
Замини ваъдашуда
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ 12:1-9
Ва Парвардигор ба Иброҳим гуфт:«Аз сарзамини худ равона шав
— аз хешу табори худ ва аз хонаи падари худ сӯи сарзамине ки нишон медиҳам…»
Писарони Нӯҳ бисёр фарзандон доштанд, ва аз онҳо одамон боз зиёд шуда, дар тамоми рӯйи замин сокин шуданд. Оё ин одамон некӯкор ё бадкирдор буданд? Бисёрии онҳо Худои ҳақиқиро фаромӯш карданд, чунки Ӯро дида наметавонистанд. Онҳо барои худ бутҳо, яъне худоёни дурӯғин бофта бароварда, аз чӯб ё санг ҳайкалҳои онҳоро месохтанд. Баъд онҳо ин бутҳоро дар ҷойҳои гуногун гузошта, дар назди онҳо ба замин афтода дуо мекарданд ва чунин мегуфтанд: «Инҳо худоёни мо мебошанд; онҳо моро офаридаанд, онҳо ба мо хӯрок медиҳанд».
Бо мурури замон қисми зиёди одамон дар рӯйи замин бутпараст шуданд. Онҳо на Худо, балки бутҳоро парастиш мекарданд. Бисёр вақт барои ба бут писанд омадан, одамон ҳайкали онро аз нуқра ё тилло месохтанд.
Худо аз осмон медид, ки одамон будҳоро парастиш мекунанд ва аз ин хашмгин шуд. Аммо Ӯ онҳоро нобуд накард, чунки рӯзе ба ҷаҳон бояд Наҷотдиҳанда ояд, то ки барои гуноҳҳои ҳамаи одамон бимирад. Он гоҳ Худо гуфт:
– Барои Худ як касро интихоб намуда, ба ӯ ёд медиҳам, ки Маро дӯст дорад ва ба Ман хизмат кунад. Аз ӯ халқи бузурге ба вуҷуд меояд ва аз он халқ Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон ба дунё меояд.
Ва Худованд Худо ба Иброҳим гуфт:
– Аз замини худ, аз байни хешовандон ва аз хонаи падари худ ба замине равона шав, ки Ман ба ту мегӯям... Ман туро баракат медиҳам ва номи туро бузург мегардонам.
Иброҳим ва зани ӯ Соро ба сафари тӯлонӣ ва душвор равона шуданд. Бародарзодаи Иброҳим – Лут бо онҳо буд.
Худованд ба Иброҳим роҳро ба сӯи замини Канъон нишон дод. Дар ин ҷо Иброҳим бори дигар ба таври возеҳ овози Худоро шунид:
– Ин кишварро ман ба авлоди ту медиҳам.
Иброҳим аз ин шод шуда, ба хулосае омад, ки акнун ӯ ба мақсади сафари худ расидааст: «Канъон – ҳамин аст замине ки ман бояд мерафтам!» Ва Иброҳим қурбонгоҳ бунёд намуд, то ки ба Худованд қур- бонӣ оварад.
Лекин суханони Худо дар бораи авлод ба ӯ нофаҳмо буданд. Охир Иброҳим ва Соро фарзанд надоштанд. Аммо Иброҳим боз ҳам ҳаёти худро ба ихтиёри Худо месупурд.
Худо борҳо ба Иброҳим бо чунин суханон муроҷиат карда буд:
«Туро баракат медиҳам ва туро нигаҳбонӣ мекунам; ва ҳеҷ кас ба ту бадӣ намекунад». Худо аз Иброҳим розӣ буд ӯро дӯсти Худ меномид.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволБисёрии сокинони замин киро парастиш мекарданд ва ба кӣ хизмат менамуданд?
Касе ки Худо ӯро дӯсти худ меномид, чӣ ном дошт?
Худо ба Иброҳим чӣ ваъда дод?