ диҳад. Ӯ барои худ кор ҳам ёфта наметавонист.
Дар ниҳояти корпас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ӯ бо яке аз сокинони маҳаллӣ маслиҳат кард, ки дар ивази музди ночиз хукбонӣ мекунад. Пештар ҷавон ҳатто гуфтугӯро дар ин мавзӯъ таҳқиромез меҳисобид, аммо акнун ғурури ӯ ба охир расида буд. Шикамаш холӣ буд. Ӯ тайёр буд аз хӯроки хукҳо хӯрад, аммо соҳиби хукҳо инро ба ӯ манъ кард. Ва инак ӯ дар байни хукҳо буд – чиркин, либосҳояш дарида, гурусна ва ҳақир. Бори аввал дар давоми ин муддати зиёд ҷавон хонаи падарро ба ёд овард.
"Ман то чӣ андоза аҳмақона рафтор намудам, – фикр мекард ӯ. – Кошкӣ ман дар хона мемондам! Хизматгороне ки дар мулки падарам кор мекунанд, аз ман беҳтар зиндагӣ мекунанд".
"Ман медонам чӣ кунам, – ногоҳ қарор дод ӯ. – Ман ба хона бармегардам. Албатта, ман наметавонам интизори он бошам, ки падар боз ба ман чун ба писар муносибат кунад. Эҳтимол, падар акнун ба ман тамоман меҳр надошта бошад. Аммо, шояд ӯ ба ман раҳм карда, имкон медиҳад, ки ҳамчун хизматгор дар ивази музди муқаррарӣ кор кунам?"
Роҳ ба сӯи хона хеле тӯлонӣ метофт. Аммо инак аз дуро дур хонаи падар намоён шуд. Ҷавон бозистод. Барои тай намудани қисми охирини роҳқуввати ӯ қариб тамом шуда буд, ва ғайр аз ин, ӯ боварӣ надошт, ки оё ҷуръат мекунад дар назди падар ҳозир шавад.
Аммо ҳамин вақт ӯ касеро дид, киба пешвози ӯ медавид. Ӯ чашмонашро нимпӯш карда, бо диққат ба дуродур нигарист. Он шахс падари ӯ буд!
Пирамард дастонашро ҷунбонда бо хурсандии пурҳаяҷон чизе мегуфт. Наход падар аз бозгаштани ӯ хурсанд бошад? Ӯ ба ин бовар кардан наметавонист.
Наход падар аз ӯ хашмгин набошад, наход чун пештара ӯро дӯст медошта бошад?!
Падар писарашро сахт оғӯш кард ва бӯсид. Баъд ҳар ду ба хона равона шуданд. Дар он ҷо падар ба хизматгорон фармуд:
– Ба писари ман либоси беҳтаринро биёред! Ва гӯсолаи беҳтаринро кушед! Мо базм ташкил мекунем! Писари ман мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд!
Саволҳо барои муҳокима
3 саволИсо ба фарисиён кадом ҳикоятро нақл кард?
Аз ин масал чӣ дарси ибрат гирифтан мумкин аст?
Падар ва писари хурдӣ дар ин масал ба шумо киро ёдрас мекунанд?