
Кӯраи оташ
Китоби Муқаддас, китоби Дониёл, боби 3
"Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ба подшоҳ Набукаднесар ҷавоб гардонда, гуфтанд: …Моро Худое ҳаст, ки Ӯро ибодат менамоем, ва Ӯ қодир аст моро аз кӯраи оташи сӯзон бираҳонад, ва аз дасти ту, эй подшоҳ, низ раҳо хоҳад кард".
Подшоҳ Набукаднесар ба зудӣ фаромӯш кард, ки Худои Дониёл – ягона Худои ҳақиқӣ аст. Ӯ фармуд, ки муҷассамаи тиллоӣ созанд, то ки ҳама онро парастиш кунанд. Ид барпо намуданд, бисёр меҳмононро даъват намуданд, аз он ҷумла дӯстони Дониёлро. Эълон карданд, ки ҳангоме мусиқӣ садо диҳад, ҳама бояд ба замин афтода ба муҷассама саҷда кунанд, ва касе ки чунин накунад, ба кӯраи тафсон партофта мешавад.
Ид сар шуд, мусиқӣ навохта шуд, ҳама ба замин афтода, ба муҷасамаи тиллоӣ саҷда карданд. Ҳама, ғайр аз се ҷавони яҳудӣ. Хизматгорон дар ин бора ба подшоҳ хабар расонданд. Подшоҳ хашмгин шуда, фармуд, ки онҳоро назди ӯ оваранд ва ба онҳо интихоберо пешниҳод намуд:
– Ё ин ки шумо ба муҷассамаи тиллоӣ саҷда мекунед, ё ба кӯраи тафсон партофта мешавед! Ва он гоҳ кадом Худо шуморо аз дасти ман халос карда метавонад?
Аммо Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ба подшоҳ гуфтанд:
– Худои мо, ки мо Ӯро парастиш мекунем, агар хоҳад, моро аз кӯраи тафсон ва аз дастони ту халос карда метавонад. Аммо ҳатто агар Ӯ чунин карда нахоҳад, он гоҳ ҳам мо худоёни туро парастиш намекунем ва ба муҷассамаи тиллоӣ саҷда намекунем!
Дар ҷавоб ба ин суханон Набукаднесар фармуд, ки кӯраро аз оташи муқаррарӣ ҳафт баробар бештар оташ диҳанд. Ӯ ба сарбозони боқувваттарин фармуд, ки се ҷавонро баста, ба кӯраи тафсон партоянд. Оташи он кӯра чунон тафсон буд, ки он сарбозонро кушт. Подшоҳ инро мушоҳида мекард ва бо ҳайрат дид, ки дар кӯра як чизи аҷиб рӯй дода истодааст. Ӯ шитобон бархест ва аз мушовирони худ пурсид:
– Оё мо се ҷавони басташударо ба кӯра напартофтем?
– Ҳа, – гуфтанд онҳо.
– Аммо ман мебинам, ки чор кас дар байни оташ озодона мегарданд, ва ба онҳо осебе нарасидааст! Ва намуди марди чорум ба писари Худо монанд аст, – гуфт Набукаднесар.
Ӯ ба назди кӯра рафта,фарёд зад:
– Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, бандагони Худои Таоло! Бароед! Ин ҷо биёед!
Он гоҳ се ҷавон аз оташ берун баромаданд ва ба подшоҳ наздик шуданд. Ҳамаи мушовирони подшоҳ, ки дар гирди ӯ буданд, диданд, ки оташ ҳатто мӯеро дар сари онҳо насӯзондааст, либосашон насӯхтааст, ва ҳатто бӯи оташ ба онҳо нарасидааст. Ин муъҷизаи бузурге буд, чунки ҷанговарони боқувват, ки дар назди кӯра буданд, мурда буданд, аммо ба инҳо зараре нарасидааст.
Набукаднесар маҷбур буд тавоноии Худоеро, ки ҷавонони яҳудӣ онҳоро парастиш мекарданд, эътироф намояд. Ӯ гуфт:
– Муборак аст Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, ки фариштаи Худро фиристода, бандагони Худро, ки ба ӯ умед баста буданд, наҷот додааст. Онҳо тайёр буданд аз ҳаёт маҳрум шаванд, аммо ба ҳеҷ худои дигар, ғайр аз Худои худашон, ибодат ва саҷда накунанд!
Набукаднесар ба се нафар дӯстон вазифаҳояшонро баргардонд ва сазовори иззату эҳтироми зиёд гардонд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволПодшоҳ Набукаднесар чӣ фармон баровард?
Чаро дӯстони Дониёл ба муҷассамаи тиллоӣ саҷда кардан нахостанд?
Худо онҳоро чӣ тавр наҷот дод? Набукаднесар наҷот ёфтани онҳоро дида, чӣ гуфт?