
Ғуломӣ
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, боби 37:13-36
«Ва мидёниён Юсуфро дар Миср ба Пӯтифар, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, фурӯхтанд…»
Боре Яъқуб Юсуфро ба назди бародаронаш фиристод, ки гӯсфандон ва бузҳоро дар чарогоҳҳо мечаронданд. Ӯ ба Юсуф гуфт:
– Рафта бубин, ки оё аҳволи бародаронат ва рамаҳо хуб аст, ва ба ман ҷавобро биёр.
Юсуф ҳамеша аз иҷро намудани фармудаҳои падари худ шод буд. Ӯ либоси зебояшро пӯшид ва бо падараш хайрухуш кард ва ҳамон замон ба роҳ даромад. Ӯ бо худ на хар гирифт ва на хизматгор.
Юсуф муддати зиёд бародаронашро меҷуст, то даме ки ниҳоят касеро вохӯрд, ки дар куҷо будани бародаронаш ва рамаҳои онҳоро гуфт. Ҳангоме ки Юсуф ба онҳо наздик меомад, онҳо аз дур ӯро диданд ва ба якдигар гуфтанд:
– Инак соҳиби хобҳо меояд; биёед ӯро кушта, ба ягон чуқурӣ мепартоем, ва ба падарамон мегӯем, ки ҳайвони дарандае ӯро пора-пора кардааст. Он гоҳ мебинем, ки оё хобҳои ӯ иҷро мешаванд ё не.
Ҳангоме ки Юсуф назди онҳо омад, онҳо ӯро дастгир карданд. Аммо бародари калонӣ, Реубен, гуфт:
– Ӯро намекушем, хун рехтан лозим нест, биёед ӯро ба чоҳе ки дар ин ҷо, дар биёбон аст, мепартоем. Реубен мехост дертар Юсуфро аз чоҳ озод карда, ба падар бозгардонад. Бародарон розӣ шуданд, ки Юсуфро накушанд. Онҳо либоси ҳаррангаи ӯро бароварданд. Он гоҳ Юсуф фаҳмид, ки бародарон бо ӯ чӣ карданӣ ҳастанд. Юсуф зор-зор гириста, аз онҳо илтиҷо мекард, ки ба ӯ раҳм кунанд ва ба назди падараш сар диҳанд, аммо онҳо ӯро гӯш накарданд, чунки сангдил ва бераҳм буданд.
Ва инак онҳо Юсуфро ба чоҳи чуқур партофтанд. Дар он ҷо ӯ гушна ва хаста буд, ва як қатра ҳам об надошт, ки ташнагияшро рафъ кунад. Юсуф аз он ғамгин буд, ки ҳеҷ гоҳ назди падари дӯстдоштааш барнамегардад!
Ба гиряву зориҳои ӯ нигоҳ накарда, бародарон ба хӯрокхӯрӣ нишастанд. Ва ҳамин вақт онҳо корвонеро диданд. Инҳо савдогарон буданд, ки ба Миср муми гаронбаҳо, баласон ва дигар молҳоро мебурданд. Яке аз бародарон, Яҳудо, аз ҷояш ҷаста гуфт:
– Ман як фикр дорам! Ин корвон ба Миср меравад. Биёед Юсуфро ба ғуломӣ мефурӯшем! Он гоҳ лозим намеояд, ки ӯро кушем, зеро ӯ аз мо хеле дур мешавад.
Ҳангоме ки корвон наздиктар омад, бародарон назди савдогарон шитофтанд.
– Мо ба шумо ғуломеро фурӯхтан мехоҳем. Ин ҷавони зебои 17- сола, солим ва боқувват аст. Дар Миср ба шумо барои ӯ нархи хубе медиҳанд, ва шумо фоида мекунед.
Савдогарон Юсуфро, ки бародарон бо ресмон аз чоҳ кашида бароварданд, аз назар гузаронда, ӯро дар ивази бист тангаи нуқра хариданд.
Пас аз муддате бародарон ба падарашон Яъқуб либоси ҳаррангаи Юсуфро, ки бо хуни бузғолае олуда карда буданд, оварданд ва гуфтанд, ки ҳайвони ваҳшие ба Юсуф дарафтодааст. Яъқуб мудда- ти зиёд барои писари дӯстоштааш мотам гирифт – ҳеҷ чиз наметавонист ӯро дар ин ғам тасалло диҳад …
Саволҳо барои муҳокима
3 саволБародарони Юсуф чӣ нақшаи бад доштанд?
Кадоме аз бародарон Юсуфро наҷот доданӣ буд?
Бародарон бо Юсуф чӣ кор карданд?