Гурехтани Юнус

Гурехтани Юнус

Китоби Муқаддас, китоби Юнус, бобҳои 1-4

"Ва каломи Парвардигор ба самъи Юнус ибни Амитай расид, ки мегуфт: "Бархез, ба Нинве – шаҳри бузург – бирав ва дар он мавъиза намо, зеро ки бадкории онҳо то ба пеши Ман баромадааст". Ва Юнус бархост, то ки аз пеши Парвардигор ба Таршиш бигрезад…"

Дар замонҳои қадим барои ба подшоҳон ё ба халқҳо расондани паёми Худ, Парвардигор одамони махсусро – пайғамбаронро интихоб менамуд. Онҳо бояд фармонҳои Ӯро иҷро мекарданд. Яке аз чунин пайғамбарон Юнус ном шахс буд.

Боре Худо ба ӯ фармони ғайриодӣ дод.

– Юнус, – гуфт Худо, – ба Нинве равона шав ва дар он ҷо мавъиза кун!

Аввал Юнус фикр кард, ки нодуруст шунидааст. Ба Нинве? Нинве шаҳри калонтарини Ашшур, давлати бузург ва тавонои ҳамсоя буд. Башорат додан дар он ҷо ғайриимкон аст! Сокинони он кишвар ба ӯ гӯш надода, ӯро масхара мекунанд. Дар он ҷо ӯро метавонанд зананд ё ҳатто кушанд.

– Не, – гуфт Юнус, – ман ба ҳеҷ ваҷҳ ба Нинве намеравам!

Барои иҷро накардани супориши Худо ӯ қарор дод, ки гурезад ва дар ғарибӣ пинҳон шавад. Музди роҳро дода, ӯ ба киштӣ савор шуд ва ба сафар баромад.

Аввал ҳамааш хуб буд, ҳеҷ чиз аз фалокат дарак намедод. Аммо ҳангоме ки онҳо ба баҳри кушод баромаданд, тӯфони сахт бархест. Мавҷҳо торафт баландтар мешуданд. Маллоҳон ба тарсу ҳарос афтоданд, ва ҳангоме чунин метофт, ки киштӣ ғарқ шуда истодааст, онҳо бо овози баланд ба худоёни худ муроҷиат кардан гирифтанд:

– Ёрӣ диҳед! Моро наҷот диҳед! худоён, моро шунавед!

Аммо тӯфон боз ҳам талотум мекард. Юнус чӣ кор кард? Охир ӯ Худои зиндаро медонист. Ӯ низ дуо гуфт? Не, чунки ӯ намехост ба Худо дар бораи худ ёдрас намояд. Юнус ба таҳхонаи киштӣ фаромада, дар он ҷо хобид. Ва инак сардори киштӣ назди ӯ омада, ӯро бедор кард.

– Бархез ва ба Худои худ дуо гӯй, агар Худо дошта бошӣ! Магар ту намебинӣ, ки мо ғарқ мешавем?!

Юнус тахмин мекард, ки ин тӯфон ба ӯ ва гурехтани ӯ ягон дахле дорад. Аммо ба ҳар ҳол ӯ бо Худо гап задан намехост.

Дар саҳни киштӣ маллоҳон истода буданд.

– Биёед қуръа мепартоем, – дод мезад касе аз онҳо аз байни ғурроси тӯфон. – Ҳамин тавр мо мефаҳмем, ки Худо аз боиси кӣ моро бо тӯфон ҷазо додааст.

Қуръа ба Юнус афтид.

– Ту кистӣ ва чӣ кор кардаӣ, ки Худо туро ва моро ҳамроҳи ту ҷазо медиҳад?

– Ман Худои зиндаро парастиш мекунам, ки осмонҳо, замин ва баҳрро офаридааст, – гуфт Юнус. – Яъне ҳозир ман аз Ӯ гурехтаам. Ӯ маро ба Нинве фиристод, аммо ман нахостам ба он ҷо равам.

Маллоҳон хомӯш буданд, ва намедонистанд, ки бо ин одам чӣ кунанд.

– Маро гирифта ба баҳр партоед! – гуфт Юнус. – Он гоҳ тӯфон қатъ мегардад. Охир ин фалокат фақат аз боиси ман ба сари шумо омадааст.

– Не, – қарор доданд маллоҳон, –мо ин корро карда наметавонем. Аммо ҳангоме онҳо фаҳмиданд, ки ҳамаи кӯшишҳояшон беҳудаанд, онҳо аз Худои Юнус, ки онҳо Ӯро тамоман намедонистанд, бахшиш пурсиданд ва Юнусро ба баҳр партофтанд.

Худи ҳамон дам тӯфон ором шуд. Аввал маллоҳон ба ин ҳатто бовар карда наметавонистанд, аммо баъд онҳо дар саҳни киштӣ ба зону истоданд ва ба Худои ҳақиқӣ дуо карданд.

Бо Юнус чӣ шуд? Оё ӯ ғарқ шуд?

Не! Парвардигор намехост, ки Юнус ҳалок шавад. Ӯ мехост, ки Юнус дар Нинве мавъиза кунад. Моҳии калоне омада Юнусро фурӯ бурд, ва пас аз се рӯз ӯро ба соҳил қай кард.

«Худо то чӣ андоза тавоност! – ба соҳил афтода фикр кард Юнус. – Ӯ метавонад ба тӯфонҳо ва чонварҳои баҳрӣ фармон диҳад, ва онҳо итоат мекунанд».

Ва ӯ дарҳол ба Нинве равона шуд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Чаро Юнус ба Нинве рафтан намехост? Ӯ чӣ тавр ва ба куҷо мегурехт?

  2. Чаро тӯфон сар шуд?

  3. Чаро тӯфон ором шуд? Чӣ тавр Юнус ба соҳил афтид?

41. Гурехтани Юнус00:00 / 06:59