
Гузаштан аз Урдун
Китоби Муқаддас, китоби Еҳушаъ ибни Нун, бобҳои 3, 4
"Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Худро муқаддас гардонед, зеро ки фардо Парвардигор дар миёни шумо корҳои аҷоиб мекунад".
Пагоҳии барвақт Еҳушаъ бо исроилиён ба сӯи Урдун равона шуд. Дар соҳил таваққуф намуда, онҳо ба гузариш тайёрӣ дидан гирифтанд. Ёҳушаъ ба халқ гуфт, ки пеш аз ҳама онҳо бояд пок ша- ванд, чунки рӯзи дигар Худованд муъҷиза ба амал овардан мехоҳад.
Рӯзи дигар Худованд ба Ёҳушаъ гуфт:
– Имрӯз Ман ба халқ нишон медиҳам, ба ту ёрӣ мерасонам, чунон ки ба Мусо ёрӣ мерасондам. Ба коҳинон бигӯ: ҳамин ки пойҳоятон ба оби Урдун расанд, бо сандуқи аҳд биистед!
Ва Еҳушаъ ба коҳинон фармуд, ки сандуқи аҳдро гирифта, бо он пешопеши халқ равона шаванд. Ва ба халқ ӯ гуфт:
– Дар ин рӯз шумо муъҷизаҳои Худовандро мебинед, ва мефаҳмед, ки Худои зинда дар байни шумост! Сандуқи аҳд пешопеши шумо аз Урдун мегузарад. Аз ҳар як қабила яккасӣ бигиред. Онҳо фармони махсус мегиранд!... Ҳамин ки пойҳои коҳиноне ки сандуқи аҳди Худовандро мебаранд, ба оби Урдун мерасанд, об ҷудо мешавад: дар як тараф он чун девор истода ҷамъ шудан мегирад, аз тарафи дигар он ҷорӣ шуда меравад.
Ҳангоме ки коҳиноне ки сандуқи аҳдро мебурданд, ба дарё даромаданд, обе ки аз боло меомад, ногоҳ бозистод. Об, дуртар аз ҷое ки коҳинон истода буданд, чун девор истода монд. Оби тарафи дигар – ҷорӣ шуда мерафт. Роҳи васеъ пайдо шуд, ва коҳинон сандуқи аҳдро то миёнаи дарё бурданд. Дар он ҷо онҳо бозистоданд. Ва ҳамаи исроилиён бо хушкӣ аз назди сандуқи аҳд ба он тарафи Урдун гузаштанд.
Худованд фармуд, ки дувоздаҳ мард, намояндагони ҳар як қабилаи исроилиён, аз қаъри дарё, аз он ҷое ки коҳинон бо сандуқи аҳд истода буданд, яктогӣ санг гирифта ба он ҷое оваранд, ки халқ барои шабгузаронӣ меистад. Еҳушаъ дар қаъри Урдун, дар он ҷое ки коҳинон бо сандуқи аҳд истода буданд, дувоздаҳ санги дигарро чун ёдгорӣ гузошт.
Ҳангоме ки тамоми халқ ба соҳили дигари Урдун гузашт, аз пайи онҳо коҳинон низ бо сандуқи аҳди Худованд баромаданд. Ва ҳамин ки онҳо аз Урдун баромаданд, об маҷрои дарёро пур карда, чун пештара ҷорӣ шуд. Халқ, ки аз ин муъҷизаи Худованд ҳайрон шуда буд, дар Ҷилҷол, шарқтари шаҳри Ериҳӯ ҷойгир шуд. Еҳушаъ он дувоздаҳ сангро, ки пештар дувоздаҳ мард бароварда буданд, дар он ҷо гузошт ва ба халқ гуфт:
– Ҳангоме ки писаронатон аз падаронашон пурсанд: «Ин сангҳо чӣ маъно доранд?» – ба онҳо бигӯед:
– Оби Урдун дар ин ҷо пеши сандуқи аҳди Худованд аз ҳам ҷудо шуд. Ва ин сангҳо барои Исроил хотираи абадӣ мешаванд, то ки ҳамаи халқҳои замин донанд, ки дасти Худованд тавоност! Ва то ки шумо дар ҳамаи рӯзҳои ҳаёти худ аз Худованд Худоятон тарсед!
Саволҳо барои муҳокима
3 саволКиҳо бояд бо сандуқи аҳд пешопеши халқ мерафтанд?
Бо оби Урдун чӣ рӯй дод?
Дар соҳил Урдун чӣ чиз барои хотира гузошта шуд? Он чӣ маъно дошт?