
Мӯъҷиза дар Қоно
Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 2, оятҳои 1-11
“Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил базми арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд. Исо ва шогирдонашро низ ба базм даъват карда буданд… Ин саршавии муъҷизаҳое буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро аён кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд”.
Дар рӯзи сеюми бо шогирдон ба Ҷалил омадани Исо, дар деҳаи Қоно базми арӯсӣ буд. Марям, модари Исо, ҳамчунин дар он ҷо буд.
Ин базми хурсандибахше буд: меҳмонон мехӯрданд ва менӯшиданд, суруд мехонданд ва мерақсиданд, ҳикоятҳо нақл менамуданд ва механдиданд. Ногоҳ, дар айни ҷӯшу хурӯши базм, ки дар он дар баробари дигар меҳмонон Исо ва дӯстонаш низ ҳузур доштанд, Марям назди Исо омада, пичирросзанон гуфт:
– Май тамом шудааст.
Ана халос! Одамон эҳтимол домодро хасис меҳисобанд. Марям умед дошт, ки Исо ягон илоҷ меёбад, аммо чун Ӯ медонист, ки модараш аз Ӯ чӣ мехоҳад, ҷавоб дод:
– Ту аз Ман чӣ мехоҳӣ, эй Зан? Ҳанӯз соати Ман нарасидааст.
Марям фаҳмид, ки Худованд чӣ гуфт. Ӯ боварӣ дошт, ки Ӯ ҳама корро карда метавонад. Аз ҳамин сабаб ӯ ба хизматгорон наздик омада, оҳиста гуфт:
– Агар Писарам ба шумо чизе гӯяд, аниқ иҷро кунед.
Пас аз муддате Исо ҳақиқатан назди хизматгорон омад. Ба атроф нигоҳ карда, Ӯ шаш хуми калони холиро дид.
– Хумҳоро бо об пур кунед! – гуфт Ӯ ба хизматгорон.
Вақти бисёр даркор шуд, то ҳамаи шаш хум пур карда шаванд.
– Акнун каме гирифта, ба сардори базм диҳед, то чашида бинад – гуфт Исо.
Хизматгорон бо ҳайрат ба Исо нигоҳ карда монданд. Ӯ ба онҳо чӣ мегӯяд? Сардори базм бояд обро, ки онҳо аз чоҳ кашондаанд, чашида бинад? Оё ин ҷавон аз Носира онҳоро масхара карда истодааст? Хайр, майлаш, бигузор чунин шавад, охир ба онҳо фармуда шудааст, ки ҳар он чи Исо гӯяд, ба ҷо оваранд.
Сардори базм омада, аз он чи дар хум буд, гирифта нӯшид.
– Ҳм, – гуфт ӯ ба аломати таҳсин ва дарҳол назди домод шитофт.
– Ту базми олидараҷа оростӣ, – гуфт ӯ, – аммо ту ба ҳар ҳол як хато кардӣ.
Домод фикр кард: «Ҳозир ӯ маро таъна мезанад, ки май камӣ кардааст», – ва бо хиҷолат чашмонашро поён кард.
Аммо сардори базм тамоман чизи дигарро гуфт:
– Одатан дар аввал майи хубро медиҳанд. Дертар одамон маст шуда, аллакай ба сифати май он қадар аҳамият намедиҳанд ва он гоҳ ба онҳо майи арзонтарро додан мумкин аст, лекин ту баръакс кардӣ. Он май, ки ҳоло хизматгорони ту ба қадаҳҳо мерезанд, беҳтарин аст!
Домод намедонист, ки инро чӣ тавр бояд фаҳмид. Марям бо табассум ба Исо менигарист,ва шогирдони Ӯ фикр карданд: «Ҳақиқатан, Худи Худо Исоро ба мадади одамон фиристодааст».
Саволҳо барои муҳокима
3 саволИсо бо шогирдон ба кадом деҳа омад?
Дар он ҷо чӣ воқеа буд? Дар он ҷо Исо кадоме аз наздикони Худро вохӯрд?
Дар базм чӣ рӯй дод? Исо чӣ кор кард? Шогирдони Ӯ ба ин чӣ гуна муносибат намуданд?