Сандуқи аҳд дар кӯҳи Сион

Сандуқи аҳд дар кӯҳи Сион

Китоби Муқаддас, китоби 2-юми Подшоҳон, бобҳои 5:7-11; 1 Пар. 13; 15; 16

"Ва Довуд ба тамоми ҷамоати Исроил гуфт: "Агар шумо салоҳ бинед, ва агар ин аз ҷониби Парвардигор Худои мо бошад… сандуқи Худои моро назди худ бикӯчонем... Ва тамоми ҷамоат гуфтанд, ки "чунин бикунем"…

Довуд ниҳоят подшоҳ шуд, чунон ки Худо ба ӯ ваъда дода буд. Ӯ дар Байт-Лаҳм таваллуд шуд ва дар он ҷо гӯсфандонро бонӣ мекард, аммо вақте ки подшоҳ шуд, дар Уршалим сокин шуд.

Уршалим шаҳри хеле зебо буд. Он дар болои якчанд теппаҳо сохта шуда буд, ки яке аз онҳо кӯҳи Сион ном дошт. Дар болои ин кӯҳ Довуд ба худ қаср бунёд намуд. Ӯ Худоро хеле дӯст медошт ва аз ҳамин сабаб мехост, ки сандуқи аҳди Худо дар наздикӣ бошад. Ва инак вақти он расид, ки Довуд барои овардани он равона шуд.

Коҳинони бисёре Довудро ҳамроҳӣ мекарданд. Мардум низ аз пайи подшоҳ равона шуда, асбобҳои гуногуни мусиқиро менавохтанд – барбат, ва уд, ва даф, ва дуҳул, ва шақшақаҳо. Дар баробари мусиқӣ онҳо ба Худо сурудҳои ситоишӣ мехонданд. Довуд барбат менавохт ва баробари навозандагон ва сарояндагон мерафт. Аз пас коҳинон сандуқи аҳди Худоро мебурданд.

Ин то чӣ дараҷа дилписанд буд, шунидани ҳамду санои Худо хурсандибахш буд! Миқдори зиёди одамон ба пешвози роҳпаймоён баромаданд. Онҳо мешуниданд, ки чӣ тавр Довуд барбат навохта Худоро ситоиш менамуд. Довуд дар ин рӯз хеле хурсанд буд!

Сандуқи аҳдро ба кӯҳи Сион бурданд. Қуллаи он гирдогирд девор кашида шуда буд, ки дар онҳо дарвозаҳо гузошта шуда буданд. Баробари наздик шудани роҳпаймоии тантананок дарвозаи калонро кушоданд, то ки подшоҳ ва сандуқи аҳдро роҳ диҳанд. Довуд пешакӣ фармуд, ки ҷои махсусе тайёр карда шавад, ки сандуқи аҳдро пардапӯш карда гузоштанд. Сарояндагон суруди тантанавии «Парвардигорро ҳамд гӯед!»-ро мехонданд, ки Довуд дар замони худ навишта буд. Дар он рӯз дар кӯҳи Сион Довуд ба Худо қурбонӣ овард ва мардуми дар гирди ӯ истодаро дуои хайр гуфт.

Довуд хеле хурсандӣ мекард, ки сандуқи аҳди Худо акнун дар назди қасри ӯ буд. Ҳар рӯз сарояндагон дар назди сандуқи аҳд сурудҳои тантанавӣ мехонданд.

Довуд ҳамеша дар қасри худ буд, ба ӯ бисёр вақт лозим меомад, ки бо фалиштиён ва дигар душманони Исроил биҷангад. Аммо ҳар боре ки Худо ба Довуд ва одамони ӯ бар душманон ғалаба медод, ӯ ба кӯҳи Сион баргашта, Худоро барои ғалабаҳои ба даст овардааш ҳамду сано мегуфт ва шукргузорӣ менамуд.

Саволҳо барои муҳокима

2 савол
  1. Маҳалли зисти подшоҳ Довуд дар кадом шаҳр буд?

  2. Довуд хурсандии худро ҳангоми бозгардондани сандуқи аҳд чӣ гуна ифода намуд?

37. Сандуқи аҳд дар кӯҳи Сион00:00 / 05:07