
Забт намудани Ериҳӯ
Китоби Муқаддас, китоби Еҳушаъ ибни Нун, бобҳои 5, 6
"Ва Парвардигор ба Ёҳушаъ гуфт: «Инак, Ман Ериҳӯ ва подшоҳи он ва мардони ҷангии онро ба дасти ту месупорам…"
Аз боиси тарс аз исроилиён сокинони Ериҳӯ дарвозаҳои шаҳрро маҳкам карданд. Ҳеҷ кас аз он намебаромад, ва ҳеҷ кас намедаромад.
Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт:
– Ман Ериҳӯ, подшоҳи он ва ҷанговаронашро ба дасти ту месупорам. Бигузор ҷанговаронат шаш рӯз пайи ҳам дар атрофи шаҳр қадам зананд. Ва ҳафт коҳин бигузор ҳафт карнайро пешопеши сандуқи аҳди Худованд бардошта баранд. Ва дар рӯзи ҳафтум дар атрофи шаҳр ҳафт бор давр занед, ва коҳинон бигузор карнайҳоро навозанд. Тамоми ин муддат шумо бояд ҳеҷ сухане нагӯед, ва фақат бо фармони махсуси ту тамоми халқ бигузор бо овози баланд фарёд кунад, ва девори шаҳр то асоси он фурӯ меғалтад. Ва он гоҳ бигузор ҷанговарон ба шаҳр дароянд, ҳар яке аз тарафи худ.
Ва Еҳушаъ ҳамаи фармонҳои Худоро ба коҳинон ва ҷанговарон расонд. Ва боз ӯ гуфт, ки тамоми нуқра ва тилло, ҳамаи ашёҳои мисин ва оҳанин ба Худованд бахшида шудаанд. Ва Еҳушаъ халқро огоҳ намуд, ки барои худ аз Ериҳӯ ҳеҷ чиз нагиранд, чунки ҷазо барои ин марг аст.
Дар рӯзи якум лашкар берун омад, пешопеши он ҳафт коҳин бо карнайҳо мерафтанд, аз пайи онҳо коҳинон бо сандуқи аҳд мерафтанд, ва аз паси онҳо исроилиён мерафтанд ва карнайҳоро менавохтанд. Ёҳушаъ ҳамаро огоҳ намуд, ки то фармони махсуси ӯ хомӯш бошанд.
Шаш рӯз пайи ҳам иштирокчиёни роҳпаймоӣ хомӯшона рӯзе як бор дар атрофи шаҳр мегаштанд. Дар рӯзи ҳафтум, пагоҳии барвақт онҳо боз хомӯшона дар атрофи шаҳр гаштанд ва фақат коҳинон карнайҳоро менавохтанд. Ҳангоме ки бори ҳафтум дар атрофи шаҳр гаштанд, коҳинон карнайҳоро навохтанд, ва Еҳушаъ гуфт:
– Фарёд занед!
Ва ҳамаи ҷанговарон бо овози баланд фарёд заданд. Дар ин лаҳза девори шаҳр ба ларза омада, аз он сангҳои калон ҷудо шудан гирифтанд, ва ба зудӣ девори мустаҳкам фурӯ ғалтид. Як порчаи хурдакак монд, ки хонаи Роҳоб дар он буд.
Ҷанговарони Исроил ҳамон замон ба шаҳр зада даромаданд ва хеле зуд онро забт карданд. Еҳушаъ ва Ҷосусон гуфт, ки Роҳоб ва тамоми аҳли оилаашро аз хона бароранд, чунон ки ба вай ваъда дода буданд. Ҷавонон онҳоро ёфтанд ва ба бошишгоҳи исроилиён, ки дар Ҷилҷол буд, бурданд. Ериҳӯ бошад пурра хароб карда шуд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволЧанд рӯз пайи ҳам исроилиён бояд дар атрофи Ериҳӯ мегаштанд?
Киҳо пешопеши онҳо мерафтанд? Онҳо чанд нафар буданд?
Чаро Роҳоб ва аҳли оилааш наҷот дода шуданд?