
Шифо ёфтани махавӣ
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 5, оятҳои 12-14
“Ҳангоме ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад, ва чун Исоро дид, рӯй ба замин ниҳода, аз Ӯ илтимос кард: «Эй Хоҷа! Агар хоҳӣ, маро пок кардан метавонӣ». Ӯ дасташро дароз карда, ба вай расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Ва дарҳол махав аз вай нест шуд.”
Ҳангоми хизмати заминии Худ ба Исо бисёр вақт лозим меомад, ки сафар кунад. Ба шаҳракҳо ва деҳоти гуногун рафта, Ӯ беморон ва маъюбонро медид ва онҳоро шифо медод. Яке аз бемориҳои вазнин, ки дар он вақт бисёр сокинони Фаластин ба он дучор мешуданд, махав буд – бемории сирояткунандаи пӯст.
Дар яке аз шаҳрҳои вилояти Ҷалил, ки Исо ба он ҷо омад, махавие ба Ӯ дучор шуд. Махавӣ назди Ӯ давида омад, ва ба зону афтида илтиҷо кард:
– Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ ва шифо диҳӣ!
Ин шахс ба Исо то чӣ андоза имони зиёд дошт!
Худованд ба бемор даст расонд ва гуфт:
– Мехоҳам, пок шав! Ин на танҳо хоҳиши Исо,балки фармони Худо буд. Ҳеҷ кас, ғайр аз Худо, ҷуръат намекард чунин гӯяд!
Ва муъҷиза рӯй дод: бемории махав аз байн рафт, ӯ солим шуд, пӯсташ пок гардид. Ӯ беандоза хурсанд шуда, дар назди Исо меистод.
Худованд намехост, ки ӯ ба ягон кас дар бораи шифо ёфтани худ гӯяд, балки фармуд, ки рафта, худро ба коҳин нишон диҳад ва қурбонӣ оварад барои пок шудани худ, чунон ки Шариати Мусо мефармуд.
Аммо муъҷизаро пинҳон кардан мумкин набуд. Ва мардуми бештаре назди Исо меомаданд, то ки суханони Ӯро шунаванд ва шифо ёбанд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволЧаро махавӣ барои атрофиён хатарнок буд?
Чаро махавӣ аз дидани Исо ин қадар шод буд?
Чаро Исо намехост, ки махавӣ дар бораи шифо ёфтани худ гӯяд?