
Исо таъмид меёбад
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 3, оятҳои 1-18, 21-22
"Ҳангоме ки мардум ҳама таъмид мегирифтанд, ва Исо низ таъмид гирифта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд, ва Рӯҳулқудс дар шакли ҷисмонӣ, чун кабӯтаре, бар Ӯ фуруд омад, ва овозе аз осмон омад, ки мегуфт: "Ту Писари дӯстдоштаи Ман ҳастӣ; Ман аз Ту хушнудам!"
Таваллуд шудани Яҳё, писари Закарё ва Элисобаъро низ Фаришта Ҷаброил пешгӯӣ карда буд. Худо барои Яҳё хизматгузории тамоман махсусро муқаррар намуда буд. Ин вақт Яҳё аллакай ба воя расида дар биёбони Яҳудо зиндагӣ мекард.
Дар ин ҷо, дар биёбон, ки ҳеҷ чиз набояд диққати ӯро аз андешаҳои рӯҳонӣ дур кунад, Яҳё хост оромии комил пайдо кунад ва ба Худо гӯш диҳад.
– Ба Урдун бирав ва дар он ҷо мавъиза кун! –овози Худоро шунид ӯ. Худо ҳамчунин ба ӯ гуфт, ки дар бораи чӣ башорат додандаркор аст.
Яҳё ба ҳамаи одамоне ки дар шаҳру деҳоти водии Урдун зиндагӣ мекарданд, чунин муроҷиат менамуд:
– Тавба кунед! Ҳаёти худро дигаргун намоед! Подшоҳии Худо ба замин меояд! Он ба қарибӣ фаро мерасад, тайёр бошед! Шумо набояд он тавре ки ҳастед, бимонед!
Дар аввал одамон даъватҳои ӯро аҷиб меҳисобиданд. Баъзеҳо Яҳёро тамасхур мекарданд, дигарон аз суханони ӯ асабонӣ мешуданд. Аммо касоне низ буданд, ки ҳис мекарданд, ки ин шахс аз ҷониби Худо мавъиза мекунад.
– Таъмид гиред! – даъват мекард онҳоро Яҳё. – Ман шуморо бо ғӯта дар оби Урдун таъмид медиҳам. Ин нишонаи он аст, ки дар об пок шуда, шумо на танҳо ифлосиро аз худ дур мекунед, балки ба ҳама изҳор менамоед, ки тарзи зиндагии пештараро тарк мекунед. Таъмид бояд барои шумо ибтидои ҳаёти нав шавад.
Бисёр касон таъмид мегирифтанд. Онҳо ба дӯстон ва шиносҳо нақл менамуданд, ки аз ин лаҳза ҳаёти навро сар кардан мехоҳанд. Суханони онҳо боиси кунҷковии шунавандагон мешуданд, ва онҳо хоҳиш пайдо мекарданд, ки худашон бо Яҳё шинос шаванд.
Баъзеҳо аз Яҳё мепурсиданд:
– Гӯш кун! Бо кадом ҳуқуқ ту одамонро таъмид медиҳӣ ва аз онҳо талаб мекунӣ, ки ҳаёташро дигаргун кунад? Магар ту Писари Худо ҳастӣ, ки дар бораи ӯ пайғамбарон мегуфтанд?
– Не, – ҷавоб дод Яҳё, – ман Он Кас нестам, ки шумо дар борааш мегӯед. Агарчи дар бораи ман низ пайғамбарӣ буд. Чандин солҳо пештар пайғамбар Ишаъё гуфта буд: «Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, роҳҳои Ӯро рост кунед». Ин дар бораи ман аст. Ман шуморо бо об таъмид медиҳам. Аммо Касе ки баъд аз ман меояд, бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад.
Ҳангоме ки Яҳё гап мезад, ӯ Роҳгузареро дид, ки ба зич истодани одамон наздик мешуд. Яҳё мавъизаро бас карда, аз болои сарҳои одамон Ӯро мушоҳида менамуд. Ҳозирон нигоҳи ӯро пайхас намуда, ба тарафи Роҳгузар нигаристанд. Роҳгузар дар ин вақт ба мардуми зиёде наздик шуд. Одамон ба Ӯ роҳ доданд, то гузарад. Он гоҳ Яҳё гуфт:
– Бубинед: инак Барраи Худо, ки гуноҳҳои ҷаҳонро ба Худ мегирад!
– Ӯ чӣ мегӯяд? – бо ҳайрат мепурсиданд одамон аз якдигар.
– Барраи Худо? Инро чӣ тавр бояд фаҳмид?
– Умуман Ӯ кист?
Овози баланди Яҳё боз диққати ҳозиронро ҷалб намуд:
– Касе ки баъд аз ман меояд, барои Подшоҳии Худо аз ман хеле муҳимтар аст. Он қадар муҳимтар, ки ман сазовор нестам банди пойафзоли Ӯро кушоям. Имрӯз пайғамбарӣ иҷро шуд. Инак он Касе ки ман дар бораи Ӯ гуфтам! – ва ба Исо, ки оҳиста ба Ӯ наздик мешуд, ишора кард. Ба назди Яҳё омада, Исо гуфт:
– Ман барои он омадам, ки ту Маро таъмид диҳӣ.
– Ман туро таъмид диҳам? – ҳайрон шуд Яҳё. – Охир, худи ман бояд аз ту таъмид гирам!
– Бояд чунин шавад, Яҳё. Худо инро мехоҳад.
Ҳар ду ба дарёи Урдун даромаданд. Яҳё дасташро ба сари Исо гузошта, Ӯро ба об ғӯтонд, чунон ки бо бисёр касони дигар мекард. Аммо ин ҷо як чизи ғайриодӣ рӯй дод: ҳангоме ки Исо аз об берун шуд, Рӯҳулқудс аз осмонҳо дар шакли кабӯтар бар Ӯ фуруд омад. Ва баъд ҳама овозеро шуниданд:
– Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман, ки ҳусни таваҷуҳи ман бар ӯст!
Яҳё кори ба ӯ супоридашударо иҷро намуд. Ӯ ба одамон гуфт, ки Наҷотдиҳанда меояд. Ва инак Ӯ дар ин ҷост: Исо аз Носира, Писари Худо. Аммо ин маънои онро надошт, ки ҳамаи яҳудиён ногоҳ ба Худованд имон оварданд. Не, фақат баъзе касон Ӯро Устоди худ эътироф намуданд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволЯҳё солҳои зиёд дар куҷо зиндагӣ мекард?
Кӣ ба ӯ гуфт, ки одамонро таъмид диҳад? Кӣ гуноҳро «шустан» метавонад?
Ҳангоме ки Исо таъмид гирифт, Худо Падар аз осмонҳо чӣ гуфт?