
Сохтмони ибодатгоҳ
Китоби Муқаддас, китоби 3-юми Подшоҳон, бобҳои 5-8
"Ва инак, ман ният дорам, ки хонае ба номи Парвардигор Худои худ бино кунам, чунон ки Парвардигор ба падари ман Довуд сухан ронда, гуфтааст: "Писари ту, ки вайро ба ҷои ту бар тахти ту хоҳам нишонид, хонае ба номи Ман бино хоҳад кард..."
Парвардигор ҳукмронии Сулаймонро баракат дод. Дар кишвар некӯ аҳволӣ ва сулҳ бо ҳамаи халқҳои атроф ҳукмфармо буд. Аммо дар пеши Сулаймон вазифаи калон меистод – сохтмони ибодатгоҳ барои Парвардигор.
Исроилиён баъди чорсаду ҳаштод соли аз Миср баромадан сохтани ибодатгоҳро сар карданд. Сулаймон бо дӯсти падараш Довуд, подшоҳи Сур ва Сидӯн Ҳирам аҳд баст. Онҳо маслиҳат карданд, ки Ҳирам барои сохтмон чӯбу тахтаи гаронбаҳо ва сангҳо мефиристад, ва Исроил дар ивазаш – маводи хӯрокворӣ медиҳад. Сохтмони ибодатгоҳ ҳафт сол давом дошт. Ибодатгоҳ аз рӯи нақшае ки Довуд пеш аз маргаш ба Сулаймон дода буд, сохта мешуд. Ва ҷойро барои ибодатгоҳ ҳамчунин Довуд муқаррар карда буд – дар кӯҳи Мӯриё, ки замоне Иброҳим вафодории худро ба Худо исбот кард, ва Худо ҳаёти Исҳоқро нигоҳ дошт.
Ибодатгоҳ аз ду қисми асосӣ иборат буд, ки «Қудс» ва «Қудси қудсҳо» номида мешуданд. Қудси қудсҳо, ки сандуқи аҳд он ҷо буд, аз дигар ҳуҷраҳо баландтар буд ва аз Қудс бо пардаи ғафс ҷудо карда шуда буд.
Дар Қудси қудсҳо тиреза набуд, он бояд торик мебуд. Китоби Муқаддас Қудси қудсҳоро «ҷои гуфтугӯ бо Худо» меномад, чунки дар он ҷо ба таври нонамоён Худо ҳузур дошт.
Ҳангоме ки сохтмони ибодатгоҳ ба охир расид, он ба таври тантананок тақдис карда шуд. Сулаймон ҳамаи пирон, сардорон ва роҳбарони қабилаҳои Исроилро ҷамъ кард, то ки сандуқи аҳди Парвардигорро ба ибодатгоҳ гузаронад. Ҳангоме ки коҳинон сандуқи аҳдро ба Қудси қудсҳо оварданд, абр поён фаромад ва тамоми ибодатгоҳро пур кард. Ҳамин тариқ Парвардигор ба таври намоён нишон дод, ки аз кори кардаи исроилиён розӣ аст дар байни халқи Исроил сокин аст!
Акнун Сулаймон боварӣ дошт, ки тамоми кори сохтмони ибодатгоҳ, ки ӯ ба амал меовард, ба Парвардигор писанд омадааст.
Саволҳо барои муҳокима
4 саволЧаро подшоҳи Сур ва Сидӯн ба Сулаймон мадад мерасонд?
Сохтмони ибодатгоҳ чанд вақт давом дошт?
Қудси қудсҳо дар ибодатгоҳ барои чӣ даркор буд?
Ҳангоме ки сандуқи аҳдро ба ибодатгоҳ дароварданд, чӣ рӯй дод?