
Шифо ёфтани зан
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 8, оятҳои 42-48
"…Ҳангоме ки Ӯ ба он ҷо мерафт, мардуми бисёр аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд.
Зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, — аз пас наздик шуда, ба домани либоси Ӯ даст расонд, ва дарҳол хунравии вай боз истод... Ва Исо гуфт: "Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; бо осоиш рав".
Ҳангоме ки Исо бо киштӣ ба Капарнаҳум баргашт, дар он ҷо Ӯро издиҳоми калони халқ интизор буд.
Бисёр одамон аз пайи Ӯ мерафтанд. Ҳангоме ки онҳо оҳиста аз кӯчаҳои танги шаҳр мегузаштанд, роҳ рафтани Исо душвор буд, чунки одамон аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд.
Ногоҳ Худованд боз истода, ба ақиб нигарист ва пурсид:
– Кӣ ба Ман даст расонд?
Ӯ ҳис кард, ки қуввае аз Ӯ берун рафт. Шогирдон бошанд бо ҳайрат гуфтанд:
– Устод! Ту мебинӣ, ки халқ Туро иҳота карда, ба Ту фишор меоварад. Ва Ту мепурсӣ, ки ба Ту кӣ даст расондааст?
Исо ба онҳо ҷавоб надод, аммо ба атроф нигоҳ карда, касеро меҷуст, ки ба Ӯ даст расонда буд.
Дар байни одамоне ки аз пайи Исо мерафтанд, зани бемор буд. Дар давоми дувоздаҳ сол ӯ ба табибони гуногун муроҷиат намуда, ҳамаи дороии худро сарф карда буд, то ки музди муолиҷаи худро диҳад, аммо ба ӯ ҳеҷ чиз ёрӣ намедод. Ва баъд ӯ дар бораи муъҷизаҳое шунид, ки Исо ба амал меовард, ва барои он омад, ки Исо ӯро шифо диҳад. Ӯ аз пас ба Исо наздик шуд, то ки Худованд ӯро набинад, зеро фикр мекард: «Агар ба канори либоси Ӯ даст расонам, шифо меёбам!» Ин зан боварӣ дошт, ки Исо ӯро шифо дода метавонад! Ва ҳамин ки ӯ ба канори либоси Устоди бузург даст расонд, ҳис кард, ки шифо ёфт.
Исо албатта медонист, ки зан шифо ёфт, ва интизор буд, ки зан худаш назди Ӯ меояд. Ва зан омад. Аз тарс ларзида, ӯ ба пеши пои Худованд афтид ва ҳамаашро ба Ӯ нақл кард. Дар ҷавоб ӯ суханонеро шунид, ки Исо бо муҳаббат ба ӯ гуфт:
– Духтарам, имонат туро шифо дод. Бо осоиш бирав!
Саволҳо барои муҳокима
3 саволХудованд бо шогирдон ба кадом шаҳр омад?
Зане ки дувоздаҳсол бемор буд, чӣ кор кард?
Занро чӣ чиз шифо дод?