
Исо дар Байт-ҳинӣ
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 10, оятҳои 38-42
"Ва ҳангоме ки мерафтанд, Ӯ ба деҳае даромад, ва зане ки Марто ном дошт, Ӯро дар хонаи худ пазироӣ намуд. Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, суханони Ӯро гӯш мекард".
Ҳангоме ки Исо ба Уршалим меомад, Ӯ бисёр вақт ба деҳаи Байт-Ҳинӣ, ки дар масофаи якчанд километр аз шаҳр буд, мерафт. Дар он ҷо Ӯ дар хонаи пайравон ва дӯстони худ: Марям, Марто ва бародари онҳо Лаъзор мемонд.
Ва инак боре ҳангоме ки Исо боз ба он ҷо омад, Марям нишаста суханони Ӯро гӯш мекард, ва Марто бо тайёр кардани зиёфати калон машғул буд. Пас аз муддате Марто назди Исо омад ва норозиёна гуфт:
– Худовандо! Ба фикри ту, магар хуб аст, ки хоҳарам тамоми ташвиши хонаро ба ман вогузоштааст? Ба ӯ бигӯ, ки ба ман ёрӣ диҳад!
Лекин Исо ӯро меҳрубонона сарзаниш карда, гуфт:
– Марто! Марто! Ту дар бораи бисёр чизҳо ғамхорӣ мекунӣ, аммо фақат як чиз даркор аст! Марям ҳиссаи беҳтареро интихоб намуд, ва ин аз ӯ гирифта намешавад.
Устод чиро дар назар дошт? Ӯ мехост ба Марто ва ба ҳамаи дигар одамон гӯяд, ки ба чизҳои дуюмдараҷа диққати зиёд додан намеарзад. Марто, ба монанди Марям, бояд он чизро фаҳмад, ки ғизои рӯҳонӣ нисбат ба ғизои моддӣ хеле муҳимтар аст. Ҳиссаи беҳтар – имон ба Исои Масеҳро – аз ҳеҷ кас кашида гирифтан имкон надорад, дар ҳоле киҳаёти заминӣ дер ё зудба охир мерасад. Албатта, ин маънои онро надорад, ки дар хусуси ҳаёти заминӣ умуман ғамхорӣ кардан даркор нест. Ҳамаи одамон ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои худро доранд! Аммо ин ташвишҳо набояд бар ҳаёти рӯҳонии шахс афзалият пайдо кунанд, чунон ки дар мавриди Марто буд. Барои ӯ зиёфати калон дар он вақт нисбат ба суханони Наҷотдиҳанда муҳимтар буданд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволИсо ҳангоми ба Уршалим омадан бисёр вақт ба куҷо мерафт?
Марто чиро фаромӯш кард, ҳангоме ки бо ҷидду ҷаҳд бо тайёр кардани хӯрок машғул буд?
Чаро Исо Марямро ба мадади Марто нафиристод?