Исо бар об қадам мезанад

Исо бар об қадам мезанад

Китоби Муқаддас, Инҷили Марқус, боби 6, оятҳои 46-56

“Ва чун онҳоро (шогирдонашро) рухсати рафтан дод, барои дуо гуфтан ба кӯҳе баромад. Шомгоҳон киштӣ ба миёнаи кӯл расида буд, ва Ӯ танҳо бар хушкӣ буд. Ва онҳоро дар рондани киштӣ беҳол дид, чунки боди мухолиф мевазид. Тахминан поси чоруми шаб бар кӯл қадам зада, назди онҳо омад... Онҳо чун Ӯро диданд, ки бар кӯл қадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарёд заданд... Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт:

«Хотирҷамъ бошед; ин Манам, натарсед». Ва назди онҳо ба киштӣ даромад; ва бод ором шуд”.

Шаб фаро расид. Киштӣ бо шогирдон дар баҳри Ҷалил шино мекард. Исо бо онҳо набуд. Ӯ дар болои кӯҳ дар танҳоӣ дуо мегуфт. Шогирдон аллакай на камтар аз як соат ин ҷониб бел мезаданд. Тамоми қувваро ба кор андохтан лозим меомад, чунки шамоли хеле сахт бархест. Киштиро мавҷҳо алвонҷ медоданд, хатар зиёдтар мешуд, аммо онҳо бояд то Капарнаҳум рафта мерасиданд. Исо ба онҳо фармуд, ки ба он ҷо равона шаванд. Худи Ӯ ваъда дод, ки дертар меояд.

Шогирдон хеле кӯшиш карданд, ки ба соҳил расанд, аммо муваффақ нашуданд – киштиро шамоли сахт сӯи дигар мегардонд… Шамол беҳад сахт буд, ва онҳо беҳад беқувват, то ки ба он муқобилат кунанд.

Ногоҳ шогирдон нуқтаи дурахшонро диданд. Он дар рӯи об ҳаракат карда, ба киштӣ наздик мешуд. Масофа ҳар қадар камтар шавад, ҳамон қадар равшантар онҳо медиданд, ки ин одам буд. Касе аз шогирдон аз тарс дод зад. Одаме бар рӯи об роҳ меравад! Чунин буда наметавонад!

Он чи ҳозир ба онҳо наздик меомад, шабаҳ ё дигар ягон чизи нофаҳмо ва даҳшатовар буда метавонист!

Акнун онҳо метавонистанд возеҳу равшан бинанд, ки чӣ тавр он одам – агар ӯ одам бошад – дастонашро ба даҳонаш чун карнай гузошт, то ки овозаш хуб шунида шавад, чунки овози шамол дигар овозҳоро пахш мекард, ва бо овози баланд гуфт:

– Натарсед, ин Манам!

Ин Исо буд, Устоди онҳо! Онҳо дарҳол Ӯро аз овозаш шинохтанд. Дили онҳо осуда шуд. Шогирдон нафаси сабук кашиданд ва интизор шуданд, то даме ки Ӯ ба киштӣ наздик шавад. Фақат яке аз онҳо намехост сабр кунад. Петрус шахси бетоқат буд. Ва, ғайр аз ин, ӯ Исоро чунон дӯст медошт, ки бо хушнудӣ ба пешвози Ӯ давиданӣ буд, то ки аввалин шуда Ӯро вохӯрад. Аммо ин ғайриимкон буд.

«Аммо чаро не? – фикр кард Петрус. – Агар Исо бар рӯи об қадам мезада бошад, пас ман ҳам метавонам. Албатта, на худам, балки бо мадади Ӯ».

Ҳамин ки ин фикр ба сараш омад, ӯ фарёд зад:

– Худовандо, агар ин Туӣ, ба ман бифармо, ки ман бар рӯи об назди Ту биёям!

Исо гуфт:

– Биё!

Петрус аз киштӣ ба берун қадам гузошт ва як пояш ба сатҳи об расид.Об ба вазни ӯ тоб овард, мисли он ки он замини сахт бошад. Ӯ пои дигарашро ба об гузошт ва роҳ рафт.

Ӯ бар рӯи об қадам мезад! Масофато Исо торафт камтар мешуд. Ногоҳ Петрус мавҷҳои беандоза баландро дид, ки рост сӯи ӯ меомаданд. Онҳо кафк карда, рост ба пеши пойҳои ӯ омада расиданд. Петрус акнун ба Исо наменигарист – диққати ӯ ба мавҷҳо равона шуда буд. Ва ҳамин вақтӯ тарсид. Оё ӯ бар мавҷҳо, чун бар сатҳи ҳамвори об истода метавонад? Ва дар ин лаҳза ба ғарқ шудан сар карда, дод зад:

– Худовандо,маро наҷот деҳ!

Исо аллакай дар назди ӯ буд. Ӯ дасташро дароз кард ва Петрусро маҳкам дошта ба боло кашид.

– Эй сустимон! Чаро ту шубҳа кардӣ? – пурсид Ӯ.

Петрус наҷот ёфт, аммо ӯро на қувваи имонаш, балки, Исои Масеҳ, Писари Худо наҷот дод.

Дар ин вақт шогирдони дигар наздиктар шино карда омаданд. Исо ва Петрус ба киштӣ даромаданд. Ва ҳайратовар он буд, ки дар ин лаҳза шамол ором шуд. Киштӣ оҳиста дар мавҷҳо алвонҷ мехӯрд. Воқеаҳои рӯйдода ба шогирдон он қадар таъсир расонданд, ки онҳо омада, ба Исо таъзим карданд, чунон ки дар он вақт ба подшоҳон таъзим мекарданд, ва гуфтанд:

– Исо, ҳақиқатан Ту Писари Худо ҳастӣ!

Дар ин шаб онҳо бори дигар возеҳу равшан фаҳмиданд, ки бе мадади Исо онҳо метавонистан ҳалок шаванд.

Саволҳо барои муҳокима

4 савол
  1. Шогирдон шабона ба куҷо равона буданд? Чаро Исо бо онҳо набуд?

  2. Дар баҳр чӣ рӯй дод? Чӣ чиз шогирдон роҳангоми сафари баҳрӣ ин қадар тарсонд?

  3. Чӣ тавр Худованд бар рӯи об қадам зада метавонист?

  4. Чаро Петрус ногоҳ ғарқ шудан гирифт?

70. Исо бар об қадам мезанад00:00 / 07:32