Гӯсолаи тиллоӣ

Гӯсолаи тиллоӣ

Китоби Муқаддас, китоби Хуруҷ, бобҳои 32, 33

"Ва қавм чун диданд, ки Мусо дар фуромадан аз кӯҳ дер мекунад, қавм назди Ҳорун ҷамъ шуда, ба ӯ гуфтанд: "Бархеста, барои мо худоёне соз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро ин шахс, яъне Мусо, ки моро аз сарзамини Миср берун овард, намедонем, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй додааст".

Мусо дар кӯҳи Сино бо Худо гап зада, рӯзҳои зиёдро гузаронд. Халқ бошад бесаброна интизор буд, ки кай Мусо бармегардад. Дар интизории Мусо исроилиён торафт бесабртар мешуданд. Халқ чунин худоеро мехост, ки ӯро дидан мумкин аст ва ба ӯ бо дархостҳо муроҷиат кардан мумкин аст, чунон ки ин дар дигар халқҳо буд. Одамон мехостанд, ки Ҳорун барояшон худое созад, ва он қадар бисёр аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки ниҳоят ӯ розӣ шуд.

– Хуб! – нидо кард ӯ. – Ман барои шумо худо месозам!

Он медонист, ки бо ин амалаш аҳкоми Худоро вайрон мекунад, аммо ҷуръат накард бар зидди ҳама барояд. Ҳорун тиллоеро, ки одамон ҷамъ карданд, гудохт ва аз он гӯсолае сохт. Ӯ онро дар пеши халқ гузошт, ва ҳама ба ваҷд омаданд:

– Ин аст худои мо!

Аз кӯҳи Сино фаромада, Мусо нидоҳои хурсандии халқро шунид. Ӯ аз нигоҳи аввал фаҳмид, ки чӣ рӯй додааст.

– Эй гуноҳкорон! Бехудоён! – дод зад ӯ, ба хашм омада. Чашмони ӯ бо ашкҳои ғазаб ва андӯҳ пур шуданд. – Шумо сазовори он нестед, ки Худо бо шумо гап занад! Имрӯз шумо аллакай он чиро, ки ҳамагӣ якчанд рӯз пеш ваъда додед, дар ёд надоред! Ин гӯсолаи тиллоиро сохта, шумо аҳкомҳои Худоро поймол намудед!

Ин суханонро гуфта, ӯ лавҳаҳои сангинро бардошта ба харсанг зад, ва онҳо пора-пора шуданд. Баъд он фармуд, ки гӯсолаи тиллоиро нобуд кунанд.

– Шумо гуноҳи вазнин кардед, – гуфт ӯ. – Аммо ман боз ба кӯҳ мебароям ва аз Худо хоҳиш мекунам, ки Ӯ шуморо бахшад. Шояд, Ӯ бори дигар пурсабрии худро ба шумо зоҳир мекунад.

Мусо боз ба кӯҳи Сино баромад ва аз Худо хоҳиш кард, ки халқи ӯро бахшад.

– Агар Ту ин корро карда натавонӣ, агар Ту онҳоро нобуд кардан хоҳӣ, – бо зорӣ мегуфт, ӯ, – маро ҳам нобуд кун.

– Ман фақат касеро ҷазо медиҳам, ки гуноҳ кардааст, аммо халқи Исроилро нобуд намекунам. Биравед ва заминеро, ки Ман ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ваъда кардаам, аз худ кунед. Ва Худи Ман бо шумо намеравам,– ба ӯ ҷавоб дод Худо.

– Худовандо, – гуфт Мусо, – агар Ту бо мо наравӣ, ман низ халқро ба он ҷо намебарам, чунки бе Ту мо шикаст мехӯрем!

– Ман туро дӯст медорам, Мусо, – гуфт Худо, – аз ҳамин сабаб Ман дархости туро иҷро мекунам. Ман гуноҳи халқро мебахшам ва бо шумо ба замини ваъдашуда меравам.

Чанде дертар Худо ба Мусо фармуд, ки лавҳаҳои нави сангин тайёр кунад – ва дар онҳо даҳ аҳкомро нависад.

Саволҳо барои муҳокима

4 савол
  1. Халқ аз кӣ хоҳиш кард, ки барояш худое созад?

  2. Ҳорун ҳайкали кадом ҳайвонро сохт?

  3. Худованд бо халқ чӣ кардан мехост?

  4. Мусо чӣ кор кард, ҳангоме ки аз кӯҳ фаромад?

23. Гӯсолаи тиллоӣ00:00 / 05:36