
Дар биёбон ба васваса дучор шудани Исо
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 4, оятҳои 1-13
Ва Исо пур аз Рӯҳулқудс аз Урдун баргашт, ва Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд.
Иблис душмани бадтарини Худо ва Писари Ӯ иблис буд ва ҳаст. Исои Масеҳ бояд бо ӯ муборизаи шадид мебурд. Мубориза ҳамон вақт сар шуд, ки Ӯ дар Урдун супоришро аз Падари осмонии Худ қабул кард – сар кардани хизматгузории Худ дар замин. Рӯҳулқудс Исоро ба биёбон бурд, ки дар он ҷо Ӯ бояд бо иблис во мехӯрд, чунки Худо чунин хост!
Исо дар биёбон чил рӯз ва чил шаб рӯза гирифт, ҳамаи ин рӯзҳо ҳеҷ чиз нахӯрд ва нанӯшид.
Васвасакунанда, иблис, ки доимо кӯшиш мекунад одамонро ба гуноҳ андозад, ба Ӯ наздик шуд. Ӯ фикр мекард, ки акнун, ҳангоме ки Исо аз гуруснагӣ беқувват шудааст, Ӯро васваса карда метавонад. Ва он гоҳ вай ба мақсад мерасад – агар Наҷотдиҳанда гуноҳ кунад, Ӯ аллакай ҳеҷ гоҳ наметавонад гуноҳҳои дигар одамонро ба Худ гирад. Ва одамон ҳеҷ гоҳ наҷот намеёбанд.
Ва иблис гуфт:
– Агар Ту Писари Худо бошӣ, бигӯ, ки ин сангҳо нон шаванд!
Аммо Исо ба ӯ ҷавоб дод:
– Одамизод на танҳо бо нон зинда аст, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд.
Ва иблис ба Исо ҳеҷ эътироз карда наметавонист, аммо кӯшиш кард бори дигар Ӯро васваса кунад. Ӯ Исоро ба кӯҳи хеле баланд бурда, подшоҳиҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро нишон дод ва ҳавобаландона гуфт:
– Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Ту медиҳам. Исо ҷавоб дод:
– Аз Ман дур шав, эй шайтон; чунки навишта шудааст: “Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо”. Пас иблис Ӯро ба Уршалим гирифта бурд ва бар боми ҳамвори ибодатгоҳ гузошт, ва ба Ӯ гуфт: "Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба поён парто; чунки навишта шудааст: “Ба фариштаҳои Худ дар бораи Ту фармон медиҳад, ва Туро рӯи даст мебаранд, то ки пои Худро ба санге назанӣ“.
Худованд Исо бо васвасакунанда, ки Китоби Муқаддасро ин гуна нодуруст маънидод мекард, баҳс накард. Ӯ хеле кӯтоҳ гуфт:
– «Худованд Худои худро наозмой». Ва боз Худованд иблисро мағлуб намуд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволЧаро иблис кӯшиш мекард кори Худованд Исоро вайрон кунад?
Кӣ Исоро ба биёбон бурд?
Иблис бо кадом се васваса ба Исо наздик шуд? Исо ба ин чӣ ҷавоб медод?