Меҳмони шабона

Меҳмони шабона

Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 3, оятҳои 1-21

“Дар байни фарисиён шахсе ки Никӯдимус ном дошт, сардори яҳудиён буд. Вай шабона назди Исо омада, гуфт: "Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ... Исо дар ҷавоби вай гуфт:

"Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз нав таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад"...

Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳалок нашавад, балки ҳаёти абадӣ ёбад".

Ҳангоми иди Фисҳ Исо бисёр муъҷизаҳо ба амал овард, ва мардуми бисёре ба Ӯ имон оварданд. Ӯро аксаран камбағалон чун Масеҳ, чун Наҷотдиҳанда қабул мекарданд, аммо сарватмандон беш аз ҳама ба Ӯ шубҳа мекарданд ё шаккокона муносибат менамуданд.

Аммо дар Уршалим касе буд, ки ҳақиқатан ба Худованд эҳтиёҷ дошт ва мехост бо ӯ дар алоҳидагӣ гуфтугӯ кунад.

Рӯзона ӯ ба ин ҷуръат намекард, чунки узви боэътибори шӯрои пирон, олим, намояндаи ҳизби динии фарисиён буд. Номи ӯ Никӯдимус буд.

Барои он ки аз боиси атрофиёнаш гирифтори нохушӣ нашавад, Ӯ шабона назди Исо рафт. Ба хона даромада, Никӯдимус гуфт:

– Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ, чунки ин гуна муъҷизаҳоро, ки Ту ба амал меоварӣ, ҳеҷ кас ба амал оварда наметавонад, агар Худо бо ӯ набошад.

Никӯдимус фикр мекард, ки Исо Устоди бузург буд, аммо намедонист, ки Ӯ Писари Худост. Ва тамоман ғайричашм дошт Исо ба ӯ гуфт, ҳар касе ки ба Подшоҳии Осмон даромадан мехоҳад, бояд аз олами боло зода шавад.

Барои Никӯдимус ин таваллуд нопазир буд. Аз ҳамин сабаб ӯ аз Исо пурсид:

– Одам чи тавр аз нав таваллуд шуда метавонад? Магар ӯ метавонад боз аз нав кӯдак шавад?

Он гоҳ Исо ба ӯ ҷавоб дод, ки одам бояд аз олами боло, аз Рӯҳ таваллуд шавад. Аммо инро фаҳмидани Никӯдимус беҳад душвор буд. Аз ҳамин сабаб Худованд ба ӯ фаҳмонд, ки Ӯ чӣ гуфтан мехост:

– Ҳар одам гуноҳкор аст ва худаш росткор шуда наметавонад. Ӯ фақат ба воситаи Рӯҳулқудс дигаргун шудан, одами дигар шудан метавонад.

Чӣ гуна ба амал омадани ин барои одам махфӣ аст. Исо ба Никӯдимус барои фаҳмондани ин суханон гуфт:

– Бод ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад.

Аммо ба Никӯдимус ин суханони Исо ҳанӯз нофаҳмо буданд, ва ӯ нидо кард:

– Ин чӣ тавр шуда метавонад?

Исо ба ӯ фаҳмонд, ки фақат имон ба Писари Худо метавонад одамро росткор кунад, ва Худо Писари Худро барои гуноҳҳои одамон ба куштан медиҳад:

– Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.

Ба зудӣ Никӯдимус ба Худованд имон овард ва аз Рӯҳ таваллуд шуд. Он гоҳӯ аллакай аз халқ пинҳон намекард, ки ба Ӯ имон овардааст. Ҳангоме ки душманон зидди Исо мебаромаданд, Никӯдимус Ӯро ҳимоят менамуд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Чаро Никӯдимус бо Исо дар алоҳидагӣ вохӯрдан мехост?

  2. Бо одам чӣ бояд рӯй медод, то ки ӯ ба Подшоҳии Худо даромада тавонад?

  3. Барои чӣ Худо Писари Худро ба замин фиристод?

60. Меҳмони шабона00:00 / 05:51