Вохӯрӣ дар назди чоҳи об

Вохӯрӣ дар назди чоҳи об

Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 4, оятҳои 4-29

"Ва Ӯро (Исоро) лозим буд аз Сомара гузашта равад. Пас ба яке аз шаҳрҳои Сомара омад, ки Сухар ном дошт… Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд. Ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст; тақрибан соат шаш буд. Зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: "Ба Ман об деҳ".

Саҳнаеро ба худ тасаввур мекунем: як гурӯҳ одамон дар роҳи аз нурҳои офтоб тафсида равонаанд. Инак онҳо ба наздикии шаҳраки Суҳар омада, дар назди чоҳи об, ки онро Яъқуб чандин садсола пештар канда буд, боз истоданд. Дар онҳо мо Исо ва шогирдонашро мешиносем. Вақти хӯроки нисфурӯзӣ буд, аз ҳамин сабаб Исо шогирдонро ба шаҳр фиристод, то ки хӯрокворӣ харанд, ва Худаш дар назди чоҳи об монд.

Нисфирӯзӣ буд, офтоб бисёр нурпошӣ мекард. Дар ин вақт одатан дар назди чоҳ одамон набуданд, аммо инак аз шаҳр зане бо кӯзааш ба сӯи чоҳ равона шуд. Ӯ махсус ҳангоми гармои рӯз барои об гирифтан мерафт, то ки дар назди чоҳ бо ҳеҷ кас рӯ ба рӯ нашавад. Сокинони шаҳрак ӯро барои ҳаёти гуноҳкоронааш бад медиданд.

Ва ҳангоме ки ӯ об мегирифт, Исо ногоҳ ба ӯ гуфт:

– Ба Ман об деҳ, то бинӯшам.

Зан хеле ҳайрон шуд, ки яҳудӣ ба вай муроҷиат намуд, охир яҳудиён бо сомариён муошират намекарданд. Аммо Исо, ки дили ӯ ва ҳаёти гуноҳкоронаашро медонист, мехост ба ӯ ёрӣ диҳад. Ба зудӣ Ӯ бо вай дар бораи чизи муҳимтарин гап зад: дар бораи имон ва дар бораи он ки чӣ тавр Парваригорро дуруст парастиш кардан даркор аст. Исо гуфт:

– Худо рӯҳ аст, ва парастандагони Ӯ бояд дар рӯҳ ва ростӣ Ӯро парастиш кунанд.

Худованд гуфтан мехост, ки ҷои парастиш на он қадар муҳим аст. Мо дар ҳар ҷо ба Худо дуо кардан метавонем, чунки Ӯ ломакон аст, яъне дар як

вақт дар ҳама ҷо ҳузур дорад. Зан хеле бо диққат гӯш мекард, Рӯҳулқудс барои фаҳмидани суханони Исо ёрӣ медод. Чанд муддат ин ҷониб ӯ дар ҷустуҷӯи ҳақиқат буд, аз ҳамин сабаб гуфт:

– Медонам, ки Масеҳ, яъне Масҳшуда меояд. Ҳангоме ки Ӯ биёяд, ҳар он чиро, ки барои писандидаи Худо шудан бояд донем, ба мо хабар медиҳад.

Исо ба вай гуфт:

– Ман, ки ба ту сухан мегӯям, Ҳамон Кас ҳастам!

Акнун зан ҳақиқатро медонист. Ӯ бояд фақат имон меовард, ки Исо Наҷотдиҳанда аст.

Зани сомарӣ чунон хурсанд буд, ки шитобон ба шаҳр рафт, то дар ин бора ба ҳама гӯяд. Ӯ дигар аз одамоне ки ӯро бад медиданд, наметарсид. Охир ӯ Наҷотдиҳандаро вохӯрдааст, ки гуноҳҳои ӯро ба Худ мегирад. Ӯ сокинони Суҳарро ба назди чоҳ даъват намуд, то ки дар он ҷо онҳо Шахсеро бинанд, ки ба ӯ гуфт, ки Ӯ Масеҳ аст. Ҳамаи сокинон ба ҳаяҷон омада, ба назди Исо шитофтанд, чунки ҳамчунин мехостанд Масеҳро бинанд.

Он зан шаҳодат дод, ки Исо дар бораи ҳаёти гуноҳкоронаи ӯ ҳама чизро медонад. Бисёр сомариён ба Худованд Исо имон оварданд. Онҳо назди Ӯ омада, хоҳиш карданд, ки муддате бо онҳо бимонад. Исо ду рӯз дар шаҳр монда, бо сокинон сӯҳбат кард. Ва боз бештар одамон ба Ӯ имон оварданд, ва ба он зан бо хушнудӣ мегуфтанд:

– Аллакай на аз рӯи суханони ту имон меоварем, чунки худамон шунидем ва фаҳмидем, ки Ӯ ҳақиқатан Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст.

Саволҳо барои муҳокима

4 савол
  1. Дар кадом вилояти Исроил чоҳе буд, ки Исо барои истироҳат дар назди он бозистод?

  2. Чаро зан барои он ҳангоми нисфирӯзӣ омад?

  3. Исо ба зани сомарӣ дар бораи чӣ гап зад?

  4. Чаро зан бо хушнудӣ ба шаҳр давида рафт? Ӯ ба сокинон чӣ гуфт?

61. Вохӯрӣ дар назди чоҳи об00:00 / 06:06