
Бори аввал пок кардани ибодатгоҳ
Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 2, оятҳои 13-17
«Ва чун иди Песаҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Уршалим рафт. Ва дид, ки дар ибодатгоҳ фурӯшандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд. Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз ибодатгоҳ берун ронд, ва тангаҳои саррофонро пош дода, мизҳошонро чаппа кард; ва... гуфт: «... хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед».
Аз Қоно Исо бо шогирдон, ва низ Марям ва бародаронаш ба Капарнаҳум, яке аз шаҳракҳои соҳили баҳри Ҷалил равона шуданд, ва дар он ҷо боз истоданд. Дар он ҷо якчанд рӯз монда, Ӯ ба Уршалим ба иди Фисҳ рафт.
Дар майдони ибодатгоҳ издиҳоми калоне буд. Дар он ҷо натанҳо касоне буданд, ки мехостанд ҳангоми ид дар ибодатгоҳ қурбонӣ оваранд ва дуо гӯянд, балки ҳамчунин касоне буданд, ки барои савдо омада буданд.
Ва Худованд Исо аз ҳамаи ин савдогарон ва саррофон, ки аз ҳисоби иштирокчиёни ид фоида ба даст меовардан, хашмгин шуд. Ҳудуди ибодатгоҳи Худованд ба майдони бозор табдил ёфта буд. Ба Хонаи Худо ҳеҷ эҳтиром зоҳир карда намешуд.
Худованд аз замин ресмонро гирифта, аз он тозиёна бофт ва онро алвонҷ дода, аз ибодатгоҳ савдогаронро бо говҳо ва гӯсфандонашон ронд. Ба кафтарфурӯшон Ӯ гуфт:
– Хонаи Падари Маро хонаи савдо накунед! Савдогарон чизе нагуфта, аз ҳудуди ибодатгоҳ берун шуданд. Ва саррофон низ нуфузу эътибори Худовандро эътироф намуданд. Ӯ мизҳоеро, ки дар онҳо тангаҳо барои мубодила гузошта шуда буданд, чаппа кард ва тангаҳо дар саҳни ибодатгоҳ рехта рафтанд. Одамон ҳамаи он чиро, ки Исо мекард, дида ҳайрон мешуданд, аммо ҷуръат намекарданд муқобилат намоянд.
Саволҳо барои муҳокима
2 саволИсо дар майдони назди ибодатгоҳ чиро дид?
Исо чӣ кор кард? Ӯ ба савдогарон чӣ гуфт?