
Базми Балтшасар
Китоби Муқаддас, китоби Дониёл, боби 5
"Дар ҳамон соат ангуштҳои дасти одам пайдо шуда, дар рӯ ба рӯи чароғдон, бар гаҷи девори қасри подшоҳ навишт, ва подшоҳ кафи дастро, ки менавишт, дид".
Пас аз марги Набукаднесар Балтшасар подшоҳи Бобил шуд.
Ӯ базм оростан ва хуш гузарондани вақтро он қадар дӯст медошт, ки дар қасри худ базм ташкил кард, дар ҳоле ки душманонаш шаҳри Бобилро муҳосира карда буданд.
Садҳо аъёну ашрофи кишвар ба базм омаданд, ки дар он май чун дарё мерехт. Балтшасар маст шуда, фармуд, ки зарфҳои тилло ва нуқраро, ки Набукаднесар, падараш, аз ибодатгоҳи Ерусалим оварда буд, биёранд, то ки меҳмононаш аз ин зарфҳои муқаддас бинӯшанд. Дар айни ҳол онҳо қувваи бутҳои худро ситоиш менамуданд ва гумон доштанд, ки ин бутҳо метавонанд онҳоро аз душманонашон ҳимоя кунанд.
Ногоҳ дар толор хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Подшоҳ ва меҳмононаш бо даҳшат ба сӯи яке аз деворҳо менигаристанд, ки бар он дасти одамӣ суханони пурасрорро менавишт. Аммо ҳеҷ кас он суханони навишташударо хондан ва фаҳмидан наметавонист. Ранги рӯи подшоҳ сафед шуд, зонуҳояш ба ларза омаданд. Ӯ ҳанӯз маънои суханони навишташударо намедонист, аммо ба ӯ фаҳмо буд, ки ҳамаи ин барои ӯ ҳеҷ хубӣ намеоварад.
Ӯ бо овози баланд дод зада, фармуд, ки ҳакимон ва ҷодугарони бобилиро биёранд. Ӯ ба онҳо чизҳои зиёде ваъда кард, агар онҳо он навиштаро хонда маънояшро гӯянд, аммо ҳакимон ин корро карда натавонистанд. Модараш ба ӯ гуфт, ки дар кишвар Дониёл ном шахсе ҳаст, ки рӯҳи Худои муқаддас дар ӯст. Ва дар замони худ ҳанӯз подшоҳ Набукаднесар ӯро сарвари ҳамаи ҳакимони кишвари худ таъйин карда буд.
Ҳангоме ки Дониёлро назди Балтшасар оварданд, ӯ пурсид:
– Ман шунидаам, ки ту хирадманд ва оқил ҳастӣ ва рӯҳи Худо дар туст. Ҳакимони Бобил маънои ин суханонро ба ман фаҳмонда натавонистанд. Агар ту ин корро карда тавонӣ, ман ба ту мукофот медиҳам.
Аммо Дониёл ҷавоб дод:
– Тӯҳфаҳо бигузор бо ту бимонанд, ва иззату эҳтиромро ба ягон каси дигар деҳ! Ман бе ҳамаи ин ба ту ин навиштаро мехонам ва маънояшро мегӯям.
Дониёл давом медод:
– Худо бар ҳамаи подшоҳон ва халқҳо ҳукмфармост. Аммо ту, Балтшасар, дили худро дар назди Худо фурӯтан накардӣ, балки бо ҳавобаландӣ ва густохӣ ту ва аъёну ашрофонат, занҳоят аз зарфҳои хонаи Худо нӯшидед. Ва шумо худоёни тиллоӣ ва нуқрагин, сангин ва чӯбинро, ки намебинанд ва намешунаванд, ситоиш намудед. Аммо Худоеро, ки ба ту ҳаёт ато кардааст ва ҳамаи роҳҳои туро дар даст нигоҳ медорад, ту ҷалол надодӣ. Аз ҳамин сабаб аз ҷониби Ӯ дасте фиристода шуд ба ин суханон навишта шуданд: МЕНЕ, МЕНЕ, ТЕКЕЛ, УПАРСИН. Инак маънои ин суханон:
«Худо рӯзҳои подшоҳии туро ҳисоб карда, онҳоро ба охир расонидааст. Ту дар тарозу баркашида шуда, хеле сабук баромадаӣ. Подшоҳии ту тақсим карда шуда, ба форсҳо ва модҳо дода шудааст».
Худи ҳамон шаб Балтшасар кушта шуд, ва Бобилро подшоҳи Форс Куруш забт намуд. Ҳамин тавр подшоҳии тавонои Бобил барҳам хӯрд.
Саволҳо барои муҳокима
4 саволПодшоҳ Балтшасар ҳангоми дар муҳосира будани Бобил бо чӣ кор машғул буд?
Ҳангоми базм аз кадом зарфҳо менӯшиданд?
Балтшасар ва дарбориёнаш чӣ воқеаро диданд? Кӣ онро ба Балтшасар фаҳмонд?
Мушкилии асосии Балтшасар дар чӣ буд? Бо ӯ чӣрӯй дод?