Ғор

Ғор

Китоби Муқаддас, китоби 1-уми Подшоҳон, боби 24

«Инак, имрӯз чашмонат дидааст, ки Парвардигор имрӯз туро дар ғор ба дасти ман супурда буд...вале ман туро амон дода, гуфтам: «Дасти худро бар хоҷаи худ дароз намекунам, зеро ки вай масеҳи Парвардигор аст».

Акнун Довуд ба худ паноҳгоҳи боварибахш меҷуст. Ба ҳар ҷое ки ӯ равад, ӯро дарҳол мешинохтанд, ва хабар дар ин бора зуд паҳн мешуд. Аммо тадриҷан дар атрофи Довуд торафт бештар ҷанговарон муттаҳид мешуданд.

Боре онҳо дар пеши ғори калоне дар кӯҳсор, ки паноҳгоҳи онҳо буд, нишаста буданд, ва диданд, ки лашкари калоне ба ин сӯ омада истодааст.

– Ин Шоул аст, – гуфт Довуд. – Ӯ маро меҷӯяд, то ки кушад. Пинҳон шавед!

Ҷанговарон зуд дар ғор пинҳон шуданд. Посбоне ки дар даромадгоҳ буд, пас аз муддате аз пайи онҳо рафт.

– Худи подшоҳ ба ин ҷо омада истодааст, – гуфт ӯ бо ҳаяҷон.

– Ин имкониятест барои ту, Довуд! Ту метавонӣ ӯро бикушӣ! Ӯ танҳо аст ва муқобилат карда наметавонад. Ва он гоҳ се ҳазор сарбоз ба ту тобеъ мешаванд.

– Ором шавед! – гапи ӯро бурид Довуд.

Ҳама хомӯш буданд. Дар торикӣ онҳо даромадгоҳи ғорро мушоҳида мекарданд. Ва инак Шоул бо либоси шоҳона намудор шуд.

– Дар ин ҷо бимонед! – бо овози паст гуфт Довуд ва бо эҳтиёт ба пеш рафт.

Маҳз дар ин ҷо Шоул дар паси гӯшаи харсанг аз назар ғоиб шуд. Ва дар ҳақиқат, ҳангоме ки Довуд гавак кашида то он ҷой расид, ӯ фақат канори либоси Шоулро дид. Ӯ бо шамшери тези худ онро бурида гирифт ва бо эҳтиёт ақиб рафт.

– Чаро ту Шоулро накуштӣ? – мепурсиданд ҷанговарон.

– Худо ӯро ба подшоҳӣ тадҳин кардааст. Ман касеро, ки Худо ӯро интихоб кардааст, намекушам,– ҷавоб дод Довуд.

– Аммо охир Худо кайҳо аз ӯ даст кашида, туро интихоб намудааст-ку!

– Ҳа, – гуфт Довуд. – Аз ҳамин сабаб Худи Худо дар бораи он ғамхорӣ мекунад, ки ман дар вақти муайянкардаи Ӯ тахтро ишғол намоям. Ман набояд ин корро ба дасти худ гирам.

Ҳама сӯи даромадгоҳ менигаристанд. Подшоҳ аз ғор баромад.

– Дар ҳамин ҷо бимонед! – фармуд Довуд ва аз пайи Шоул рафт. Ҳангоме ки ӯ аз торикии ғор ба рӯшноии берун баромад, дид, ки Шоул аллакай дар поён ҳамроҳи сарбозонаш аст.

– Эй подшоҳам ва хоҷаам! – нидо кард Довуд ва то замин таъзим кард, то нишон диҳад, ки Шоулро чун подшоҳ эҳтиром мекунад.

– Чаро ту гумон мекунӣ, ки ман зидди ту бадӣ меандешам? Ман ҳозиракак имконият доштам туро кушам.

Ва Довуд порчаи буридаи либоси подшоҳро баланд бардошта нишон дод. Шоул бо тарс ба поён ба либоси худ нигоҳ кард. Ва ҳақиқатан аз либоси ӯ порчае бурида шуда буд. Шоул гиря кард.

– Ту аз ман росткортар ҳастӣ! – нидо кард ӯ бо овози ларзон. – Ту бо ин амал исбот кардӣ, ки ба ман некӣ мехоҳӣ, ва ман зидди ту бадӣ меандешидам. Ман аниқ медонам, ки ту подшоҳ мешавӣ. Ба ман қасам хӯр, ки аҳли оилаи маро нобуд намекунӣ!

– Қасам мехӯрам! – нидо кард Довуд.

Шоул аз олиҳимматии Довуд мутаассир шуда, ба сарбозонаш фармуд, ки таъқиб кардани Довудро бас кунанд. Тамоми дастаи сарбозон ба таври муташаккил равона шуд, ва Довуд муддати зиёде аз паси онҳо менигарист.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Довуд дар куҷо пинҳон шуда буд?

  2. Довуд ба Шоул чӣ гуна муносибат намуд?

  3. Чаро ӯ Шоулро накушт?

36. Ғор00:00 / 06:12