
Асорати бобилӣ
Китоби Муқаддас, китоби 4-уми Подшоҳон, боби 24
"Дар он замон навкарони Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба Уршалим наздик омаданд, ва шаҳр иҳота карда шуд.… Ва тамоми хазинаҳои хонаи Парвардигор ва хазинаҳои хонаи подшоҳро аз он ҷо берун овард... Ҳамаи бузургони мамлакатро ба асирӣ гирифта, аз Уршалим ба Бобил бурд".
Аз он вақте ки подшоҳ Сулаймон бар кишвари бузург ва сарватманд ҳукмронӣ мекард, зиёда аз сесад сол гузашт. Пас аз марги ӯ подшоҳӣ ба ду қисм ҷудо шуд. Албатта, шаҳри асосӣ ҳанӯз ҳам Уршалим буд. Дар он ҷо қасри подшоҳ буд, ва,аз ҳама муҳим, дар он ҷо ибодатгоҳ буд, ки онро Сулаймон сохта буд. Акнун ин сарзамин Яҳудо ном дошт.
Мутаассифона, ҳам подшоҳ, ҳам халқ аз роҳи Худо берун шуда буданд, фармудаҳои Ӯро иҷро намекарданд ва худоёни ғайрияҳудиёнро, бутҳоро парастиш менамуданд. Пайғамбарони Худо халқро сарзаниш мекарданд ва ба тавба даъват менамуданд аммо ҳеҷ кас ба онҳо гӯш намедод.
Ва баъд доварии Худо омад ва бобилиён бар кишвар ҳукмфармо шуданд.
Набукаднесар, подшоҳи Бобил, душмани хатарноктарини яҳудиён буд. Ӯ ба Уршалим бо лашкари худ омада, подшоҳро асир кард, ҳамаи зарфҳои тилло ва нуқраро аз ибодатгоҳ гирифт ва онҳоро ба бутхонаи худои худ дар Бобил гузошт. Бобилиён ҳамчунин ҳамаи ганҷҳоро аз ибодатгоҳ ва қасри Сулаймон гирифтанд. Онҳо қасри подшоҳ, ибодатгоҳ ва ҳамаи хонаҳои бузургону ашрофи яҳудиро ғорат карда, оташ заданд.
Набукаднесар ҷавонон, писарони подшоҳ ва амирони яҳудӣ, ҳафт ҳазор беҳтарин сарбозони яҳудӣ, ва низ ҳамаи дуредгарон ва оҳангаронро асир карда ба Бобил бурд.
Ҳамин тавр Яҳудо ва Уршалим зери итоати Набукаднесар монданд.
Парвардигор ҳамин тариқ бар халқи беитоат ва гуноҳкори худ довариро ба амал овард. Дар асорат буда, халқи Исроил бояд дарк менамуд, ки Парвардигор Худои ҳақиқӣ аст,ва бутҳо – худоёни дурӯғин.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволОё халқ ба Парвардигори худ вафодор буд?
Душмани асосии яҳудиён кӣ буд?
Бобилиён бо Уршалим чӣ кор карданд?