
Тӯфон дар баҳр
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 8, оятҳои 22-25
"Рӯзе Ӯ бо шогирдони Худ ба киштӣ савор шуд ва ба онҳо гуфт: "Биёед, ба соҳили дигари кӯл гузарем". Ва киштиро ронданд. Ва чун мерафтанд, Ӯро хоб рабуд. Ва ногоҳ тундбоде бар кӯл бархест, ва киштии онҳо аз об пур мешуд, ва онҳо дар хатар буданд. Ва пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: "Устод! Устод! Ҳалок мешавем". Ӯ бархеста, ба бод ва ғалаёни об фармон дод, ва онҳо фурӯ нишастанд, ва оромӣ фаро расид. Ба онҳо гуфт: "Имони шумо куҷост?"
Боре бегоҳӣ Исо, таълим додани халқро, ки назди Ӯ ба соҳили кӯли Ҷинесор ҷамъ шуда буд, ба охир расонда, ба шогирдони Худ гуфт:
– Ба тарафи дигари кӯл мегузарем.
Шогирдон киштиро тайёр карда, ҳамроҳи Исо ба он даромаданд ва равона шуданд.
Исо дар давоми рӯз хеле хаста шуда буд ва дар ақиби киштӣ барои истироҳат дароз кашид. Ногоҳ шамоли сахт бархест, чунон ки бисёр вақт дар баҳри Ҷалил мешуд. Мавҷҳо чунон ба киштӣ бармехӯрданд, ки он ғарқ шуда метавонист. Тамоми хатари ин ҳолатро фаҳмида, шогирдон тарсиданд ва Худовандро бедор карданд:
– Эй Устод, наход Ту парвое надорӣ, ки мо ҳалок мешавем?
Исо бархест. Ӯ мавҷҳои туғёнкунандаро дид, садои тундбодро шунид, ҳис кард, ки мавҷҳо киштиро ин сӯ-он сӯ мепартоянд, ва фармуд:
– Хомӯш шав! Ором бош!
Тӯфон ҳамон замон ором шуд. Сатҳи баҳр чун оина ҳамвор шуд.
Муъҷиза! Ҳанӯз ҳеҷ гоҳ чунин нашуда буд, ки тӯфон ин гуна фавран қатъ шавад, мавҷҳо низ ҳамеша тадриҷан ором мешаванд. Аммо ҳозир – як лаҳза – ва оромии комил фаро расид! Шогирдон ҳеҷ гоҳ чунин падидаро надида буданд. Ва Худованд пурсид:
– Чаро шумо ин тавр метарсед? Имони шумо куҷост, сустимонҳо?
Шогирдон тарсида ва ҳайрон шуда,ба якдигар мегуфтанд:
– Ин кист, ки ҳам шамол, ҳам баҳр ба Ӯ итоат мекунанд?
Онҳо он чиро, ки бо имон қабул карданд, бо ақли худ фаҳмидан наметавонистанд, ва маҳз, онро ки Устодашон – Писари Худост.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволЧаро Худованд Исо метавонист ҳангоми тӯфон оромона хоб равад?
Чаро шогирдон ин тавр тарсиданд? Онҳо чиро фаромӯш карданд?
Онҳо чиро эҳсос намуданд, ҳангоме ки Худованд тӯфонро ором кард?