
Исо дар оила
Китоби Муқаддас, Инҷили Луқо, боби 2, оятҳои 40-52
“Ва Кӯдак калон шуда, рӯҳаш пурзӯр мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ӯ буд… Ва Исо дар ҳикмат ва дар қомат ва дар писандидагӣ назди Худо ва одамон пешрафт мекард”.
Исо дар Носира дар хонаи Юсуфи дуредгар ба воя мерасид. Ҳангоме ки Ӯ 12-сола шуд, Юсуф ва Марям Исоро бо худ ба иди Фисҳ ба Уршалим бурданд.
Ҳар сол яҳудиён иди Фисҳро ҷашн мегирифтанд ва ин воқеаро бо хушнудӣ интизор мешуданд. Баъзеи онҳо ба Уршалим ба сафари якчандрӯза мерафтанд, ва дар он ҷо ҳамроҳи яҳудиён аз бисёр кишварҳо дар тантанаҳои парастишӣ иштирок мекарданд. Дар он ҷо онҳо Худоро, ки халқи Худро дӯст медошт ва ба он ин қадар бисёр вақт мадад мерасонд, ситоиш мекарданд. Ҳама бо ҳаяҷони идона фаро гирифта шуда буданд, аммо махсусан бачагоне ки соли гузашта 12-сола шуда буданд, шодӣ мекарданд. Чунки онҳо бори аввал ҳуқуқ пайдо мекарданд, ки дар ин иди тантананок иштирок кунанд.
Ин дафъа волидон Исоро бо худ гирифта, ҳамроҳи ҳамсояҳо ба Уршалим равона шуданд. Дар вақти сафар Ӯ бисёр чизҳоро дид ва шунид. Дар роҳ ба сӯи Уршалим бисёр чизҳои шавқовар во мехӯрданд, аммо намуди худи шаҳр аз ҳамаи интизориҳо бештар буд. Ибодатгоҳи олидараҷа ва ҳазорон овозҳо, ки ба ҳам як шудаанд. Исо пеш аз ҳама ба он шавқ дошт, ки парастишҳо дар ибодатгоҳ чӣ тавр мегузаранд. Ба волидон лозим омад вазифаву таъйиноти ҳамаи амалҳоро фаҳмонанд. Гоҳо Ӯ бо ҳамсоягон мемонд, ки ҳамроҳи онҳо ба ин ҷо омада буд, ва бегоҳиҳо боз назди волидон меомад.
Ид ҳафт рӯз давом кард. Пас аз анҷоми рӯзҳои ид корвони зиёраткунандагон ба роҳи бозгашт равона шуд. Марям ва Юсуф фикр карданд, ки Ӯ, эҳтимол, аллакай бо ҳамсояҳо равона шудааст, охир Ӯ бисёр вақт бо онҳо буд. Ташвиш накашида, онҳо ба роҳ баромаданд. Бегоҳӣ онҳо ба дигар зиёраткунандагон аз Носира расида гирифтанд. Аммо маълум шуд, ки Исо дар байни онҳо нест! Чӣ бояд кард?
Ба Уршалим бозгаштан лозим омад! Онҳо Ӯро дар ҳама ҷо меҷустанд ва аз ҳар касе ки ба онҳо во мехӯрд, мепурсиданд, ки оё писараки дувоздаҳсоларо надидаанд? Бисёриҳо писаракони ин синну солро дида буданд, аммо роҳгузарон намедонистанд, ки оё дар байни онҳо Ҳамоне ки онҳо меҷустанд, буд ё не. Ва онҳо ҳамчунин ҷавоб додан наметавонистанд, ки ҳозир Ӯ дар куҷо буда метавонист.
Юсуф ва Марям хеле хавотир шуданд. Онҳо торафт бештар ба изтироб меафтоданд. Дар охир онҳо қарор доданд, ки бори дигар ба ибодатгоҳ дароянд, ба ҳамон қисми он, ки китобдонон дар бораи Навиштаи Муқаддас сӯҳбатҳо мекарданд. Ба фикри Юсуф ва Марям, Исо набояд дар он ҷо мебуд. Писарак дар байни ҷамъияти олимон чӣ кор мекунад?! Охир Ӯ аз сӯҳбатҳои онҳо ҳеҷ чиз фаҳмида наметавонист, ва албатта он ҷо барои Ӯ дилгиркунанда мебуд.
Аммо дар асл ҳамааш тамоман дигар хел буд: онҳо писарашонро дар ибодатгоҳ дар байни олимон ёфтанд. Марям ва Юсуф ба чашмон ва гӯшҳои худ бовар карда наметавонистанд. Исо ба китобдонон саволҳое медод, ки олимон ба онҳо бо душворӣ ҷавоб медоданд, ва ҳангоме ки худи онҳо аз Ӯ дар бораи чизе мепурсиданд, Ӯ ҷавобҳои хирадмандона медод. Пас аз ҳар яке аз чунин ҷавобҳо муаллимон бо ҳайрат сар меҷунбонданд ва аз хиради ин писарак ҳайрон мешуданд.
Марям ва Юсуф писарашонро бо хушнудӣ ва Ӯро оғӯш карданд. Аммо баъд Марям бо оҳанги сарзаниш пурсид:
– Ту дар куҷо будӣ? Мо Туро ин қадар ҷустуҷӯ кардем!
Исо ҷавоб дод:
– Тамоми ин муддат Ман дар ин ҷо будам. Магар шумо намедонистед, ки Ман дар ин ҷоям, дар хонае ки ба Падари осмонии Ман таалуқ дорад?
Юсуф ва Марям суханони Ӯро нафаҳмиданд. Онҳо писарашонро гирифта, ба Носира равон шуданд.
Исо ба воя расида, ҳар сол торафт хирадмандтар мешуд. Ӯ падару модарашро дӯст медошт, ба онҳо гӯш медод ва боз ҳаждаҳ сол дар итоати онҳо буд. Модараш Марям суханони Исоро, ки Ӯ ҳангоми дар ибодатгоҳ буданаш гуфт, барои тамоми умр дар ёд нигоҳ дошт ва борҳо дар бораи онҳо фикр мекард.
Саволҳо барои муҳокима
4 саволЯҳудиён бояд ба кадом ид ба Уршалим мерафтанд?
Дар кадом синну сол писараконро бо худ ба ибодатгоҳ ба иди Фисҳ мебурданд?
Ҳангоме ки Юсуф ва Марям Исоро гум карданд, Ӯ дар куҷо буд ва бо чӣ кор машғул буд?
Пас аз сафари аввалин ба ибодатгоҳ, Исо боз чанд сол дар Носира дар итоати падару модар зиндагӣ кард?