
Роҳоб ва ҷосусон
Китоби Муқаддас, китоби Еҳушаъ ибни Нун, бобҳои 1, 2
"Пурзӯр ва далер бош, зеро ки ту сарзаминеро ба соҳибии ин қавм медароварӣ, ки дар бораи он ба падаронашон қасам хӯрдаам, ки ба онҳо диҳам. Фақат пурзӯр ва далер бош, то ки бо риояи тамоми шариате ки Мусо, бандаи Ман, ба ту фармудааст, амал намоӣ; аз он ба тарафи рост ё чап дур нашав, то ба ҳар ҷое ки меравӣ, муваффақият ба даст оварӣ".
Пас аз марги Мусо Еҳушаъ ибни Нун халқи Исроилро ба забти замини ваъдашуда тайёр менамуд. Худованд ваъда дод, ки ба Еҳушаъ ёрӣ мерасонад, агар ӯ фармудаҳои Ӯро риоя кунад ва ба Ӯ итоат намояд.
– Устувор бош ва мардона рафтор намо, – мегуфт Ӯ ба Еҳушаъ. – Худованд Худоят бо ту аст, ба ҳар ҷое ки равӣ!
Ва Ёҳушаъ ба халқ фармуд, ки барои роҳи серӯза хӯрокворӣ тайёр кунанд, чунки онҳо акнун ба он сӯи дарёи Урдун мераванд, ба замине ки Худо ба онҳо ваъда додааст,аз ҳамин сабаб он замини ваъдашуда номида мешуд.
Ёҳушаъ боэҳтиёт буд. Ӯ қарор дод, ки аввал ба он сӯи Урдун ду нафар ҷосусонро фиристад, ки бояд он сарзамин ва махсусан шаҳри Ериҳӯро дида меомаданд. Он ҷавонон ба шаҳр даромаданд ва дар хонаи Роҳоб ном зан барои шабгузаронӣ монданд, хонаи он зан дар девори шаҳр буд.
Подшоҳи Ериҳӯ аз ин бохабар шуда, ба хизматгоронаш фармуд, ки исроилиёнро дастгир кунанд. Аммо Роҳоб онҳоро дар боми хонааш пинҳон кард ва ба хизматгорони подшоҳ гуфт, ки ким-кадом одамон ба хонаи ӯ омада буданд, аммо ӯ онҳоро намедонад, ва ҳангоме ки торикӣ фаро расид, онҳо рафтанд.
– Аз пайи онҳо равед, шумо метавонед ба онҳо расида гиред. Хизматгорон таъқибро сар карданд. Роҳоб бошад назди меҳмононаш ба боми хона баромада гуфт:
– Ман медонам, ки Худованд ин заминро ба шумо додааст.
Ҳамаи сокинони ин ҷо аз шумо метарсанд. Мо шунидаем, ки Худованд чӣ муъҷизае ба амал овард, ҳангоме ки шумо аз Миср меомадед, ва обҳои баҳри Сурх дар пеши шумо аз ҳам ҷудо шуданд. Мо ба тарс афтодем, чунки Худованд, Худои шумо, Худоест, ки дар осмон ва дар замин ҳукмфармост. Акнун, пас аз он ки ман ба шумо некӣ кардам, ваъда диҳед, ки маро ва наздикони маро аз марг наҷот медиҳед.
Ҷосусон ваъда доданд. Роҳоб ба онҳо ёрӣ дод, ки аз тирезаи хона, ки дар девори шаҳр буд, бо ресмон фароянд. Онҳо гуфтанд, ки зан ба тирезае ки онҳо аз он поён фаромаданд, ресмони сурх баста монад. Ин аломати шартӣ мешавад, ки ба шарофати он ӯ ва тамоми аҳли оилааш, ки дар он хона мешаванд, зинда мемонанд. Пас аз ин ҷавонон аз шаҳр рафтанд.
Онҳо назди Еҳушаъ баргаштанд ва нақл карданд, ки бо онҳо чӣ рӯй дод, ва дар охир гуфтанд:
– Худованд тамоми ин сарзаминро ба дасти мо супурдааст, ва ҳамаи сокинони он аз мо дар тарсу ҳарос мебошанд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволХудованд ба Еҳушаъ чӣ ваъда дод?
Еҳушаъ чӣ кор кард, пеш аз он ки ба замини Канъон дарояд?
Ҷосусон чӣ тавр наҷот ёфтанд?