
Сайди тасаввурнопазир
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 5, оятҳои 1-11
Шимъун дар ҷавоби Ӯ (Масеҳ) гуфт: «Эй Устод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам». Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайд карданд, ва кам монда буд, ки тӯрашон дарида равад.
Боре Исо дар соҳили кӯли Ҷинесор мавъиза мекард, ва мавъизаи Ӯ он қадар мардуми зиёдро ҷалб намуд, ки ба Ӯ лозим омад ба яке аз киштиҳо савор шуда, хоҳиш кунад, ки андаке аз соҳил дуртар ронанд. Ӯ дар киштӣ нишаста, ба мардум сухан гуфт. Ҳамин тавр Ӯ ба ҳама намоён буд, ва одамон ба осонӣ мефаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи чӣ гап мезанад. Мавъизаро ба охир расонда, Исо ба Петрус муроҷиат намуд:
– Киштиро ба миёнаҷои кӯл ронда, тӯрро парто ва моҳии бисёре сайд мекунӣ.
– Ҳозир? Ба миёнаҷои кӯл? – Петрус ва боз якчанд моҳигирон, ки дар наздикӣ буданд, нобоварона ва каме дилсӯзона ба Ӯ нигаристанд. Исо шахси доно бошад ҳам, дар хусуси моҳигирӣ тасаввуроте надошт. Аввалан, рӯзона ҳеҷ кас моҳӣ сайд намекунад, чунки моҳӣ дар сатҳи об сояи киштиро дида, зуд дур мешавад. Сониян, ҳеҷ кас дар миёнаҷои кӯл сайд намекунад, зеро он ҷо чуқур аст ва тӯр ба қаър намерасад. Барои сайди моҳӣ он қитъаҳои назди соҳил, ки қаъраашон ҳамвор аст, бештар мувофиқат мекунанд.
–Устод, мо тамоми шаб меҳнат кардем, аммо ҳеҷ чиз сайд накардем, – ҷавоб дод ниҳоят Петрус. – Рости гап, дар он ҷо, дар миёнаҷои кӯл, мо алалхусус ҳеҷ чиз сайд карда наметавонем. Аммо ба хотири суханони Ту, ман рафта, тӯр мепартоям.
Андриёс ба киштӣ даромад, ва онҳо киштиро ронданд. Юҳанно ва Яъқуб низ ба киштӣ нишаста, аз паси онҳо ронданд. Онҳо дидан мехостанд, ки ин моҳигирии ҳайратовар бо чӣ меанҷомад. То миёнаҷои кӯл расида, Петрус ва Андриёс тӯр партофтанд ва бесаброна ба об менигаристанд. Ногоҳ об аз бисёрии моҳӣ ба ҷӯш омад. Моҳигирон чолокона канорҳои тӯрро дошта кашидан гирифтанд. Аз афти кор, онҳо моҳии бисёре сайд карданд, зеро тӯр хеле вазнин шуда буд. Онҳо дукаса тӯрро бардошта наметавонистанд ва аз ҳамин сабаб Яъқуб ва Юҳанноро ба ёрӣ ҷеғ заданд.
Фақат чоркаса онҳо тӯрро аз об бароварда моҳиёнро ба ҳар ду киштӣ холӣ карданд. Дар айни ҳол аз вазни моҳиён баъзе ҷойҳои тӯр дариданд.
Ба ин бовар кардан қариб ғайриимкон буд! Ҳанӯз ҳеҷ гоҳ онҳо ин қадар моҳӣ сайд накарда буданд! Ин миқдор моҳии зиёди сайдшударо дида, ҳама ҳайрон шуданд, Шимъун-Петрус дар назди Исо ба зону афтид ва бо тарсу ҳарос гуфт:
– Худовандо,аз ман дур шав, чунки ман одами гуноҳкорам. Ман сазовор нестам дар назди Ту бошам!
Аммо Исо дасташро ба китфи гузошта, гуфт:
– Натарс, Петрус. Минбаъд ту на моҳӣ, балки одамонро сайд мекунӣ!
Ҳар ду киштиро шогирдони Исо ба соҳил бароварда, аз дигарон хоҳиш карданд, ки дар хусуси ин сайди фаровон ғамхорӣ кунанд, ва худашон аз пайи Исо рафтанд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволДар кӯли Ҷинесор чӣ муъҷиза рӯй дод?
Чаро Петрус аз Исо хоҳиш кард, ки аз ӯ дур шавад?
Исо ба Петрус чӣ ваъда дод?