Сулаймон хирадро интихоб мекунад

Сулаймон хирадро интихоб мекунад

Китоби Муқаддас, китоби 3-юми Подшоҳон, бобҳои 2,3

"Ва айёми вафоти Довуд наздик омад, ва ӯ ба писари худ Сулаймон васият карда, гуфт: "Ман ба роҳи тамоми аҳли замин меравам, пас ту қавидил ва мард бош. Ва амри Парвардигор Худои худро ба ҷо оварда, бо роҳҳои Ӯ равона шав, фароизи Ӯ, аҳкоми Ӯ ва дастурҳои Ӯ ва шаҳодоти Ӯро, чунон ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст, риоя намо…"

Пеш аз марг Довуд дар Уршалим ҳамаи сарварони халқи Исроилро ҷамъ оварда ба онҳо гуфт, ки ӯ нақша дошт ба ҷои хаймаи ҷомеъ барои Парвардигор ибодатгоҳ созад. Аммо Парвардигор инро роҳ надод, чунки Довуд бисёр ҷангида буд.

– Аммо писарам Сулаймон бояд ин ибодатгоҳро созад, – гуфт Довуд. – Парвардигор ба ман ваъда дод, ки Ӯ Сулаймонро тарк намекунад, агар ӯ фармудаҳои Худоро риоя кунад.

Ва ӯ ҳамаро насиҳат намуд, ки фармудаҳои Парвардигорро нигоҳ доранд ва аз самими дил ба Ӯ хизмат кунанд. Ва ҳамаи амирони халқ, ва ҳамаи писарони Довуд тантанавор қасам хӯрданд, ки ба Сулаймон, ба подшоҳи нав итоат мекунанд.

Парвардигор Сулаймонро баракат дод, ва ӯ подшоҳи тавоно шуд. Ӯро натанҳо тобеони худаш, балки халқҳои атроф низ дӯст медоштанд ва эҳтиром менамуданд.

Дар ибтидои подшоҳии худ Сулаймон бо фурӯтании амиқ бо дили шукргузор ба Парвардигор қурбонӣ овард. Шабона Парвардигор дар хоб ба Сулаймон зоҳир шуд ва ба подшоҳи ҷавон гуфт:

– Аз Ман ҳар чи хоҳӣ, дархост намо.

Сулаймон гуфт:

– Ту ҳамеша барои падари ман такягоҳ будӣ маро пас аз ӯ подшоҳ гузоштӣ. Аммо ман ҷавон ва бетаҷриба ҳастам, аз ҳамин сабаб аз Ту хоҳиш мекунам: ба бандаи Худ дили бохирад ато намо, то ки қавми Туро доварӣ кунам, ва ба фарқи байни нек ва бад сарфаҳм равам, зеро кист, ки ин қавми сершумори Туро доварӣ карда тавонад?

Дар ҷавоб Парвардигор гуфт:

– Азбаски ту на сарват ва умри дароз, балки хирад дархост намудӣ, Ман хоҳиши туро иҷро мекунам. Зиёда аз ин, Ман ба ту чунон сарват ва шӯҳрат медиҳам, ки дар ҳамаи рӯзҳои умрат дар байни подшоҳон касе монанди ту нахоҳад буд. Ва агар дастурҳо ва фармудаҳои Маро риоя намоӣ, чунон ки падарат Довуд риоя мекард, Ман рӯзҳои умри туро дароз мекунам.

Сулаймон бедор шуд ва Парвардигорро барои ҳамаи он чи Ӯ дар хоб ваъда дод, шукргузорӣ намуд.

Боре ба назди подшоҳ ду зан бо кӯдаки хурд омаданд ва хоҳиш карданд, ки доварӣ намояд. Ва яке аз онҳо гуфт:

– Мо дар як хона зиндагӣ мекунем, ва мо дар як вақт писардор шудем. Боре шабона писари ин зан мурд. Ҳангоме ки ӯ инро фаҳмид, ҳангоми дар хоб будани ман писарамро ба худ гирифта, писари мурдаи худро назди ман гузошт.

Зани дигар ба ин чунин ҷавоб дод:

– Не, писари ман зинда аст, аммо писари ту мурдааст.

Ва бо якдигар дар пеши подшоҳ баҳсу мунозира карданд.

Ин масъала хеле душвор буд, ва ҳама интизори он буданд, ки подшоҳ чӣ қарор медиҳад. Сулаймон ба хизматгор фармуд:

– Шамшерро оварда, бачаи зиндаро ба ду нима пора кун, ва нисфашро ба яке ва нисфашро ба дигаре бидеҳ!

Ва зане ки бачаи зинда писараш буд, дод зада гуфт:

– Эй хоҷаам! Ин бачаи зиндаро ба вай бидиҳед, ва ӯро накушед!

Зани дигар гуфт:

– Бигзор на аз они ман бошад, ва на аз они ту, – пора кунед!

Ҳамин тавр подшоҳ фаҳмид, ки кадоме аз занҳо модари бача буд. Ҳамин тавр ӯ бачаашро зинда боз гардонда гирифт!

Ва тамоми Исроил шунид, ки подшоҳ чӣ тавр оқилона доварӣ кард, ва мардум ӯро боз бештар эҳтиром мекардагӣ шуданд, чунки боварӣ ҳосил намуданд, ки ӯ аз Худо хирад дорад, то ки доварӣ кунад.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Чаро Парвардигор намехост, ки Довуд барои Ӯ ибодатгоҳ созад?

  2. Сулаймон аз Парвардигор чӣ хоҳиш кард?

  3. Сулаймон ихтилофи занҳоро чӣ тавр ҳал кард?

38. Сулаймон хирадро интихоб мекунад00:00 / 06:44