Сер шудани панҷ ҳазор кас

Сер шудани панҷ ҳазор кас

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 9, оятҳои 10-17

“Ва Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, онҳоро баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд. Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карданд”.

Тамоми рӯз Исо бо халқ сӯҳбат мекард. Дар байни шунавандагони ӯ фақат мардон панҷ ҳазор кас буданд ва ҳамин қадари дигар занҳо ва кӯдакон. Исо натанҳо мавъиза мекард, балки ҳамчунин беморонро, ки назди Ӯ меомаданд, шифо медод.

Ҳангоме ки рӯз бегоҳ шудан гирифт, шогирдон ба Исо гуфтанд:

– Устод, одамон бояд ягон чиз хӯранд.

Исо дар ҷавоб табассум намуда гуфт: Шумо ба онҳо хӯрданӣ диҳед!

– Аммо аз куҷо барои ин миқдор одамон хӯрданӣ ёбем? Мо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем, – гуфт Филиппус. – Ин ҷо маҳалли би- ёбонӣ аст. Илова ба ин, мо пули кам дорем.

Исо гуфт:

– Ба ҳар ҳол, онҳоро он ҷо биёред!

Исо нонҳоро гирифта, барои онҳо Худоро шукргузорӣ намуд ва аз Ӯ баракат хост. Баъд нонро шикаста дар сабадҳое ки шогирдон дар даст доштанд, гузоштан гирифт. Бо моҳиён низ ҳамин тавр кард.

Шогирдон чашмонашонро молиданд. Агар як сабад бо нон ва моҳӣ мебуд, ҳанӯз ҳеҷ гап намебуд. Аммо акнун ҳамаи сабадҳо аз хӯрданӣ пур буданд! Ва ҳангоме ки онҳо назди одамоне ки гурӯҳ- гурӯҳ бар алаф нишаста буданд, рафта нон ва моҳиро тақсим кардан гирифтанд, хӯрданӣ дар сабадҳо қариб кам намешуд. Он барои ҳама кифоя буд! Ҳар кас то сер шудан хӯрок хӯрд.

Ин Исо чӣ гуна Одам аст? Аз куҷо Ӯ қувват дорад, ки чунин амалҳои олидараҷаро ба ҷо оварад?

– Аз назди ҳар як гурӯҳи одамон гузашта, он чиро, ки боқӣ мондааст, ҷамъ кунед. Ҳеҷ чиз набояд ҳайф шавад, – гуфт Исо ба шогирдаш.

Ҳангоме ки онҳо баргаштанд, дар дасти ҳар кадоми онҳо сабади пур аз боқимондаҳои хӯрок буд. Фақат он чи одамон хӯрда натавонистанд, чунки ҳама сер шуданд, хеле бештар аз он панҷ нон ва ду моҳӣ буд, ки онҳо дар ибтидо доштанд!

Одамон аз муъҷизае ки дар пеши назари онҳо рӯй дод, ҳайрон шуда, мегуфтанд:

– Ин ҳақиқатан ҳамон Пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд.

Аммо, мутаассифона, дар байни панҷ ҳазор одам касоне буданд,

ки мақсади Исоро ҳеҷ фаҳмидан наметавонистанд. Онҳо фикр мекарданд: «Агар Исо ба ин осонӣ хӯрок ба даст меоварда бошад, акнун зарур нест, ки барои ба даст овардани хӯрданӣ кор кунем. Биёед Ӯро подшоҳ мекунем, ва бигузор Ӯ дар хусуси ҳамаи эҳтиёҷоти мо ғамхорӣ кунад».

Исо дар бораи ин хоҳиши одамон медонист, аммо Ӯ охир на барои он ба ҷаҳон омад, ки подшоҳи заминӣ шавад. Аз ҳамин сабаб Исо бошитоб ин маҳалро тарк карда, аз пеши издиҳом ба кӯҳ рафт, то кидар он ҷо дар танҳоӣ дуо гӯяд.

Одамон хона ба хона рафтанд. Баъзеи онҳо аз Исо ноумед шуданд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Барои чӣ халқ назди Исо омад?

  2. Чӣ тавр Худованд исбот кард, ки Ӯ тавоно аст?

  3. Мардум пас аз ин муъҷиза дар хусуси Исо чӣ нақшаҳо доштанд?

69. Сер шудани панҷ ҳазор кас00:00 / 05:27