Тавба кардани сокинони Нинве

Тавба кардани сокинони Нинве

Китоби Муқаддас, китоби Юнус, боби 3

"Ва мардуми Нинве ба Худо имон оварданд, ва рӯза эълон карданд, ва аз калонашон то хурдашон палос пӯшиданд… Шояд, Худо бозгашт намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем".

Пас аз якчанд ҳафта Юнус аллакай дар кӯчаҳои шаҳри калон гашта, дар ҳама ҷо он чиро, ки Худо ба ӯ гуфт, мавъиза менамуд:

– Пас аз чил рӯз Нинве хароб карда мешавад.

Боиси ҳайрат буд, ки ҳеҷ кас ӯро масхара намекард. Ҳеҷ кас ба ӯ ҳуҷум намекард ва таҳдид наменамуд. Баръакс – одамон ба суханони ӯ бовар мекарданд. Ҳукме ки онҳо шуниданд, одилона буд: онҳо ба бисёр кишварҳо ҳуҷум карда, бисёр бадӣ карда буданд. Ва онҳо фаҳмиданд, ки ҳамаи ин бадӣ бе ҷазо монда наметавонад.

Подшоҳ низ дар бораи пайғамбар ва дар бораи мавъизаи доварӣ шунид.

– Бигузор ҳамаи одамон ба Худо дуо гӯянд, – фармуд ӯ. – Шояд, Ӯ моро бахшад. Бигузор ҳама рӯза гиранд, ва ҳамчун нишонаи он ки онҳо тавба кардаанд, ба ҷои либосҳои гаронбаҳо бигузор аз палос либос пӯшанд.

Ҳангоме ки чил рӯз гузашт, Юнус дар яке аз теппаҳо дар назди шаҳр интизори он буд, ки Нинве хароб карда мешавад. Аммо ҳеҷ чиз рӯй надод. Рӯз ба охир мерасид, аммо Нинве ҳанӯз побарҷо буд. Ва Юнус хашмгин шуд. Пас чаро ӯ чил рӯз доварии Худоро мавъиза намуд? Одилона мебуд, ки сокинони бадкирдори Нинве ҳалок мешуданд.

Дар теппае ки Юнус боз истода буд, хеле гарм буд, ва ин низ Юнусро хашмгин мекард. Аммо ҳангоме ки рӯзи дигар ӯ бедор шуд, дар қарибӣ растании калонеро дид. Дар сояи баргҳои он Юнус худро хеле беҳтар ҳис кард.

Худо чунин кард, ки растанӣ дар ин ҷо ин қадар зуд сабзид. Аммо рӯзи дигар Ӯ чунин кард, ки растанӣ хушк шуд.

Юнус аз ин чунон ошуфтаҳол шуд, ки тайёр буд мурад. Он гоҳ Худо ба ӯ гуфт:

– Ана мебинӣ, ту барои растанӣ, ки барои он меҳнат накардаӣ ва насабзондаӣ, афсӯс мехӯрӣ. Пас чӣ тавр Ман афсӯс нахӯрам, агар ин қадар одамон ва ҳайвонҳо дар Нинве ҳалок шаванд?

Он гоҳ Юнус фаҳмид, ки Парвардигор то чӣ андоза пурсабр ва пур аз марҳамат аст ва то чӣ андоза Ӯ бо майли зиёд мебахшад.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Юнус дар Нинве дар бораи чӣ мавъиза мекард?

  2. Сокинони Нинве ба мавъизаи ӯ чӣ гуна рафтор намуданд?

  3. Парвардигор бо Нинве чӣ кард?

42. Тавба кардани сокинони Нинве00:00 / 04:20