
Ҷосусон
Китоби Муқаддас, китоби Ададҳо, бобҳои 13, 14
"Ва Парвардигор ба Мусо сухан ронда, гуфт: "Одамонро аз ҷониби худ фирист, то ки сарзамини Канъонро, ки Ман ба банӣ-Исроил медиҳам, ҷосусӣ кунанд. Якнафарӣ аз ҳар қабилаи падарони онҳо... фиристед".
– Ин дар ҳақиқат замини пурсарват аст, – гуфт Еҳушаъ ибни Нун.
Мусо ӯро ҳамроҳи намояндагони ёздаҳ қабилаи дигар ба замини ваъдашуда фиристод, то ки чӣ гуна будани онро фаҳмида биёянд. Дар давоми чил рӯз онҳо дар тамоми он сарзамин гаштанд. Ва инак онҳо баргаштанд ва ба халқ дар бораи киштзорҳои ҳосилхез, алафзорҳои васеъ ва ҷангалҳо нақл намуданд. Бо худ онҳо як сар ангур оварданд. Он чунон калон буд, ки ду мард онро ба хода бардошта меоварданд. Ҳамаи ҷосусон бо як овоз мегуфтанд:
– Канъон заминест, ки дар он ширу асал ҷорист. Баъд онҳо каме хомӯш монданд. Ниҳоят яке аз онҳо ҷуръат карда, гуфт:
– Мусо, он сарзамин ҳар қадар хуб бошад ҳам, мо онро ба даст оварда наметавонем. Халқҳое ки дар он сокин ҳастанд, хеле тавоно мебошанд!
Ҳамчунин дигар мардоне ки ба ҷосусӣ рафта буданд, дар бораи азимҷуссаҳои он сарзамин ва деворҳои мустаҳками атрофи шаҳрҳо гап заданд.
Мардуми ҷамъшуда бо овози баланд фиғон бардоштанд, нидоҳои норозигӣ ва эътироз бароварданд. Ҳама ба хашм омада буданд ва Мусоро дар он айбдор мекарданд, ки ӯ онҳоро ба ин вазъияти ноилоҷ овардааст. Ва ногоҳ бар ғавғои издиҳом касе овоз баланд кард. Ин Колеб буд, ки аз қабилаи Яҳудо ба ҷосусии замини нав рафта буд.
– Мо онҳоро мағлуб карда метавонем! – нидо кард ӯ. – Ба ман бовар кунед! Аммо аввал ба Худо бовар кунед! Ӯ ваъда додааст, ки ин заминро ба мо медиҳад. Ӯ ба мо ёрӣ медиҳад!
Еҳушаъ ибни Нун Колебро дастгирӣ намуд:
– Буздилӣ накунед! Ба воҳима дода нашавед. Фақат зидди Худо исён накунед!
Овозҳои хашмгин суханони Еҳушаъ ибни Нун ва Колебро қатъ намуданд. Одамон аз шиддати хашмгинӣ ба онҳо гӯш додан намехостанд. Ва ногоҳ ҳама абрро бар хаймаи ҷомеъ диданд – Ин ҷалоли Худованд буд, ки дар хайма зоҳир шуд.
Ҳамон замон издиҳом хомӯш шуд.
Мусо ба хаймаи ҷомеъ шитофт, то фаҳмад, ки Худо ба Исроилиён чӣ гуфтан мехоҳад.
–Барои он ки ин халқ ба ман ин қадар имони кам дорад, ба вабо гирифтор мекунам! – гуфт Худо.
Мусо аз Худо илтиҷо мекард, ки ин дафъа низ гуноҳи халқро бахшад.
– Хуб, – ҷавоб дод Худо, – Ман ин халқро нобуд намекунам, чунки ту аз Ман дар ин бора хоҳиш мекунӣ. Аммо ҳамаи онҳое ки муъҷизаҳои Маро дар Миср ва дар биёбон диданд, ва бо вуҷуди ин худсарона рафтор мекарданд, заминеро, ки Ман ба падарони онҳо ваъда додаам, намебинанд. Ман ба онҳо иҷозат намедиҳам, ки ба замини ваъдашуда дохил шаванд! Халқ чил сол дар биёбон оворагардӣ мекунад ва фақат пас аз ин замини навро ба даст меоварад. Дар ин муддат ҳамаи калонсолон мемуранд, ва фақат Еҳушаъ ибни Нун ва Колеб ҳамроҳи онҳое ки имрӯз ҳанӯз кӯдак ҳастанд, ба Канъон ворид шуда метавонанд.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволиҳо бояд сарзамини Канъонро дида меомаданд? Онҳо чанд нафар буданд? Ду нафари онҳоро номбар кунед.
Онҳо дар замини Канъон чиҳоро диданд?
Ин ҳикоят ба мо чиро таълим медиҳад?