
Дар Миср
Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, бобҳои 39, 40, 41
«Парвардигор бо Юсуф буд; ва ҳар он чи ӯ мекард, Парвардигор дар дасти ӯ муваффақият меовард.»
Савдогарон Юсуфро ба Миср оварданд ва ӯро ба Фӯтифар, амалдори фиръавн, сардори посбонон фурӯхтанд. Юсуф зуд забони мисриро аз худ кард, ӯ дар ҳамаи корҳо хеле моҳир буд ва ба зудӣ сардори ғуломони хонаи Фӯтифар шуд. Юсуф аз он шод буд, ки Худо дар ин кишвари бегона ӯро тарк накарда буд ва ба ӯ мадад мерасонд.
Фӯтифар хоҷаи нек буд. Аммо ӯ бисёр вақт дар хона набуд. Ва зани ӯ маккор буд. Ӯ Юсуфро дар он чи ӯ накарда буд, айбдор намуд. Барои ин ӯ ба зиндон афтид, аммо Худо дар он ҷо низ ӯро тарк накард.
Сардори зиндон пай бурд, ки Юсуф шахси боваринок аст, ва ӯро нигаҳбони маҳбусон таъйин намуд. Боре ду маҳбус хобҳое диданд, ки онҳоро хеле ба изтироб оварданд.
– Агар Худо ба ман гӯяд, ки хобҳои шумо чӣ маъно доранд, ман ба шумо ёрӣ медиҳам, – пешниҳод намуд Юсуф. – Канӣ ба ман хобҳоятонро нақл кунед.
Ва ҳангоме Юсуф шунид, ки онҳо чӣ хобҳо дидаанд, бисёр фикр карданаш лозим наомад. Худо ба ӯ маънои ин хобҳоро гуфт.
Пас аз муддате, тамоман дар дигар хона, дур аз зиндон, дар ҳуҷраи олидараҷаи хоб боз як шахси дигар хобҳои аҷиб дид: ин подшоҳи Миср – фиръавн буд. Ӯ дар хоб медид, ки чӣ тавр ҳафт модагов аз дарёи Нил баромаданд. Онҳо солим ва фарбеҳ буданд ва дар соҳил оромона мечариданд. Баъд аз дарёи Нил боз ҳафт модагов баромаданд, онҳо чунон хароб буданд, ки устухонҳои онҳоро ҳисоб кардан мумкин буд. Ва модаговҳои хароб модаговҳои фарбеҳро хӯрданд, аммо аз ин онҳо фарбеҳтар нашуданд.
Пас аз ин хоб фиръавн боз хоб рафт, ва боз хобе дид. Ин дафъа ӯ дид, ки ҳафт хӯшаи солим ва некӯ дар як поя сабзида баромаданд. Хӯшаҳо калон ва пурбор буданд. Аммо ногоҳ ҳафт хӯшаи дигар пайдо шуданд, ки хушк ва холӣ буданд. Ва инак, ин хӯшаҳои холӣ хӯшаҳои пурборро хӯрданд. Дидани ин даҳшатовар буд.
Подшоҳ арақи хунук карда бедор шуд, ӯро изтироби нофаҳмо фаро гирифта буд. Ӯ фаҳмид, ки ин хобҳо бесабаб набуданд, аммо онҳо чӣ маъно доранд?
Фиръавн дар ин бора фикр кард, аммо маънидоди муносибро намеёфт. Ӯ ба ҳамаи ҳакимони Миср фармуд, ки дарҳол ба қаср ҳозир шаванд. Ҳангоме ки ҳама ҷамъ шуданд, ӯ ба онҳо хобҳои худро нақл кард. Лекин ҳеҷ кадоми ҳакимон ин хобҳоро маънидод карда натавонист. Фиръавн хашмгин шуда, ҳамаи онҳоро пеш кард. Он гоҳ хизматгори фиръавн, ки ҳамроҳи Юсуф дар зиндон буд, ӯро ба ёд овард, зеро ӯ хоби вайро дуруст маънидод карда буд. Ӯ ба фиръавн дар бораи ӯ нақл кард, ва фиръавн фармуд, ки дарҳол Юсуфро назди ӯ биёранд.
– Пас ту хобҳоро маънидод карда метавонӣ? – пурсид фиръавн аз Юсуф.
– Не, ман инро наметавонам, – ҷавоб дод Юсуф, – аммо Худо маънои онҳоро ба ман мегӯяд.
Ва фиръавн ба ӯ ҳамаи он чи дар хоб дид, нақл кард.
– Ҳар ду хоб ҳамон як маъно доранд, – гуфт ӯ. – Ҳафт модагови фарбеҳ, чун ҳафт хӯшаи пурбор, ки ту дидӣ, маънои ҳафт соли фаровонӣ дар Мисрро доранд. Ва модаговҳои хароб ва хӯшаҳои хушку холӣ ба ҳафт соли қаҳтӣ ва гуруснагӣ ишора мекунанд, ки баъд фаро мерасанд. Гуруснагӣ чунон сахт мешавад, ки ба зудӣ пас аз сар шудани он нишоне аз фаровонии пештара намемонад. Ва ду хоб бо ҳамон як маъно дидани ту дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки Худо ҳатман он чиро, ки ман ҳозир ба ту гуфтам, ба ҷо меоварад.
Фиръавн хеле парешонҳол метофт.
– Оё ҳеҷ илоҷе нест, ки ин балои ба кишварамон таҳдид мекардаро пешгирӣ намоем?
– Ҳаст! – ҷавоб дод Юсуф. –Қаҳтӣ ва гуруснагӣ ҳатман фаро мерасад, аммо ту бояд ба он тайёр шавӣ. Ман ба ту маслиҳат медиҳам, ки як шахси хирадмандеро нозири захираҳои ғалла таъйин намоӣ. Дар давоми ҳафт сол ӯ бояд ғаллаи зиёдатиро харида дар анборҳои махсус нигоҳ дорад. Ва ҳангоме ки хушксолӣ фаро мерасад, нон кифоя хоҳад буд.
Ин пешниҳод ба фиръавн маъқул шуд. Ӯ бархест ва ба Юсуф гуфт:
– Аз баски Худо ҳамаи инро ба ту ошкор кардааст, шахсе мисли ту хирадманд ва оқил нест; тамоми халқи ман аз рӯи сухани ту амал хоҳад кард. Ман туро бар тамоми замини Миср ҳоким таъйин мекунам. Ман фақат аз ҷиҳати тахту тоҷ аз ту болотар мешавам.
Ҳамчун нишонаи он ки ба Юсуф чунин қудрат дода шуд, фиръавн нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба дасти Юсуф пӯшонид. Ва ба ӯ либоси гаронбаҳо пӯшонд, ва занҷираи тилло бар гарданаш овехт. Фиръавн ба ӯ ароба тӯҳфа кард, ва ҳамаи одамоне ки ба ӯ рӯ ба рӯ мешуданд, бояд ба ӯ таъзим менамуданд.
Ҳамин тавр фиръавн Юсуфро ҳокими Миср таъйин намуд. Идоракунии кишварро ба даст гирифта, Юсуф бояд бисёр меҳнат мекард. Ӯ фармуд, ки дар тамоми кишвар анборҳои калони ғалла созанд. Ӯ вақти худро ба дилхушиҳо ва базмҳо сарф намекард, балки доимо дар хусуси некӯ аҳволии халқ ғамхорӣ менамуд.
Юсуф аз Худо хеле миннатдор буд, ки ин гуна ба таври муъҷиза ӯро аз зиндон озод кард. Аммо ӯ на аз он шод буд, ки либосҳои гаронбаҳо мепӯшид ва қудрати зиёд пайдо намуд, балки аз он ки имконият пайдо намуд одамонро аз гуруснагӣ наҷот дода, ба онҳо некӯкорӣ кунад. Ба зудӣ Юсуф оиладор шуд, ва соҳиби ду писар гардид. Ӯ бисёр вақт падари пиронсолашро ба ёд меовард ва умедро аз даст намедод, ки ягон вақт боз бо ӯ вомехӯрад. Ӯ ҳамчунин бародаронашро ба ёд меовард, бо умеди он ки онҳо аз бадкирдории худ пушаймон шуда бошанд. Ӯ дар дил аз онҳо нафрат надошт, чунки медонист, ки маҳз Худо роҳ дод, ки ӯ ба ғуломӣ фурӯхта шавад. Ва Худо инро барои он кард, ки натанҳо мисриён, балки тамоми аҳли оилаи Яъқубро аз гуруснагӣ наҷот диҳад.
Саволҳо барои муҳокима
3 саволСавдогарон, ки Юсуфро аз бародарон хариданд, ӯро куҷо бурданд?
Онҳо Юсуфро ба кӣ фурӯхтанд?
Чӣ тавр Худо ба Юсуф дар Миср мадад мерасонд?