Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда

Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 15, оятҳои 3-7

"Ва Ӯ (Исо) ба онҳо ин масалро гуфт: "Кист аз шумо, ки сад гӯсфанд дошта бошад ва чун яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нӯҳро дар саҳро гузошта, аз пайи он гумшуда наравад, то онро ёбад? Ва чун ёфт, бо шодӣ онро бар китфи худ мегузорад... Ба шумо мегӯям: дар осмон барои як гуноҳкоре ки

тавба мекунад, шодӣ зиёдтар мешавад, аз он ки барои наваду нӯҳ росткоре ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд".

Боре Исо ба китобдонон ва фарисиён чунин ҳикоятро нақл кард.

Як чӯпон ҳамеша гӯсфандашро хуб нигаҳбонӣ мекард. Ӯ сад гӯсфанд дошт, ва ӯ назорат менамуд, ки ҳеҷ кадоми онҳо аз рама ақиб монда, гум нашавад. Ҳа, ӯ чӯпони хуб буд, гӯсфандонашро дӯст медошт ва ҳама корро мекард, то ки дар охири рӯзи дароз онҳо осеб надида, сер шуда ба хона баргарданд. Аммо боре бегоҳӣ ҳангоми ҳисоб кардан маълум шуд, ки дар рама наваду нӯҳ гӯсфанд ҳаст.

Чӯпон бори дигар ҳисоб кард– боз наваду нӯҳ! Маълум мешавад, ки як гӯсфанд гум шудааст – ё ба ҷарӣ афтодааст, ё шояд, гург ӯро хӯрдааст? Онро зуд ёфтан даркор аст!

Ӯ бори дигар рамаашро аз назар гузаронд ва фаҳмид, ки як барраи хурдакак нест – ҳамоне ки дар бинияш доғи сиёҳ дошт.

Ӯ боварӣ ҳосил намуд, ки дарвоза хуб маҳкам карда шудааст, ва ба ҷустуҷӯ шитофт.

Албатта, ӯ хеле ташвиш мекашид, ки наваду нӯҳ гӯсфанд бе назорат мондаанд, аммо ӯ наметавонист таъхир кунад, охир ҳар лаҳза ба барраи гумшуда хатари марговар таҳдид мекард.

Ӯ бо изтироб чунон зуд медавид, ки ҳангоми ба кӯҳҳо расидан тамоман беҳол шуд. Аммо набояд осуда мешуд – ҷустуҷӯ акнун сар шуда буд. Гоҳ-гоҳ ӯ истода, бо овози баланд барраашро ҷеғ мезад ва бо диққат гӯш мекард, ки оё дар ҷавоб маоси барраашро мешунавад ё не. Аммо теппаҳои атроф фақат бо акси садо ҷавоб медоданд…

Кошки барра ба ҷарӣ наафтода бошад! Ба теппаҳо баромада, чӯпон гаштаву баргашта барраашро ҷеғ мезад.

– Бэ-э-э-э! –дар ҷавоб маоси базӯр шунидашаванда шунида шуд.

Дили чӯпон, ки аз давидан сахт метапид, аз хурсандӣ қариб ҷаста аз сандуқи сина мебаромад. Барраи ӯ зинда аст!

Ӯ ба он самте ки маоси барра шунида мешуд, шитофт, ва барраи гумшударо ёфт! Барра дар тарқиши хурде дар лаби ҷарӣ буд, ва на ба пеш ҳаракат карда метавонист, на ба ақиб.

Чӯпон нигоҳ кард, ки оё дар он ҷо ягон пайраҳа нест, ки бо он то барра рафта расидан мумкин бошад. Хатарнок, аммо мумкин аст – ба хулоса омад ӯ. Чӯпон бо эҳтиёт поён фаромада, барраро ба китфонаш гирифт ва бо эҳтиёт боло баромад. Ӯ хеле хурсанд буд! Ва аз рӯи он ки чӣ тавр барра худро ба гардани ӯ ҷафс карда буд, пай бурдан мумкин буд, ки вай ҳам барои наҷот ёфтани худ хурсанд аст.

Ҳамин тавр Худо одамонеро меҷӯяд, ки аз Ӯ дур шудаанд, – нақли Худро хулоса кард Исо. – Бовар кунед, дар осмонҳо ҳам барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар мешавад, нисбат ба он ки барои наваду нӯҳ росткоре ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Исо ба фарисиён кадом ҳикоятро (масалро) нақл кард?

  2. Дар ин ҳикоят чӣ чиз бештар дар ёдатон монд?

  3. «Тавба кардан» чӣ маъно дорад?

73. Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда00:00 / 05:19