
Бурҷи бобил
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, боби 11
Биёед, шаҳре барои худ созем ва бурҷе ки сараш ба осмон расад; ва номе барои худ пайдо кунем, мабодо бар рӯйи тамоми замин пароканда шавем.
Пас аз тӯфони умумии ҷаҳонӣ писарони Нӯҳ – Сом, Ҳом ва Ёфат соҳиби фарзандон ва набераҳои бисёр шуданд. Бояд гуфт, ки акнун одамон на он қадар зиёд умр медиданд, чунон ки пеш аз тӯфон буд. Нӯҳ 950 сол умр дид, аммо писари ӯ Сом аллакай 600 сол, ва писари Сом 430 сол.
Аммо пеш аз он ки авлоди Нӯҳ дар заминҳои гуногун сокин шаванд, воқеае рӯй дод. Аз шарқ одамон ба замини Шинъор омаданд. Ҳамаи онҳо ба як забон гап мезаданд. Аммо боре онҳо нақшае кашиданд, ва онҳо ба якдигар гуфтанд:
– Биёед, хишт сохта, дар оташ мепазем, то ки шаҳре ва бурҷе бунёд кунем, ки баландияш то осмон бошад. Ҳамин тариқ, пеш аз он ки дар тамоми рӯйи замин паҳн шавем, мо барои худ номе пайдо мекунем.
Худованд ғурури дилҳои онҳоро медид. Ӯ гуфт:
– Назди одамон фаромада, забонҳои онҳоро омехта мекунам, он гоҳ аз ин нақшаи густохона ва бемаънои онҳо ҳеҷ чиз ҳосил намешавад.
Дар як лаҳза одамон фаҳмидани як дигарро бас карданд, чунки ба забонҳои гуногун гап мезадагӣ шуданд. Ва чунон ҳарҷу марҷ сар шуд, ки одамон сохтани бурҷро бас карданд.
Ва Худованд онҳоро дар тамоми рӯйи замин паҳн кард. Аз ҳамин сабаб ин шаҳр Бобил ном дорад, ки маънояш «омехтагӣ» аст.
Ҳамин тариқ, ҳикоят дар бораи бурҷи Бобил пайдо шудани забонҳои гуногунро пас аз тӯфони умумиҷаҳонӣ маънидод мекунад.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволОдамон пеш аз он ки дар тамоми рӯйи замин паҳн шуда раванд, чӣ кор карданӣ шуданд?
Чаро аз ин ҳеҷ чиз ҳосил нашуд?
Номи шаҳри Бобил чӣ маъно дорад?