
Дониёл ва дӯстони ӯ
Китоби Муқаддас, китоби Дониёл, боби 1
"Вале Дониёл дар дили худ паймон кард, ки худро бо хӯроки дастурхони подшоҳ ва бо шаробе ки ӯ менӯшад, нопок накунад, бинобар ин аз сардори хоҷасароён иҷозат пурсид, то ки нопок нашавад. Ва Худо эҳсон ва марҳаматро дар ҳузури сардори хоҷасароён ба Дониёл ато намуд…"
Дар дарбори Набукаднесар якчанд ҷавонони яҳудӣ,аз авлодони амирон ва ашрофон, зиндагӣ мекарданд. Ва подшоҳ дар хусуси онҳо нақшае дошт. Ӯ қарор дод, ки ин ҷавононро дар давоми се сол таълим дода, ба онҳо забони калдонӣ ва илмҳои гуногунро омӯзонад, то ки дар оянда онҳо дар идора кардани империяи бузург мададгорони ӯ шаванд. Ин ҷавонон Дониёл, Ҳанониё, Мишоил ва Азарё ном доштанд. Аммо барои он ки ҳеҷ чиз аз аслу насаби яҳудии онҳо ёдрас накунад, ба онҳо номҳои бобилӣ
доданд: Балтшасар, Шадрак, Мешак ва Абднаҷу.
Дӯстон, дар асорат буда, ба Худо имон доштан ва ба Ӯ дуо гуфтанро давом медоданд. Аз худи аввал, бо вуҷуди таҳдиди марговар, онҳо қарор доданд, ки аз дастурхони подшоҳ хӯрок ва май нахӯранд, то ки нопок нашаванд.
Худо мардонагӣ ва вафодории ин ҷавононро баракат дод ва ба онҳо дар омӯзиш хирад, дониш ва лаёқатҳо, ва низ зебоии зоҳирии махсус ато намуд. Дониёл аз Худо атои махсус гирифт – бо ёрии Рӯҳи Худо ӯ хобҳо ва рӯъёҳоро маънидод карда метавонист. Боре ӯ хоби Набукаднесарро, ки ҳеҷ кас онро маънидод карда наметавонист, маънидод намуд. Подшоҳ аз ин ҳайрон шуда буд, аммо Дониёл гуфт, ки ин лаёқат аз худи ӯ нест, ин аторо ба ӯ Худо додааст. Набукаднесар Худои ҳақиқиро, ки Дониёл ӯро мепарастид, ҳамду сано хонд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволПодшоҳ Набукаднесар киҳоро дар қасри худ сокин намуд? Онҳо чӣ номҳо доштанд?
Ӯ дар хусуси ин ҷавонон чӣ нақшае дошт?
Ҷавонон чӣ қарор қабул карданд?