Хобҳои Юсуф

Хобҳои Юсуф

Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, боби 37:1-12

«Исроил Юсуфро аз ҳамаи писарони худ зиёдтар дӯст медошт…»

Яъқуб дувоздаҳ писар дошт. Ҳамаи писарон аллакай калонсол буданд. Фақат як писари ӯ – Бинёмин хурдсол буд. Ҳангоми таваллуд шудани ӯ зани Яъқуб, Роҳел, мурд. Дигар писари Роҳел, Юсуф, аз Бинёмин калонтар буд. Ӯ аллакай наврас буд, падари худро дӯст медошт ва аз ҳама ҷиҳат ба ӯ итоаткор буд.

Даҳ писари калонсоли Яъқуб рамаҳои бузҳо ва гӯсфандонро мечаронданд. Рафтори онҳо бисёр вақт нодуруст буд, ва падар аз ин шод набуд. Юсуф ҳангоми бо онҳо буданаш аз рафтори нодурусти онҳо норозӣ шуда, дар ин бора ба падараш мегуфт. Чунин рафтори Юсуф бародаронашро меранҷонд, аз ҳамин сабаб онҳо бисёр вақт бо ӯ бад муомила мекарданд. Яъқуб низ дар навбати худ нисбат ба писарони калонӣ нодуруст рафтор менамуд,

зеро Юсуфро беш аз ҳамаи фарзандони дигар дӯст медошт. Чунин рафтори падар боиси нафрат ва ҳасади онҳо мешуд.

Боре Яъқуб фармуд, ки барои Юсуф либоси махсусан зебои ҳарранга дӯзанд. Ин боиси ҳасади бештари бародарон шуд.

Гоҳо Юсуф хобҳои ғайриодӣ медид ва онҳоро ба бародаронаш нақл менамуд. Боре ба хоби ӯ даромад, ки ӯ бо бародаронаш дар байни саҳро бандҳо мебандад. Ва бандҳое ки бародаронаш баста буданд, ба банди ӯ таъзим карданд. Юсуф аз ин хоб хеле ҳайрон шуд ва онро ба бародаронаш нақл кард.

Онҳо хеле хашмгин шуданд ва гуфтанд:

– Наход ту фикр кунӣ, ки мо ба ту таъзим мекунем?

Ба зудӣ Юсуф боз як хоб дид. Офтоб, моҳ ва ёздаҳ ситора ба ӯ таъзим карданд. Ин хоб ӯро боз бештар ҳайрон кард. Ӯ онро ба падар ва бародарони худ нақл кард.

Падар ӯро сарзаниш карда, гуфт:

– Наход ту фикр кунӣ, ки офтоб – ман, моҳ – модарат ва ёздаҳ ситора – бародаронат мебошанд, ва ҳамаи мо омада ба ту то замин таъзим мекунем?

Лекин Яъқуб ин хобро дар ёд нигоҳ дошт. Бародарон бошанд боз бештар аз Юсуф хашмгин шуда, ба ӯ ҳасад мебурданд: «Юсуф ҳавобаланд шуда, худро бузург меҳисобад. Аммо мо ҳоло ба ӯ нишон медиҳем!» – қарор доданд бародарон.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Яъқуб чанд писар дошт?

  2. ё Юсуфро писари дӯстдоштаи худ кардани Яъқуб дуруст буд?

  3. Чаро хобҳои Юсуф бародаронашро хашмгин карданд?

14. Хобҳои Юсуф00:00 / 04:29