
Мори мисин
Китоби Муқаддас, китоби Ададҳо, боби 21:4-9
"Ва Парвардигор ба Мусо гуфт: "Барои худ мори мисин соз, ва онро бар сари ходае гузор; ва ҳар моргазида, агар ба он нигоҳ кунад, зинда мемонад".
Исроил муддати зиёд дар биёбон сафар мекард. Гоҳо, ҳангоме ки онҳо аллакай ба замини Канъон тамоман наздик меомаданд, абр ба тарафи дигар ҳаракат мекард, ва ба исроилиён лозим меомад, ки боз ба биёбон баргарданд. Ин онҳоро хеле ғамгин менамуд, чунки онҳо орзу мекарданд, ки ба замини ваъдашуда дароянд. Агар онҳо дар биёбон шиква намекарданд, онҳо кайҳо дар Канъон мебуданд, аммо ҳамчун ҷазо Худо онҳоро ба он ҷо роҳ намедод.
Боре онҳо боз зидди Худо ва Мусо бархестанд:
– Чаро шумо моро аз Миср баровардед? Мо дар биёбон аз гуруснагӣ мемурем. Дар ин ҷо на нон ҳаст, на об, ва манн бароямон нафратовар шудааст.
Барои ин Худо ба онҳо ҷазои сахт фиристод – морҳои заҳрнок, ки онҳоро мегазиданд, ва бисёр касон мурданд.
Ва халқ тавба карда, ба Мусо гуфт:
– Мо гуноҳ кардем, ки зидди Худованд ва зидди ту суханони бад гуфтем. Дуо гӯй, ки Худо моро аз морҳо халосӣ диҳад.
Мусо дар ҳаққи халқ дуо гуфт. Худо дуои ӯро шунид ва ба ӯ фармуд:
– Мисро бигир ва аз он тасвири море сохта, бар сари ходае мон ва ба халқ бигӯ, ки ҳамаи моргазидаҳо ба мори мисин нигоҳ кунанд, ва он гоҳ онҳо зинда мемонанд.
Шахсони моргазида дар ҳар ҷои бошишгоҳ бошанд, метавонистанд сарашонро бардошта ба мори мисин нигоҳ кунанд. Ин кифоя буд, ки беморӣ аз байн рафта,саломативу қуввати онҳо баргарданд. Касоне ки ҳамин тариқ аз марг раҳоӣ ёфтанд, метавонистанд бархеста Худоро ситоиш кунанд. Аммо, мутаассифона, на ҳама бовар мекарданд, ки барои шифо ёфтан фақат нигоҳе кардан ба мори мисин кифоя аст. Онҳо бовар намекарданд ва наменигаристанд, ва аз ҳамин сабаб мемурданд. На мори мисин, балки Худо ҳаётро медод! Аз одамон фақат талаб карда-мешуд, ки имон дошта бошанд ва усули Ӯро барои ба даст овардани наҷот қабул кунанд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволИсроилиён муддати зиёд дар биёбон монда, чӣ кор карданд?
Худо чиро ҳамчун ҷазо ба онҳо фиристод?
Худо ба Мусо чӣ кор карданро фармуд, то ки моргазидаҳо шифо ёбанд?