Довуд ва Шоул

Довуд ва Шоул

Китоби Муқаддас, китоби 1-уми Подшоҳон, боби 19:1-10

«Ва Шоул ба писараш Юнотон... гуфт, ки мехоҳад Довудро кушад; вале Юнотон... аз Довуд бисёр хушнуд буд».

Пас аз ин ғалаба Довуд дар назди подшоҳ монд. Шоул бо Довуд дар сари як дастурхон хӯрок мехӯрд, бо ӯ сӯҳбат менамуд, ва гоҳо ҳатто аз ӯ маслиҳат мепурсид. Бо мурури замон Довуд истифодаи аслиҳаро хуб аз худ намуд ва торафт бештар ҳунари ҷангиро меомӯхт. Ҳамаи он чи Довуд мекард ва мегуфт, ба Шоул ва дарбориёнаш чунон маъқул буд, ки дар ниҳояти кор ӯ сарлашкари ҷанговарони подшоҳ таъйин шуд. Аммо барои Довуд дар ин вақт муносибатҳо бо Йӯнотон, писари Шоул, ки дӯсти беҳтарини ӯ шуд, на камтар муҳим буданд.

– Зиреҳ, шамшер ва камони маро бигир, – гуфт ба ӯ Йӯнотон ба зудӣ пас аз ғалаба. – Бигузор онҳо нишонаи дӯстии ман бошанд.

Ва аз ҳамин рӯз Довуд ва Йӯнотон дӯстони вафодортарин ва наздиктарин шуданд, ва ҳар яки онҳо ин дӯстиро қадр мекард.

Халқ низ Довудро дӯст дошт. Мардон, занҳо ва кӯдакон дар кӯчаҳо Довудро беш аз подшоҳ Шоул ситоиш мекарданд. Ин рашки подшоҳро меовард ва ӯ хашмгин мешуд.

Боре, ҳангоме ки Шоул ва Довуд дар сари дастурхон нишаста буданд, подшоҳ ногоҳ боз хашмгин шуд. Довуд зуд барбатро гирифт, то ки бо мусиқии худ Шоулро осуда кунад. Аммо ин дафъа ин ёрӣ нарасонд. Охир маҳз Довуд сабаби хашми Шоул буд. Довудро дар назди худ бо барбат дида, ӯ худдорӣ карда натавонист. Подшоҳ найзаро гирифта, бо тамоми қувва ба тарафи Довуд партофт. Аммо Довуд ҳушёрӣ карда, зуд хам шуд, найза аз болои ӯ гузашта ба девор халид. Ин боз бештар Шоулро хашмгин кард. Ӯ найзаи дуюмро гирифт ва албатта бо он Довудро мезад, агар ӯ бо суръати барқ худро барканор намегирифт.

– Довудро дидан намехоҳам! – дод мезад подшоҳ. – Бигузор ӯ дуртар аз ин ҷо бо фалиштиён биҷангад.

Довуд худи ҳаминро мехост. Эҳтимол дафъаи оянда ӯ ҳаёташро наҷот дода наметавонист.

Бояд гуфт, ки Шоул ваъдаеро, ки пеш аз ҷанг бо Ҷолиёт дода буд, иҷро кард: духтари ӯ Микал зани Довуд шуд.

Бо вуҷуди ин ба Довуд лозим омад гурезад, чунки Йӯнотон ӯро бохабар кард, ки Шоул ният дорад ӯро натанҳо дур кунад, балки куштан мехоҳад.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Йӯнотон барои Шоул ва барои Довуд кӣ буд?

  2. Чаро Шоул Довудро бад дид?

  3. Шоул бо Довуд чӣ карданӣ буд?

35. Довуд ва Шоул00:00 / 04:37