
Эҳёи писари бевазан
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 7, оятҳои 11-16
“Ҳангоме ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд. Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ба вай гуфт: «Гиря накун». Ва наздик омада, ба тобут даст расонд… гуфт: «Эй ҷавон, ба ту мегӯям: бархез». Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ӯ вайро ба модараш супурд.”
Исо ба шаҳри Ноини Ҷалил равона шуд, ва одамони бисёре ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳангоме ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд. Аз паси тобут зани ғамзадае мерафт. Ҳамроҳи ӯ бисёр одамон аз шаҳр равона буданд, то ки ҳамдардии худро изҳор намоянд. Ин зан бева буд, ва мурда – ягона писари ӯ.
Исо то чӣ андоза бадбахт будани он занро дида, ба ҳоли ӯ раҳмаш омад ва гуфт:
– Гиря накун!
Исо ба тобут наздик шуда ба он даст расонд ва ба мурда гуфт:
– Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез!
Мурда бархест ва ба сухан гуфтан даромад. Муъҷиза рӯй дод! Исо ба модар писарашро баргардонд. Касоне ки инро медиданд, муддате аз тарс чизе гуфта наметавонистанд, ва баъд якбора суханони якдигарро бурида, ба гап задан даромадан:
– Пайғамбари бузург назди мо омадааст! Худо халқи Худро ба ёд овардааст!
Одамон Худои Исроилро ситоиш мекарданд ва ҳамду сано мехонданд. Хабар дар бораи муъҷиза дар Ноин зуд дар тамоми Яҳудо паҳн шуд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволИсо ба кадом шаҳр омад?
Ӯ дар назди дарвозаи шаҳр киро вохӯрд?
Дар Ноин чӣ рӯй дод? Одамон ба муъҷиза чӣ аксуламал карданд?