
Дониёл дар чоҳи шерон
Китоби Муқаддас, китоби Дониёл, боби 6
“Бомдодон, баробари кафидани чашми рӯз, подшоҳ бархоста, шитобон сӯи чоҳи шерон рафт. Ва ҳангоме ки ба чоҳ наздик шуд, бо овози маҳзунона сӯи Дониёл фарёд зад… Эй Дониёл, бандаи Худои зинда! Худои ту, ки Ӯро ҳамеша ибодат менамоӣ, оё тавонист туро аз шерон халос кунад? “
Фармонҳои форсҳо ва модиҳо бо он фарқ мекарданд, ки онҳо тағйирнопазир буданд. Ҳатто худи подшоҳ, ки фармонро имзо карда буд, ҳақ надошт онро дигаргун кунад. Албатта, Дониёл ба зудӣ дар бораи ин фармони нав фаҳмид. Бо вуҷуди ин ӯ чун ҳамеша ҳар рӯз се бор дар назди Парвардигор ба зону истода дуо мегуфт. Тирезаҳои хонае ки ӯ дар он дуо мегуфт, кушода буданд, аз ҳамин сабаб дар берун, ки дарбориён он ҷо буданд, овози ӯ хуб шунида мешуд. Ходимон ба хонаи ӯ даромада, ӯро дастгир карданд.
Ба зудӣ пас аз ин онҳо аллакай дар назди подшоҳ Дорёвеш истода буданд ва ба ӯ дар бораи он чи онҳо диданд ва шуниданд, хабар медоданд. Подшоҳ хеле ғамгин шуд.
– Ин тавр буда наметавонад! – ба худ омада нидо кард подшоҳ. – Шумо ба дӯсти ман ва беҳтарин волии ман тӯҳмат карда истодаед... Ман ба ин роҳ намедиҳам!
– Аммо, эй подшоҳи бузург, мо ба ӯ ҳеҷ бадӣ намехоҳем! – ҷуръат карда,ҷавоб дод яке аз онҳо. – Фақат қонун инро талаб мекунад.
– Ту дурӯғ мегӯӣ! – нидо кард подшоҳ. – Шумо мехоҳед Дони- ёлро аз мансаб дур кунед, аз ҳамин сабаб маро водор намудед, ки ин фармонро имзо кунам! Аз пеши назари ман дур шавед!
Дорёвеш чӣ кор карданашро намедонист. Тамоми рӯзӯ фикр кард ва бо вазирону дӯстонаш маслиҳат кард. Аммо ҳеҷ кас намедонист, ки чӣ тавр ин фармонро риоя накардан мумкин аст. Подшоҳ Дорёвеш ғамгин шуда, назди Дониёл рафт, ки аллакай дар назди чоҳи шерон истода буд. Ҳангоме ки ҷинояткорро ба қатл маҳкум мекарданд, ба шерҳо дар давоми якчанд рӯз хӯрданӣ намедоданд, то ки онҳо то ҳадди имкон бадхашмтар шаванд.
Дорёвеш бо дили вазнин дасташро ба китфи Дониёл гузошт.
– Бигузор акнун Худои ту, ки Ӯро парастиш мекунӣ, ба ту ёрӣ диҳад. Аммо ман ҳеҷ кор карда наметавонам.
Ва подшоҳ ишора кард, ва мувофиқи он Дониёлро ба чоҳ партофтанд.
Тамоми рӯз Дорёвеш ҳеҷ чиз нахӯрд, ва шабона хобида натавонист. Ҳамин ки офтоб баромад, ӯ ба сӯи чоҳи шерон шитофт:
– Дониёл! – ҷеғ зад подшоҳ бо овози ларзон. – Дониёл, ту ҳанӯз зиндаӣ? Оё Худоят туро наҷот дод?
Аз чоҳ овози пасти Дониёл шунида шуд:
– Ҳа, подшоҳам! Худо Фариштаи Худро фиристод, ки даҳони шеронро баст, ва онҳо ба ман зарар нарасонданд.
Дониёлро ҳамон замон аз чоҳ бароварданд; ӯ тамоман осеб надида буд. Подшоҳ хеле хурсанд шуд ва дилаш осуда шуд. Ба қаср баргашта, ӯ фармуд, ки душманони Дониёлро дарҳол ба чоҳи шерон партоянд. Ва баъд ба ҳамаи ходимон дар ҳамаи қисмҳои кишвараш навишт:
– Фармон медиҳам, ки ҳамаи сокинони подшоҳии ман Худои Дониёлро иззату эҳтиром намоянд, чунки Ӯ Худои зинда аст. Ӯ метавонад наҷот диҳад ва муъҷизаҳо ба амал оварад. Подшоҳии Ӯ аз подшоҳии ман беандоза калонтар аст, ва он абадан вуҷуд хоҳад дошт.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволҲангоме ки Дониёл дар бораи фармони нави Дорёвеш фаҳмид, чӣ кор кард?
Пеш аз он ки Дониёлро ба чоҳи шерон партоянд, Дорёвеш ба ӯ чӣ гуфт?
Дорёвеш пас аз наҷоти Дониёл чӣ фармон баровард?