Эҳёи духтари Ёир

Эҳёи духтари Ёир

Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 8, оятҳои 41, 42, 49-56

«Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд. Зеро духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар ҳолати мурдан буд… касе аз хонаи сардори куништ омада, гуфт: «Духтарат мурд; Устодро дигар ташвиш надеҳ». Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Натарс, танҳо имон дошта бош, ва ӯ наҷот меёбад».

Ҳеҷ гоҳ пештар ба Ёир лозим намеомад, ки ин тавр зуд давад. Ӯ яке аз сардорони куништ буд (хонае ки яҳудиён дар он барои дуо ҷамъ мешуданд), ва дар байни ӯ барин одамони боэътибор давидан маъмул набуд. Аммо ҳозир сухан дар бораи ҳаёт ва марг мерафт. Духтари ӯ бемори мурданӣ буд. Ӯ дувоздаҳсола буд. Ёир духтарашро хеле дӯст медошт, ва акнун маҷбур буд мушоҳида кунад, ки аҳволи духтараш рӯз то рӯз бадтар мешуд. Айнан дар ин вақт ба шаҳр Исо бо шогирдонаш омад, ва Ёир қарор дод, ки аз Ӯ мадад пурсад. Назди Исо омада, ӯ ба зону афтид ва илтиҷо намуд:

– Эй Устод, духтарам дар ҳолати мурдан аст. Аз Ту хоҳиш мекунам, омада ӯро наҷот деҳ! Аз Ту хоҳиш мекунам! Шитоб кун, вагар на дер мешавад!

– Биё меравем, – ҷавоб дод Исо. – Ту пешопеш рав, ва Ман аз пасат меравам.

Лекин аз байни издиҳоми одамон гузаштан осон набуд, ва онҳо хеле оҳиста пеш мерафтанд. Ёир касонеро, ки дар сари роҳаш буданд, бесаброна як сӯ тела медод. Аммо ҳамин вақт ӯ яке аз хизматгоронашро дид, ки ба пешвози ӯ мешитофт. Хизматгор гуфт:

– Акнун Устодро хавотир карданат даркор нест. Духтари ту ҳозир мурд.

Дили Ёир қариб аз кор монд. Ҳамааш тамом шуд! Фарзанди дӯст доштааш мурдааст! Ҳамаи ташвишҳо беҳуда буданд. Ёир шах шуда монд, ва чеҳрааш чун марг тира шуд.

Исо суханони хизматгорро шунид. Ӯ Ёир ро аз китфонаш оғӯш кард ва гуфт:

– Натарс, духтари ту сиҳат мешавад.

Сардори куништ намедонист ба чӣ бовар кунад. Бо ғаму андӯҳ фаро гирифта шуда, ӯ сӯи хона равона шуд. Исо аз пасаш рафт.

Ҳангоми ба хона наздик шудани онҳо гиряи баланд ва оҳу нола шунида шуд. Исо гуфт:

– Гиря накунед! Духтар намурдааст, балки фақат хобидааст!

Ин суханонро шунида, одамон бар Ӯ хандиданд. Онҳо аниқ медонистанд, ки духтарак мурдааст. Чӣ тавр Ӯ чунин суханони бемаъноро мегӯяд! Исо ҳамаро берун кард ва ҳамроҳи волидони духтар, шогирдонаш Петрус, Юҳанно ва Яъқуб ба ҳуҷрае ки духтарак дар ҷойгаҳ хобида буд, даромад. Худованд дасти ӯро гирифт ва гуфт:

– Эй духтар, бархез!

Ва ҳамин вақт духтарак нафаси чуқур кашид, баъд боз нафаси чуқур кашид ва чашмонашро кушод. Чеҳраи ӯ ранги пештараашро гирифт, ӯ бархест.

Падару модар ба чашмони худ бовар намекарданд. Фарзанди онҳо зинда аст! Чӣ хушбахтӣ!

– Ба ӯ ягон чизи хӯрданӣ диҳед, ӯ ҳозир бояд қуввашро барқарор кунад, – гуфт Худованд.

Баъд Ӯ бархест ва бори дигар ба духтарак табассум намуда, ба берун равона шуд. Муддате гузашт, то даме ки шогирдони ҳайроншуда ба худ омаданд ва аз пайи Устод шитофтанд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Сардори куништ чӣ ном дошт?

  2. Бо ӯ чӣ мусибате рӯй дод?

  3. Кадом шогирдон шоҳиди муъҷиза дар хонаи Ёир шуданд?

67. Эҳёи духтари Ёир00:00 / 05:46