
Масал дар бораи сомарии некдил
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 10, оятҳои 25-37
"Ва инак, як шариатдон бархест ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфт: "Эй Устод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти абадӣ шавам?" Ба вай гуфт: "Дар Таврот чӣ навишта шудааст? Ва ту чӣ тавр мехонӣ?" Дар ҷавоб гуфт: "Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми қувват ва бо тамоми ҳуши худ дӯст дор, ва ёратро монанди худат дӯст дор". Ба вай гуфт: "Дуруст ҷавоб додӣ; чунин кун, то ки ҳаёт дошта бошӣ". Вале вай, ки мехост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: "Пас ёри ман кист?"
Боре ба назди Исо шахсе омад, ки Навиштаи Муқаддасро хеле хуб медонист. Чунин одамонро он вақт шариатдонон меномиданд, яъне донандагони Шариати Худо. Ӯ ба Устод саволе дод, аммо на аз он сабаб ки барои наҷоти ҷони худ ғамхорӣ мекард, балки Ӯро озмуданӣ буд. «Агар Исо ба ин савол ҷавоб диҳад, – фикр мекард шариатдон, – ман метавонам ба хатои Ӯ ишора намоям».
– Эй Устод, – муроҷиат намуд ӯ бо эҳтироми риёкорона, – ман чӣ кунам, то ки аз Худо ҳаёти абадиро ба даст оварам?
Дар ҷавоб Исо аз ӯ пурсид:
– Дар Навишта чӣ навишта шудааст?
Акнун ба шариатдони ҳилагар аллакай лозим омад, ки худаш ҷавоб диҳад:
– Дар он навишта шудааст, ки Худоро ва ёри худро бо тамоми дили худдӯст доштан даркор аст.
– Дуруст, – розӣ шуд Исо, – ҳамин тавр бикун ва ҳаёти абадӣ ба даст меоварӣ.
Шариатдон шитобон гуфт:
– Ҳа, ман инро медонам. Аммо ҳамин ёр, ки Ту дар бораи ӯ мегӯӣ, кист?
– Ман ба ту ҳикоятеро нақл мекунам, – ҷавоб дод Исо.
– Шахсе аз Уршалим ба Ериҳӯ мерафт. Роҳи ӯ аз маҳалҳои беодам мегузашт, ки дар он ҷо бисёр вақт ғоратгарон мусофиронро поида меистоданд. Он шахсро дида, онҳо аз паси харсанг давида баромаданд ва ба ӯ дарафтоданд. Ғоратгарон ӯро лату кӯб карда, ҳамаи он чиро ки дошт, гирифтанд ва ғайб заданд. Ӯро, ки аз зарби лат захмдоршуда буд, дар роҳ партофта рафтанд.
Пас аз муддате аз он ҷо коҳине мегузашт. Шахси захмдорро, ки дар роҳ ғелида буд, дида, ӯ зуд рӯяшро гардонд. Коҳин нахост ба ӯ ёрӣ диҳад.
Дертар як шахси дигар, левизода (ходими ибодатгоҳ) аз ин роҳ мегузашт. Аз пеши захмдор гузашта, левизода чунон рафтор намуд, ки роҳгузари якум, яъне коҳин рафтор намуда буд – ӯ наистода,зуд гузашта рафт.
Ниҳоят, шахси сеюм бо хари худ аз он ҷо мегузашт. Ӯ накоҳин буд, на левизода ва ҳатто бахалқи Исроил тааллуқ надошт. Ӯ сомарӣ буд, яъне сокини вилояти Сомария. Аксарияти исроилиён ба сомариён бо нафрат муносибат менамуданд, зеро чунин меҳисобиданд, ки сомариён Худоро нодуруст парастиш мекунанд. Аз ҳамин сабаб он бадбахти захмдор ҳеҷ умед баста наметавонист, ки ин сомарӣ ба ӯ ёрӣ медиҳад. Аммо сомарӣ шахси захмдорро дида, ба ҳолаш раҳм намуд. Ӯ захмҳои он бечораро баста, вайро бо эҳтиёт ба хараш бор кард ва тамоми роҳ боэҳтиёт дастгирӣ менамуд, то даме ки онҳо ба меҳмонхона расиданд. Сомарӣ музди ҳуҷраро барои он захмдор дода, вайро бо ҷои хоб таъмин намуд.
Пагоҳии рӯзи дигар, ҳангоми хайрухуш кардан, ӯ ба соҳиби меҳмонхона пул дода,гуфт:
– Дар ҳаққи ӯ ғамхорӣ намо. Агар ин пулкамӣ кунад, ман ҳангоми бозгашт ҳамаи он чиро, ки ту сарф кардӣ, ба ту медиҳам.
– Пас кӣ ёри ин шахси ҷабрдида буд? – пурсид Исо.
Ба ин савол ҷавоб додан душвор набуд.
– Албатта, ҳамон касе ки ба ӯ мадад расонд, – гуфт шариатдон.
– Дуруст, – розӣ шуд Исо, – ту ҳам чунин бикун!
Саволҳо барои муҳокима
3 саволКӣ бо саволе ба Исо муроҷиат намуд? Ӯ чиро пурсид?
Исо кадом масалро нақл намуд?
Ёри мо кист?