
Шогирдони аввалини Исо
Китоби Муқаддас, Инҷили Юҳанно, боби 1, оятҳои 35-51
Фардои он, боз Яҳё бо ду шогирди худ истода буд. Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо». Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз пайи Исо равона шуданд... Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз пайи Ӯ омада буданд, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус буд. Ин шахс аввал бародари худ Шимъунро ёфта, ба вай гуфт: «Мо Масеҳро (ки тарҷумааш “масҳшуда” аст) ёфтем».
Боре, пас аз он ки Яҳёи Таъмиддиҳанда ба халқ дар бораи Худованд шаҳодат медод, Исо боз ба Урдун омад. Юҳанно бо ду шогирди худ, Андриёс ва Юҳанно гуфтугӯ мекард. Чун Яҳё дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт:
– Инак Барраи Худо.
Инро гуфта, ӯ ба Андриёс ва Юҳанно фаҳмонд, ки онҳо бо ӯ намонанд, балки аз пайи Масеҳ раванд, ки барои онҳо Устоди беҳтарин мешавад. Андриёс ва Юҳанно аз пайи Худованд рафтанд. Исо бошад, ба ақиб нигариста онҳоро дид ва гуфт:
– Ба шумо чӣ даркор аст?
Онҳо ба Ӯ гуфтанд:
– Устод! Ту дар куҷо зиндагӣ мекунӣ?
Исо ҷавоб дод:
– Биёед ва бинед!
Исо хона надошт. Ӯ умуман ҳеҷ чиз надошт, ғайр аз либос. Ду шогирд бо Исо ба хонае ки Ӯ дар он мезист, даромаданд ва бо ӯ шабро гузаронданд. Бо Исо сӯҳбат кардан барои онҳо то чӣ андоза хурсандибахш буд! Ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ ин гуна амиқ, аммо дар айни замон самимона ва содда сухан нагуфта буд, чунон ки Худованд Исо мегуфт.
Андриёс Шимъун ном бародар дошт. Ҳамроҳи падар онҳо дар шаҳраки Байт-Сайдо зиндагӣ мекарданд, ки дар назди баҳри Ҷалил буд. Онҳо ҳама моҳигирон буданд. Андриёс ба ҷустуҷӯи бародари худ рафт, то ки ба ӯ дар бораи Исо нақл кунад. Ӯ гуфт:
– Мо Масеҳро, яъне Масҳшударо ёфтем!
Баъд ӯ ба вай пешниҳод намуд, ки рафта бо Исо шинос шавад, ва ӯ бо майли том розӣ шуд. Шимъунро дида, Исо ба ӯ гуфт:
– Ту Шимъун, писари Йӯно ҳастӣ; ту Кифо номида мешавӣ, ки маънояш «санг» (Петрус) аст.
Шимъун хеле ҳайрон шуд, ки ӯро бори аввал дида, Худованд аллакай номи ӯро медонист. Исо, ба Шимъун номи нав дода, медонист, ки пас аз муддати кӯтоҳ ин моҳигири одӣ марди бузурги рӯҳонӣ мешавад, ки чун санг мустаҳкам ва қавӣ аст.
Саволҳо барои муҳокима
2 саволШогирдони аввалини Исо киҳо буданд?
Исо киро Петрус ном дод, ва ин ном чӣ маъно дорад?