Маликаи Сабо

Маликаи Сабо

Китоби Муқаддас, китоби 3-юми Подшоҳон, боби 10

"Ва маликаи Сабо овозаи Сулаймонро оид ба номи Парвардигор шунида, омад, то ки ӯро бо муаммоҳо имтиҳон кунад".

Овоза дар бораи шӯҳрати Сулаймон ва сохтмонҳои олидараҷаи ӯ то гӯшаҳои дурдасти замин мерасиданд. Одамон ба Уршалим мерафтанд, то ки ибодатгоҳи олидараҷаро бинанд ва суханони хирадмандонаи Сулаймонро шунаванд. Дар байни онҳо маликаи Сабо низ буд.

Худи ӯ хеле сарватманд буд. Ин аз он тӯҳфаҳое аён буд, ки ӯ ба подшоҳ Сулаймон пешкаш намуд. Шутурҳо, моддаҳои хушбӯй, тилло ва сангҳои гаронбаҳоро меоварданд. Миқдори зиёди ғуломон ин сарватҳоро дар роҳ ҳимоя мекарданд. Сулаймон меҳмони олиқадрро ба таври шоҳона қабул кард.

Маликаи Сабо ба Сулаймон саволҳои душвор медод ва бо ӯ дар бораи ҳамаи он чи дар дилаш буд, сӯҳбат менамуд. Сулаймон ба ҳамаи саволҳои ӯ ҷавоб дод, ва саволе набуд, ки подшоҳ ба онҳо ҷавоб дода натавониста бошад. Маликаи Сабо ба хирадмандии Сулаймон боварӣ ҳосил намуд. Ӯ биноҳои сохтаи Сулаймон, хӯрокҳои ӯ, маҳалли зисти ғуломон, либосҳои хизматгорон ва қурбониҳоеро, ки ӯ дар ибодатгоҳи Парвардигор меовард, дида, ба ваҷд омад.

Ӯ бо ҳаяҷон гуфт:

– Он сухане ки ман дар бораи хирад ва сарватмандии ту шунидаам, рост будааст.

Ҳикмат ва ҷалоли ту аз овозае ки ман шунида будам, бештар аст. Муборак аст Парвардигор Худои ту, ки туро писандида, бар тахти Исроил подшоҳ гардондааст! Азбаски Парвардигор Исроилро то абад дӯст медорад, чунин кардааст!

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Чаро маликаи Сабо ба роҳи дур ба сафар баромад?

  2. Чӣ чиз дар Исроил ӯро ҳайрон кард?

  3. Ӯ ба Сулаймон чӣ гуфт?

40. Маликаи Сабо00:00 / 03:04