
Шифо ёфтани шахси шал
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 5, оятҳои 17-25
"Лекин то донед, ки Писари Одамдар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад..." — ба шал гуфт: "Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав". Вай дарҳол дар пеши назари онҳо бархест, бистари худро бардошт ва Худоро ҳамду сано гуфта, ба хонаи худ равона шуд".
– Ту аллакай хабареро шунидӣ? – пурсид марде аз рафиқаш. – Исо ба деҳаи мо омадааст! Шахсе ки беморонро шифо медиҳад.
– Ту дар бораи дӯстамон фикр кардӣ? Охир, ӯ роҳ гаштан наметавонад. Чӣ тавр ӯ назди Исо равад?
– Пас мо бояд ӯро назди Исо барем, – гуфт мард, ва аллакай ба зудӣ онҳо боз ду каси дигарро бо худ гирифта назди дӯсташон, ки шал буд, омаданд. Онҳо якҷоя занбар сохта,беморро ба он гузоштанд ва ба сӯи хонае шитофтанд, ки Исо дар он ҷо буд. Аммо чӣ ноомади кор! Ин қадар одамон Исоро дидан ва шунидан мехостанд, ки издиҳом ҳатто назди дарҳои хона ҷамъ шуда буданд. Дӯстон ҳеҷ наметавонистанд бо шахси шал назди Исо дароянд.
Ногоҳ чеҳраи яке аз онҳо гӯё дурахшид.
– Ман як нақша дорам! – нидо кард ӯ. – Аз болои бом!
– Аз болои бом? Ту чиро дар назар дорӣ?
– Боми ин хона аз лой аст. Мо онро сӯрох мекунем ва беморро бо ресмонҳо ба он ҷо мефарорем.
Онҳо дарҳол аз пайи кор шуданд. Яке аз онҳо ба ҷустуҷӯи ресмонҳо ва асбобҳо рафт. Дигарон шахси шалро ба воситаи нардбон ба боми ҳамвори хона бардоштанд. Кор дер давом накард: дар боми хона онҳо сӯрохеро канданд, ки аз он дӯсти беморашонро бо ресмонҳо ба назди Исо фаровардан мумкин буд. Сӯрохӣ айнан дар болои он ҷое буд, ки Исо истода буд. Аз поён чеҳраҳои мардони дар гирди сӯрохӣ бударо дидан мумкин буд. Исо бо табассум ба боло нигоҳ кард, баъд ба шал нигоҳ кард ва суханонеро гуфт, ки дар ин вазъият тамоман ғайричашмдошт буданд:
– Гуноҳҳои ту бахшида шуданд.
Шариатдонон ва фарисиён, ки дар назди Исо истода буданд, хашмгин шуданд. Албатта, охир гуноҳҳоро фақат Худо бахшида метавонад! Ин Исо Худро кӣ меҳисобад!
Исо дар бораи чӣ фикр кардани онҳоро фаҳмида, гуфт:
– Шумо чӣ фикр доред, чӣ гуфтан осонтар аст: “Гуноҳҳои ту бахшида шуданд”, ё: “Бархез ва роҳ рав”?
Шариатдонон мефаҳмиданд, ки гуноҳҳоро фақат Худо бахшида метавонад. Аммо Исо, дар бораи бахшидани гуноҳҳои шал эълон намуда, фаҳмонд, ки дар назди онҳо на танҳо муаллими ахлоқ аст. «Аммо кӣ санҷида метавонад, ки оё гуноҳҳо дар ҳақиқат бахшида шудаанд ё не? – фикр карданд ҷамъомадагон. Аммо агар Ту беморро шифо дода метавонистӣ, он гоҳ далели рад нопазири лаёқатҳои ғайриодии Худро медоштӣ».
Фикрҳои онҳоро дониста, Исо гуфт:
– Дар бораи бахшида шудани гуноҳҳо шумо бояд фаҳмед, ки Худо ба Ман қувват ва қудрат додааст, ки натанҳо бемориҳоро шифо диҳам,балки гуноҳҳоро бахшам.
Баъд ба бемор рӯ оварда, гуфт:
– Бархез, ҷойгаҳатро бигир ва ба хона рав!
Мард ҳамон замон бархест, беморӣ ӯро тарк кард. Баъд ӯ ҷойгаҳашро ҷамъ карда, аз байни издиҳоми ҷамъомадагон гузашта рафт. Ӯ Исоро шукргузорӣ намуд ва Худоро ҳамду сано хонд. Чеҳраҳои хурсандонаи дӯстон, ки дар боло аз сӯрохӣ мушоҳида мекарданд, ғайб заданд...
Саволҳо барои муҳокима
3 саволКадом амалҳои дӯстони шахси шал моро бовар мекунонанд, ки онҳо ба Исо имон доштанд?
Кадом суханони Исо, ки ба бемор гуфта шуданд, ҷамъомадагонро ҳайрон карданд?
Оё шахси шифоёфта Исоро шукргузорӣ намуд, пеш аз он ки шитобон ба хона равад?