Дониёл дар Дарбори дорёвеш

Дониёл дар Дарбори дорёвеш

Китоби Муқаддас, китоби Дониёл, боби 6

«Ҳамаи нозирони мамлакат… маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки… чунин фармони манъро дастгирӣ намоянд, ки ҳар кӣ то сӣ рӯз аз ягон худо ё одам, ҷуз аз ту, эй подшоҳ, илтимосе кунад, дар чоҳи шерон андохта шавад…»

Бар подшоҳии нав, подшоҳии Мод ва Форс, подшоҳ Куруш ҳукмрон буд, ва ӯ бар Бобил Дорёвеши модиро подшоҳ гузошт. Дорёвеш саду бист ноиб таъйин намуд, ки бояд барои ӯ кишварро идора мекарданд. Ва бар онҳо се амир буданд, ки тартиботро дар кишвар назорат мекарданд. Яке аз ин амирон Дониёл буд.

Подшоҳ Дорёвеш Дониёлро хеле баланд қадр мекард, аммо дар дарбор одамоне буданд, ки ба муваффақиятҳои ӯ ҳасад мебурданд. Ва инак он чи онҳо карданд. Боре онҳо назди подшоҳ омаданд ва гуфтанд:

– Эй подшоҳ, бигузор рӯзҳои ту афзун шаванд! Ту подшоҳи тавоно, олиҳиммат ва пурмарҳамат ҳастӣ. Ҳамаи одамон бо марҳамати ту зиндагӣ мекунанд. Аммо бисёр касон дар ин бора намедонанд. Аз ҳамин сабаб мо дар хусуси он фикр кардем, ки чӣ кунем, ки олиҳимматӣ ва марҳамати ту ба ҳама маълум шавад. Ту бояд фармоне барорӣ, ки мувофиқи он дар давоми як моҳ ҳеҷ кас дар кишвар аз ҳеҷ кас марҳамат дархост карда наметавонад, на аз одам, на аз худо. Фақат аз ту дар хусуси чизе дархост кардан мумкин аст. Ва он гоҳ ба ҳама аён мешавад, ки то чӣ андоза ту пур аз марҳамат ҳастӣ.

– Ин фикри хуб аст, – гуфт подшоҳ. – Ман ин фармонро имзо мекунам. Ва ҳар касе ки онро вайрон кунад, ба чоҳи шерон меафтад.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Подшоҳи нави Бобил кӣ буд? Ӯ чӣ ном дошт?

  2. Дониёл чӣ вазифа гирифт?

  3. Дорёвеш чӣ фармонеро имзо карданӣ буд?

47. Дониёл дар Дарбори дорёвеш00:00 / 02:54