
Об аз сахра
Китоби Муқаддас, китоби Ададҳо, бобҳои 20:1-13, 22-29
"Парвардигор ба Мусо сухан ронда, гуфт: "Асоро гир, ва ту ва бародарат Ҳорун ҷамоатро ҷамъ карда, пеши назари онҳо ба кӯҳпора гӯед, ки оби худро диҳад: ва ту барои онҳо аз кӯҳпора об бароварда, ҷамоат ва чорпоёни онҳоро менӯшонӣ".
Исроилиён дар биёбон аз як маҳал ба маҳалли дигар кӯчида, вақти зиёдеро гузаронданд. Боре онҳо ба маҳалле омаданд, ки об набуд. Онҳо чӣ карданд? Оё онҳо бо дуо ба Худо муроҷиат намуданд ё шиква кардан гирифтанд? Онҳо зидди Мусо ва Ҳорун баромаданд, чунон ки ҳамеша ҳангоми ба миён омадани ягон хел мушкилӣ мекарданд. Онҳо мегуфтанд:
– Оҳ, чаро мо пештар намурдем? Чаро шумо моро аз Миср баровардед, то ки дар биёбон бимирем? Дар ин ҷо на анҷир ҳаст, на ангур, умуман ҳеҷ хел мева нест, ва акнун об ҳам нест!
Онҳо фаромӯш карданд, ки фақат аз боиси ба Худо нобоварӣ карданашон онҳо ҳанӯз дар биёбон буданд.
Мусо ва Ҳорун ин шикваҳоро шунида, хеле ғамгин шуданд. Онҳо рафта, дар пеши хаймаи ҷомеъ ба замин афтоданд ва дуо гуфтан гирифтанд; ва ба зудӣ Худо бо онҳо гап зад. Ӯ ба Мусо гуфт:
– Асоятро бигир ва халқро ҷамъ кун. Баъд назди сахра биё ва ба он бигӯ, ки об диҳад, ва аз сахра об ҷорӣ мешавад.
Аммо Мусо ва Ҳорун аз халқ хеле ранҷида буданд. Онҳо гуфтанд:
– Гӯш кунед, эй беитоатон, оё аз ин кӯҳпора об барои шумо берун оварем? Баъд Мусо дасташро бардошта, ду бор бо асо сахраро зад: оби зиёде ҷорӣ шуд, ва мардум нӯшиданд ва ба чорвои худ об доданд.
Оё Мусо ва Ҳорун дуруст карданд? Мусо як чанд хаторо содир намуд. Ӯ набояд сахраро мезад, балки бояд ба он сухан мегуфт! Ғайр аз ин, Мусо ва Ҳорун низ шубҳа доштанд, ки аз сахра об баромада метавонад.
Ва ба ҳар ҳол Худованд об дод, то ки марҳамати Худро ба халқ зоҳир кунад. Мусо ва Ҳорунро бошад Ӯ ҷазо дод: «Барои он ки ин корро кардед, шумо ба замини Канъон ворид намешавед». Ин барои онҳо ҷазои ҷиддӣ буд. Мусо бисёр вақт орзу мекард замини Канъонро, ки дар он ҷо Иброҳим қурбонгоҳ бунёд намуд ва Худоро парастиш менамуд, бинад, аммо пас аз ин воқеа ин орзуи ӯ иҷронашаванда гардид.
Мусо фурӯтантарин шахс дар рӯи замин буд. Исроилиён бисёр вақт ба ӯ ношукрӣ мекарданд ва сарзаниш менамуданд, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ ба онҳо ҷавоби дурушт намедод. Фақат ин дафъа ӯ худдорӣ карда натавонист.
Саволҳо барои муҳокима
4 саволХалқ чӣ кор кард, ҳангоме ки бори дигар бо норасоии об дучор шуд?
Худо чӣ тавр аз сахра об бароварданро ба Мусо фармуд?
Мусо ба ҷои ин чӣ кор кард?
Худо Мусо ва Ҳорунро чӣ тавр ҷазо дод?