Кӯҳи Сино

Кӯҳи Сино

Китоби Муқаддас, китоби Хуруҷ, бобҳои 19; 20; 24; 31:18

“Ва тамоми кӯҳи Синоро дуд фаро гирифта буд, чунки Парвардигор дар оташ бар он фуруд омад, ва дуди он чун дуди кӯра мебаромад; ва тамоми кӯҳ бисёр меларзид. Ва садои шайпур торафт пурзӯр мешуд; Мусо сухан меронд, ва Худо бо овоз ҷавоб мегардонд”.

Исроилиён дар назди кӯҳ хайма заданд, чунки сутуни абр дар он ҷо боз истод. Худо ба Мусо фармуд, ки ба кӯҳ барояд, чунки дар он ҷо Ӯ мехост ба ӯ як чизи хеле муҳимро ошкор кунад. Ҳангоме ки Мусо ба кӯҳ баромад, Худо ба ӯ гуфт:

– Ту мебинӣ, ки Ман ба халқи Исроил марҳамат намуда, онро аз замини Миср баровардам; рафта аз онҳо пурс, ки оё онҳо фармудаҳои Маро иҷро мекунанд?

Мусо аз кӯҳ фаромад ва аз исроилиён пурсид, ки оё онҳо ба овози Худо гӯш медиҳанд? Онҳо ҷавоб доданд:

– Ҳа, ҳамаи он чи Худованд мегӯяд, иҷро мекунем.

Он гоҳ Мусо боз ба кӯҳ рафт ва ба Худо ҷавоби халқро расонд:

– Исроил мегӯяд, ки ҳамаи фармудаҳои Туро иҷро мекунад.

Худо гуфт:

– Ман бо онҳо ба воситаи ту гап мезанам, Мусо. Назди халқ фаромада, ба онҳо фармо, ки ба он чи Ман ба онҳо мегӯям, тайёр бошанд.

Мусо назди исроилиён фуруд омад ва ба онҳо гуфт:

– Пас аз се рӯз овози Худоро мешунавед ва Ӯро дар абр дар болои кӯҳ мебинед. Ба ин тайёр шавед ва либосҳоятонро шӯед, то ки дар назди Худованд бо либосҳои тозаи сафед биистед.

Мусо ҳамчунин фармуд, ки дар атрофи кӯҳ хатте кашанд, то ки ҳеҷ кас тасодуфан ба кӯҳ наздик шуда ё ба он расида натавонад, то ки намурад. Ҳамчун ин чорво набояд ба ин кӯҳ наздик шавад, чунки он бояд бо ҷалоли Худованд пур шавад.

Пас аз се рӯз, пагоҳии барвақт халқ садои ғурриши раъдро шунид, ки аз он одамон ба ларза омаданд. Мусо ба онҳо фармуд, ки аз хаймаҳои худ бароянд ва сӯи Худо нигоҳ кунанд.

Онҳо манзараи даҳшатнокеро диданд. Кӯҳи Сино бо дуд фаро гирифта шуда буд, ва такон хӯрда меларзид, чунки Худованд дар шакли оташ бар қуллаи он фуруд омад. Раъд меғуррид, барқ медурахшид, кӯҳ дуд мекард, ва тамоми халқ аз тарс меларзид.

Худованд ба Мусо гуфт:

– Назди Ман ба қуллаи кӯҳ баро.

Мусо итоат кард ва дар пеши назари тамоми халқ ба кӯҳ баромад. Худо ба ӯ гуфт:

– Ман Худованд, Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ баровардам. Туро худоёни дигар, ғайр аз Ман, набояд бошанд. Барои худ бутҳо насоз. Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун. Номи Парвардигор Худои худро беҳуда ба забон нагир. Рӯзи шанберо дар хотир дор, то ки онро муқаддас шуморӣ. Шаш рӯз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар; вале рӯзи ҳафтум шанбеи Парвардигор Худои ту аст. Падару модари худро эҳтиром намо, то дар сарзамине ки Парвардигор Худоят ба ту медиҳад, умри дароз бинӣ. Одамкушӣ накун. Зино накун. Дуздӣ накун. Дар ҳаққи ёри худ гувоҳии бардурӯғ надеҳ. Ҳеҷ чизи бегонаро тамаъ накун.

Худо суханашро ба охир расонд, ва халқ хурсанд шуд, чунки он овози Худоро бо тарсу ларз гӯш мекард. Ҳангоме ки Мусо аз кӯҳ фаромад, мардум назди у омада,гуфтанд: «Хоҳиш кун, ки Худо ди- гар бо мо гап назанад, чунки моро даҳшат фаро гирифт. Бигузор Худо ба ту гап занад, Мусо, ва ту онро ба мо бигӯ».

Он гоҳ Мусо боз ба абр дар болои кӯҳ даромад ва ба Худо хоҳиши халқро расонд:

– Онҳо метарсанд бори дигар овози Туро шунаванд.

Худо гуфт:

– Хуб аст, ки онҳо аз Ман метарсанд. Ман бо ту гап мезанам, ва ту ба онҳо суханони Маро мерасонӣ.

Худо ба Мусо фармуд, ки ба кӯҳ баромада, дар он ҷо бо Ӯ дар танҳоӣ монад. Мусо чил рӯз дар он ҷо буд ва дар тамоми ин муддат намехӯрд ва наменӯшид, ва Худованд ҳаёти ӯро нигоҳ медошт ва бо ӯ аз абр гап мезад.

Китоби Муқаддас нақл мекунад, ки Худо ба халқи Исроил фармуд, ки барои Ӯ муқаддасгоҳ созад – хаймае ки онро ҷамъ карда, аз ҷое ба ҷое бурдан мумкин аст. Ин хаймаро хаймаи ҷомеъ номиданд. Барои нигаҳдории лавҳаҳои муқаддас – тахтасангҳое ки дар онҳо даҳ аҳком навишта шуда буданд – онҳо бояд аз чӯби ақоқиё қуттие месохтанд ва онро аз дарун ва берун бо тиллои холис мепӯшонданд. Ин қуттиро сандуқи аҳд номиданд.

Баъд Худо ба Мусо ду лавҳаи сангин дод, ки дар онҳо Ӯ Худаш даҳ аҳкомро навишт.

Саволҳо барои муҳокима

5 савол
  1. Худо киро ба қуллаи кӯҳ ҷеғ зад, то ки дар он ҷо бо ӯ сухан ронад?

  2. Чаро дар атрофи кӯҳ хатте кашида шуд?

  3. Чаро халқ дигар намехост овози Худоро шунавад?

  4. Мусо чанд вақт дар болои кӯҳ буд?

  5. Худо ба Мусо чӣ дод, ҳангоме ки бо ӯ сухан ронданро бас кард?

22. Кӯҳи Сино00:00 / 08:52